Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 № 1167 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.1, мод.6; мод.7; с.2010, №1, мод.6; с.2012, №7, мод.721; с.2014, №7, қ.1, мод.388), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми 1 моддаи 139 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Агар судя, муайян намояд, ки аризаи даъвогӣ ба суд бе риояи талаботи моддаҳои 134 ва 135 Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, оид ба беҳаракат монондани ариза таъинот қабул мекунад ва ба аризадиҳанда барои ислоҳи норасоиҳо мӯҳлат медиҳад. Нусхаи таъиноти мазкур дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи қабул гардиданаш ба аризадиҳанда супорида мешавад.".

2. Моддаи 232 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 232. Ба шахсони иштирокчии парванда супоридани нусхаи таъинот

Ба шахсони иштирокчии парванда нусхаи таъинот дар бораи мавқуф гузоштан ё боздоштани баррасии парванда мувофиқи дархосташон ва нусхаи таъинот дар бораи қатъи истеҳсолот оид ба парванда ё бе баррасӣ монондани ариза бошад, дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи қабул гардиданаш ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда, супорида мешавад.".

3. Дар моддаи 361 калимаҳои "қабул кардани" ба калимаҳои "ба шахсони иштирокчии парванда супоридани нусхаи" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

31 декабри соли 2014 № 1167

ш.Душанбе

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ГРАЖДАНСКИЙ ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Гражданский процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч.1, ст.6; ст.7; 2010 г., №1, ст.6; 2012 г., №7, ст.721; 2014 г., №7, ч.1, ст.388), следующие изменения:

1. Часть 1 статьи 139 изложить в следующей редакции:

"1. Если судья установит, что заявление подано в суд без соблюдения требований, изложенных в статьях 134 и 135 настоящего Кодекса, выносит определение об оставлении заявления без движения, и предоставляет заявителю срок для исправления недостатков. Копия настоящего определения вручается заявителю не позднее трех дней со дня его вынесения.".

2. Статью 232 изложить в следующей редакции:

"Статья 232. Вручение лицам, участвующим в деле, копий определения

Лицам, участвующим в деле, копии определения о приостановлении или откладывании рассмотрения дела вручается по их требованию, а копии определения о прекращении производства по делу либо об оставлении заявления без рассмотрения в заверенной соответствующим образом форме вручаются в срок не более трех дней со дня его вынесения.".

3. В статье 361 слово "вынесения" заменить словами "вручения лицам, участвующим в деле, копий".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 31 декабря 2014 года, № 1167

г. Душанбе,

...