Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 аз 5 январи соли 2015 № 327

Санаи амалкуни: 03.09.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 январи соли 2015 № 327

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 январи соли 2015 № 327

тасдиқ шудааст

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017

(Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750)

(Фармони Президенти ҶТ аз 3.09.2016 № 750)

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 (минбаъд - Барнома) идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таҳия гардидааст.

Мақсади асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, соддагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардошташ нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилотҳо, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии кишвар мебошад.

Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, № 976 тасдиқ гардида буд, масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилияти судҳо, баланд бардоштани масъулияти судяҳо ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо, рушди қонунгузории соҳа, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии баландихтисос, ислоҳоти низоми мавҷудаи адвокатура пешбинӣ шуда буданд.

Барои таъмини иҷрои Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла оид ба ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ гардида, дар ин раванд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Инчунин Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, таҳияи лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 бо мақсади идома додани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар, таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилият, такмили сохтор ва фаъолияти он, рушди қонунгузории соҳа қабул карда мешавад.

1. Рушди қонунгузории мурофиавӣ

...

Утверждена

Указом Президента РТ

Республики Таджикистан

от 5 января 2015 года, № 327

Утверждена

Указом Президента РТ

Республики Таджикистан

от 5 января 2015 года, № 327

Программа судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан на 2015-2017 годы

(в редакции Указ Президента РТ от 03.09.2016г.№750)

(в редакции Указ Президента РТ от 03.09.2016г.№750)

Программа судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан на 2015-2017 годы (далее - Программа) является продолжением судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан и разработана на основе Послания Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 23 апреля 2014 года.

Основной целью судебно-правовой реформы является дальнейшее укрепление судебной власти, упрощение хода судебного процесса, повышение роли суда в защите прав и свобод человека и гражданина, защита интересов государства, организаций, обеспечение законности и справедливости и на этой основе совершенствование деятельности судебных органов Республики Таджикистан.

В Программе судебно-правовой реформы, утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 3 января 2011 года, №976, были предусмотрены вопросы дальнейшего совершенствования судебной структуры, укрепление независимости судей, повышение ответственности судей и улучшение их социального положения, развитие законодательства отрасли, обеспечение доступа граждан к высококвалифицированной правовой помощи, реформирование существующей системы адвокатуры.

Для обеспечения исполнения данной Программы разработаны ряд мероприятий, в том числе по правильной расстановке кадров отрасли, повышению уровня их квалификации, решению других организационных вопросов судебной деятельности и в этом процессе приняты конституционные законы "О Конституционном суде Республики Таджикистан", "О судах Республики Таджикистан", Процессуальный кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях и законы о внесении ряда изменений и дополнений в соответствующие законы Республики Таджикистан. Также принят Кодекс чести судьи Республики Таджикистан в новой редакции.

Также находится на рассмотрении Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан проект Закона Республики Таджикистан "Об адвокатуре и адвокатской деятельности" и ведётся работа по разработке Уголовного кодекса Республики Таджикистан.

В целях продолжения судебно-правовой реформы в стране, дальнейшего укрепления судебной власти, обеспечения независимости, совершенствования ее структуры и деятельности, развития законодательства отрасли принимается Программа судебно - правовой реформы в Республике Таджикистан на 2015-2017 годы.

1. Развитие процессуального законодательства

...