×

Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020 аз 28 феврали соли 2015 № 101

Санаи амалкуни: 28.02.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2015, № 101

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 феврали соли 2015, № 101

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.05.2019 № 240)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.05.2019 № 240)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020 (минбаъд - Барнома) ба муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди мақомоти адлия нигаронида шуда, бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 284 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 зикр гардидаанд" таҳия гардидааст, ки амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд ва ба афзалиятҳои асосии Барномаи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ҷавобгӯ мебошад.

2. Барномаи ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди мақомоти адлия муайян менамояд.

3. Ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ташаккули минбаъдаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бо инобати баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешбинӣ менамояд. Бо дарназардошти ин омилҳо пурзӯр намудани нақши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати адлия) ва ба он додани мақоми муосиру пешрафта, ки вазоратҳои адлияи давлатҳои мутараққии ҷаҳон доранд, мувофиқи мақсад мебошад.

4. Низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, мувофиқан амалияи татбиқи ҳуқуқ низ дигаргун шуда истодааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, чун дар ҳама кишварҳои дунё, ки дар онҳо принсипи волоияти ҳуқуқ ҳукмфармост, Вазорати адлия яке аз ҷойҳои муҳимтаринро ишғол намудааст ва ҳоло мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва он амалигардонии сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, нотариати давлатӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тарғиботи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ташхиси судӣ - криминалистӣ, инчунин дигар соҳаҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои мақомоти адлияро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.05.2019 № 240).

5. Дар баробари ин як қатор масъалаҳои ҳуқуқие мавҷуданд, ки ба доираи ваколатҳои Вазорати адлия шомил нагардидаанд. Яке аз вазифаҳои мукаммал ва беҳтарнамоии фаъолияти ҳуқуқӣ ин муттаҳиднамоии он ба доираи ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқ маҳсуб мегардад. Зеро айни ҳол дар таҷриба таснифоти фаъолияти ҳуқуқӣ дар идоракунии давлатӣ ба назар мерасад ва татбиқи онҳо аз ҷониби мақомоте амалӣ мешаванд, ки ба доираи ваколатҳои онҳо фаъолият дар соҳаи ҳуқуқ дохил намешавад.

6. Зарурати ислоҳоти мукаммали соҳаи ҳуқуқии ҷомеа аз он бармеояд, ки татбиқи таҷдиди низоми иқтисодӣ ва сиёсии он таъсиси инфрасохтори комилан мувофиқи ҳуқуқиро тақозо дорад. Дар ин асос ислоҳоти ҳуқуқӣ бояд дар радифи тағйироти иқтисодию сиёсии дар кишвар амалӣ гардидаистода ҳамоҳанг бошад ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо аз онҳо пешсаф бошад, то ин ки ислоҳоти татбиқшавандаро дар доираи меъёрҳо танзим намояд.

...

Утверждена

 постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 28 февраля 2015 года, № 101

Утверждена

 постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 28 февраля 2015 года, № 101

Программа развития системы юстиции на 2015 -2020 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 07.05.2019г.№240)

(в редакции постановления Правительства РТ от 07.05.2019г.№240)

1. Общие положения

1. Программа развития системы юстиции на 2015 - 2020 годы (далее - Программа) направлена на определение целей, приоритетов и мер для реформы и развития органов юстиции и разработана в целях реализации постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2014 года, №284 "О Плане мероприятий по выполнению задач, указанных в Послании Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 23 апреля 2014 года", осуществление которого содействует решению важных аспектов правовой реформы Таджикистана в современном мире и соответствует основным приоритетам Программы национального развития Республики Таджикистан до 2015 года.

2. Программа основана на нормах Конституции Республики Таджикистан и определяет цели, приоритеты и меры по реформе и развитию органов юстиции.

3. Формирование демократического и правового государства предусматривает дальнейшее формирование прав и свобод человека и гражданина, с учётом повышения уровня ответственности во всех сферах жизни общества. С учётом этих факторов, целесообразно укрепление роли Министерства юстиции Республики Таджикистан (далее Министерство юстиции) и передача ему современного и передового статуса, которого имеют министерства юстиции развитых государств.

4. Правовая система Таджикистана всерьез изменилась в период Государственного суверенитета и соответственно также изменяется практика реализации права. В суверенном Таджикистане, как и в других государств мира, в которых царит принцип верховенства закона, Министерство юстиции занимает одну из важнейших мест и данное время является центральным органом исполнительной власти Республики Таджикистан, обеспечивающее проведение государственной политики и нормативно-правового регулирования в сфере нормотворчества, правовой помощи гражданам, государственного, нотариата, записи актов гражданского состояния, правовой пропаганды, исполнения уголовного наказания, судебно-криминалистической экспертизы, а также других сфер, относящихся деятельности подразделений органов юстиции, установленных законодательством Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 07.05.2019г.№240).

5. Вместе с тем, существуют ряд правовых вопросов, не входящих в компетенцию Министерства юстиции. Одним из задач совершенствования и улучшения правовой деятельности является его объединение в сферу компетенции органов управления государства в сфере права. Так как в настоящее время на практике очевидно разделение правовой деятельности в управлении государством, и оно реализуются органами, в полномочия которых не входит деятельность в правовой сфере.

6. Необходимость обширной реформы правовой среды общества исходит из того, что реализация преобразования экономической и политической системы требует создания полной соответствующей правовой инфраструктуры. На этой основе правовая реформа должна осуществляться гармонично с реализующимися в республике экономическо-политическими изменениями и даже в некоторых случаях опередить их для регулирования принимаемых реформ в рамках норм.

...