Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" декабри соли 2014, № 738
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" декабри соли 2014, № 738
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2017 № 439)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.09.2017 № 439)
1. Муқаддима
1. Бахши сайёҳӣ ҳамчун падидаи нави иқтисодиёт ва яке аз самтҳои сердаромадтарини он дар ҷаҳони муосир арзёбӣ мегардад. Солҳои охир, даромаднокии ин бахш аз даромаднокии саноати нафту газ, автомобилсозӣ ва кимиё баландтар баҳогузорӣ гардида, ба ин соҳа таваҷҷӯҳ бештар шуда истодааст.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ чораҳои мушаххас қабул ва анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, якчанд минтақаҳои байналмилалии сайёҳӣ ташкил карда шуда, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тиҷоратии ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохта, ба истифодаи умум пешниҳод карда шуданд.
3. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сол аз сол ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст. Аммо новобаста аз ин, захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ истифода нагардида, ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ ҷавобгӯ намебошанд, ҳамчунин шароити мусоид барои сайёҳон ба таври кофӣ муҳайё карда нашудааст. Аз ин рӯ, хеле сари вақт ва мақсаднок мебуд, ки ислоҳот дар ин соҳа идома дода шавад, то ки саҳми бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври назаррас зиёд шавад.
4. Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 (минбаъд , Барнома) стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм дар давраи миёнамӯҳлат муайян менамояд.
5. Дар доираи Барнома аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми туризми воридотӣ ва дохилӣ амалигардонии тадбирҳо баҳри ташаккули саноати рақобатпазирии туристӣ пешбинӣ шудааст.
...