Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 № 696 "Дар бораи истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2025, № 454 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ

Мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бинобар таҷдиди сохтори корхонаҳои кишоварзӣ ва дар заминаи онҳо таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин тағйирёбии саршумори чорвои ҷамъиятию шахсӣ, бо мақсади дар оянда самаранок ва оқилона истифода бурдани чарогоҳҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Заминҳои чарогоҳҳои мавсимии шаҳру ноҳияҳо дар марзи маъмурии шаҳру ноҳияҳои дигар ба мӯҳлати 10 (даҳ) сол мутобиқи замима ба шаҳру ноҳияҳо вобаста карда шаванд.

2. Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чарогоҳҳои мавсимиро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар заминистифодабарандагон вобаста намоянд.

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи заминҳои роҳҳои чорвогузар ва майдонҳои хӯрокдиҳии чорворо мувофиқи таъинот таъмин намояд.

4. Ба маълумот гирифта шавад, ки:

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, қи ба онҳо чарогоҳҳои мавсимӣ вобаста шудаанд, барои таъмини пардохти андози замин (андози ягона) дар баробари заминистифодабарандагон масъул мебошанд;

- мақомоти андози шаҳру ноҳияҳои дахлдор ӯҳдадор мебошанд, ки барои соли гузаштаи ҳисоботӣ на дертар аз санаи 1 апрели соли минбаъда дар бораи ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет санад тартиб диҳанд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003, № 249 "дар бораи истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 октябри соли 2014 № 696

ш. Душанбе