Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" декабри соли 2014, № 737
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" декабри соли 2014, № 737
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ҚОЛИНБОФӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2020
Муқаддима
1. Қолинбофӣ яке аз зерсоҳаҳои саноати сабук ба ҳисоб рафта, дар заминаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, барои қонеъ гардонидани талаботи афзуншаванда ба маҳсулот дар бозорҳои дохилию хориҷӣ, мусоидат менамояд.
2. Мақсади рушди соҳаи қолинбофӣ дар Тоҷикистон на танҳо бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, балки барои эҳёи анъанаҳои миллии халқи тоҷик мебошад, ки дар таърихи Осиёи Марказӣ қолинҳоро тавассути дастгоҳҳои махсус ба таври дастӣ бо риоя ва истифодаи нақшу нигорҳои миллӣ мебофтанд ва он қисми ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ арзёбӣ мегардид.
3. Маълум аст, ки солҳои 50-70 - уми асри гузашта корхонаҳои хурду миёнаи сӯзанию қолинбофӣ дар шакли артел амал мекарданд, аммо бо мурури замон бо талаботи афзуншавандаи аҳолӣ ба ин маҳсулот истеҳсоли саноатии қолинҳо ба миён омада, тадриҷан қолинбофии дастӣ аз байн рафт.
4. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи баамаломада, аз ҷониби давлат дар самти ҳавасмандгардонии рушди корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи саноати сабук дар тамоми ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳамаи ин ба рушди соҳибкорӣ мусоидат намуда, имкон дод, ки ҳаҷми ашёи хоми маҳаллӣ, махсусан пӯст ва пашми чорво дар дохили мамлакат коркард шуда, ҳаҷми маҳсулоти нимтайёр ва тайёр зиёд гардад.
5. Бо мақсади таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи қолинбофӣ, ташкил ва ҷойгир намудани як қатор корхонаҳои хурд оид ба коркарди аввалияи пашми чорво ва истеҳсоли қолинҳои дастӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат пешбинӣ шудаанд.
6. Айни замон, саноати қолинбофии мамлакатро ҶСК "Қолинҳои Қайроққум", ки аз соли 1960 ба фаъолият шурӯъ намуда, истеҳсоли риштаҳои пашмин ва нимпашмин, матоъҳои техникӣ ва қолинҳоро ба роҳ мондааст ва ҶДММ "Қолинҳои Сомон", ки субъектҳои соҳибкории хусусӣ мебошанд, муаррифӣ менамоянд.
7. Бо мақсади баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, паст намудани арзиши аслӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулот дар бозор, соли 2012 корхона таҷҳизоти нави қолинбофии тамғаи "ALFA - 360" истеҳсоли Олмон, таҷҳизоти пардоздиҳии тамғаи "Анмак" истеҳсоли Туркия ва аз ширкати "Ван-де-Вил" (Белгия) таҷҳизоти бофандагиро ворид ва васл намуд.
8. Дар давоми солҳои охир, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар соҳа мушкилоти зерин ҳалли худро наёфтанд:
...