Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014 № 811
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014 № 811
тасдиқ шудааст
РЕГЛАМЕНТИ ТЕХНИКИИ БЕХАТАРИИ ХӯРОКИ ЧОРВО ВА ИЛОВАГИҲОИ ОН
1. Муқаррароти умумӣ
1. Регламенти техникии бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он (минбаъд - Регламенти техникӣ) талаботро нисбати бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки барои парвариши ҳайвоноти маҳсулотдиҳанда ва бемаҳсул пешбинӣ шудаанд, инчунин нисбати ашёи хом, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, истифодаи партовҳо ва нобудсозии онро, муқаррар менамояд.
2. Регламенти техникии мазкур ба хӯроки чорво ва иловагиҳои истеҳсолшуда (тайёркардашуда) ва овардашуда (воридотӣ), инчунин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилот ба сифати хӯрокаи ҳайвонот, маҳсулотҳои нимтайёр ё ашёи хом, истеҳсоли дигар хӯрокаҳо, новобаста аз технологияи истифодаашон пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешавад. Регламенти техникии мазкур барои хӯроки чорво ва иловагиҳои он, ки дар шароити хонагӣ истеҳсол шуда, барои истифодаи шахсӣ пешбинӣ шудаанд ва аз маҳсулоти растанигӣ ва/ё дигар маҳсулоти ба таври генетикӣ тағйирдодашуда тайёр шудаанд, татбиқ карда намешавад.
3. Талаботи Регламенти техникии мазкур ба фаъолияти ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истеҳсол (тайёркунӣ), интиқол, нигоҳдорӣ, фуруши хӯроки чорво ва иловагиҳои он иштирок менамоянд, татбиқ карда мешавад.
4. Дар Регламенти техникии мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он - ҷой надоштани хатарҳои нораво дар ҳамаи равандҳои (марҳилаҳои) коркард (тайёр кардан), истеҳсол, гардиш (муомилот), истифодаи партовҳо ва нобудсозии хӯроки чорво ва иловагиҳои он;
- организмҳои ба таври генетикӣ тағйирдодашуда - организмҳои зинда (растаниҳо, ҳайвонот, бактерияҳо, вирусҳо), ки бо ёрии муҳандисии генӣ сохта шудаанд;
- хӯроки ғурушакардашудаи чорво (дона-донашуда) - хӯроки резаи пресскардашудаи дорои шакл ва андозаи муайян, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дорои моддаҳои хушк мебошанд;
- хӯроки дурушти чорво - хӯроке, ки дорои на зиёда аз 22% намӣ ва на зиёда аз 0,65 воҳиди хӯрокӣ мебошад;
...