ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИИ ИСЛОМӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ.2, мод. 405)
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1627, аз 20.06.2024 № 2073)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ фароҳам месозад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;
- фаъолияти бонкии исломӣ - аз ҷониби ташкилотҳои қарзии исломӣ анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ ва аҳдҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст;
- принсипҳои маблағгузории исломӣ - амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ бо риояи стандартҳое, ки ба меъёрҳои ҳуқуқии исломӣ асос ёфта, нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ татбиқ мегарданд;
- стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ - маҷмӯи қоидаҳое, ки Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ маъқул дониста, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд ва тибқи онҳо ташкилотҳои қарзии исломӣ фаъолияти бонкии исломиро анҷом медиҳанд;
- ташкилотҳои қарзии исломӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, аз ҷумла "равзанаи бонкии исломӣ"), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии исломии дар Қонуни мазкур пешбинишударо иҷро менамоянд;
- ташкилотҳои қарзии анъанавӣ - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд;
...