Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2014 № 131 "Дар бораи ҳамкорӣ ва дастгирии молиявии иттиҳодияҳои динӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳамкорӣ ва дастгирии молиявии иттиҳодияҳои динӣ

Бо мақсади амалӣ намудани ҳамкории судманди давлат бо иттиҳодияҳои динӣ ҷиҳати таъмини озодии эътиқод, тарбияи ахлоқию маънавии шаҳрвандон ва дастгирии молиявии иттиҳодияҳои динӣ ва ходимони дин, фармон медиҳам:

1. Аз 1 январи соли 2014 дар асоси шартномаҳои дутарафа маоши моҳонаи раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва халифаҳо тибқи замима муайян карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амали гардидани Фармони мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

24 январи соли 2014 № 131

*3амима дар нусхаи асл

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О СОТРУДНИЧЕСТВЕ И ФИНАНСОВОЙ ПОДДЕРЖКЕ РЕЛИГИОЗНЫХ ОБЪЕДИНЕНИЙ

В целях реализации взаимовыгодного сотрудничества государства с религиозными объединениями, направленного на обеспечение свободы вероисповедания, нравственно-идеологической воспитания граждан и финансовой поддержки религиозных объединений и религиозных деятелей, постановляю:

1. С 1 января 2014 года на основании двусторонних договоров определить месячный оклад председателя Исламского центра Республики Таджикистан, главных хатибов центральных соборных мечетей, имамхатибов соборных мечетей и халифов согласно приложению.*

2. Министерству финансов Республики Таджикистан и Комитету по делам религии, упорядочению национальных традиций, торжеств и обрядов при Правительстве Республики Таджикистан принять необходимые меры по реализации настоящего Указа.

Президент

Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 24 января 2014 года, № 131

* Приложение при оригинале