Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 аз 2 апрели соли 2015 № 178

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 178

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 178

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020

1. Муқаддима

1. Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 ин системаи ҳадафҳои афзалиятнок, вазифа ва принсипҳое мебошад, ки асоси сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тарбия ва маърифати экологӣ ташкил дода, самтҳои асосии татбиқи он ва ташаккул додани маърифати экологии ҷомеаро муайян мекунад.

2. Барнома ба рушди низоми бефосилаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ равона карда шудааст. Он барои тарбияи инсоне, ки муҳимияти мушкилоти муҳити зистро дарк мекунад ва дорои дониш, маҳорат ва малакаи зарурӣ буда, барои аз ҷиҳати экологӣ дуруст ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат заруранд, пешбинӣ шудааст.

3. Барнома дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист", "Дар бораи маориф", "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия шудааст.

4. Барнома ҳадафҳои дарозмӯҳлат, вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки татбиқи онро муайян менамояд. Ои барои ҳамкории мутақобилаи самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунии шаҳракҳо ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, ҳифзи табиат, илмии ҳамаи намуд ва сатҳҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи маърифати экологӣ хизмат мекунад.

Ҳуҷҷати мазкур хусусияти ҷамъиятӣ дошта, барои мусоидат намудан ба танзими асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ дар соҳаи тарбия ва маърифати экологӣ пешбинӣ гардидааст.

2. Ҳолат ва дурнамои рушди маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи тарбия ва маърифати экологӣ ташкил карда шудааст. Таркибҳои асосии системаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аллакай амал мекунанд, вале ба рушди минбаъда ниёз доранд. Дар асоси қонунгузории амалкунанда заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ таҳия карда шудааст. Аз соли 2011 дар қаламрави мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ" қабул гардидааст.

...

Приложение 1

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 апреля 2015 года, №178

Приложение 1

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 апреля 2015 года, №178

Государственная комплексная программа развития экологического воспитания и образования населения Республики Таджикистан на период до 2020 года

1. Введение

1. Государственная комплексная программа развития экологического воспитания и образования населения Республики Таджикистан на период до 2020 года это система приоритетных целей, задач и принципов, составляющая основу государственной политики Республики Таджикистан в области экологического образования и просвещения, определяющая основные направления ее реализации и формирования экологической культуры общества.

2. Программа направлена на развитие системы непрерывного экологического образования и воспитания населения. Она предусматривает создание условий для воспитания человека, осознающего значение проблем окружающей среды, обладающего знаниями, умениями и навыками, необходимыми для экологически грамотного решения задач социально- экономического развития страны.

3. Программа основана на Конституции Республики Таджикистан, законах Республики Таджикистан "Об охране окружающей среды", "Об образовании", "Об экологическом образовании населения" и иных нормативных правовых актах Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

4. Программа определяет долгосрочные цели, задачи, приоритетные направления ее реализации. Она служит основой для конструктивного взаимодействия органов государственной власти, органов местного самоуправления поселков и сёл, образовательных, культурных, природоохранных, научных учреждений всех типов и уровней, коммерческих организаций и общественных объединений в области экологического образования.

Данный документ носит общественный характер и призван содействовать регулированию правовых, экономических и организационных основ в области экологического образования и просвещения. 

2. Состояние и перспективы развития экологического образования в Республике Таджикистан

5. В Республике Таджикистан создана система экологического воспитания и образования. Основные компоненты системы экологического воспитания и образования населения в республике уже действуют, однако нуждаются в дальнейшем развитии. На основе действующего законодательства разработана нормативная правовая база в области экологического образования населения. С 2011 года в Республике Таджикистан был принять Закон Республики Таджикистан "Об экологическом образовании населения".

...