ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ (ИФРОТГАРОӢ)"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод. 697; с. 2007, №3, мод. 158) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
2. Дар зербанди в) қисми якум ва қисми чоруми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 19 калимаи "яроқ" ба калимаи "силоҳ" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
27 ноябри соли 2014 № 1146
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)" қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Миралиев
ш.Душанбе, 7 ноябри соли 2014, 1642
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 737
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О БОРЬБЕ С
ЭКСТРЕМИЗМОМ"
Статья 1. Статью 2 Закона Республики
Таджикистан от 8 декабря 2003 года "О борьбе с экстремизмом" (Ахбори Маджлиси
Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №12, ст. 697; 2007 г., №3, ст. 158)
изложить в следующей редакции:
"Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о борьбе с
экстремизмом
Законодательство Республики Таджикистан о борьбе с экстремизмом основывается
на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, иных
нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых
актов, признанных Таджикистаном.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального
опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали
Рахмон
г. Душанбе,
от 27 ноября 2014 года, № 1146
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН
МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в
Закон Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики
Таджикистан "О борьбе с экстремизмом".
Первый заместитель Председателя
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан А. Миралиев
г. Душанбе, 7 ноября 2014 года, №1642
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ
МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон
Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон
Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом", Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон
Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г. Душанбе, 20 ноября 2014 года, № 737