Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 аз 3 майи соли 2014 № 296

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2014, № 296

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2014, № 296

тасдиқ шудааст

Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020

1. Муқаррароти умумӣ

Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд -Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамӯҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007, №704 тасдиқ гардидааст ва Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 (минбаъд - Стратегия), ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013, №1438 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорати корҳои дохилӣ) таҳия карда шудааст.

Иҷрокунандаи асосии Барномаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар амалигардонии он вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. Ба ҳайси шарикони иҷтимоӣ Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои донор баромад мекунанд.

Дар Барнома асоснокии гузаронидани ислоҳот ва рушди милитсия, дурнамои натиҷаҳои эҳтимолии иҷтимоиву иқтисодӣ, маълумот дар бораи маблағгузорӣ, манбаъ, тартиб ва мӯҳлати хароҷот пешбинӣ мегарданд (замимаи 1). Ҷараёни амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барнома дар ҳамкории мутақобила бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюрои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон (минбаъд - Бюрои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва кишварҳои донор ба роҳ монда мешавад.

Ислоҳоти милитсия бояд иқдоми аввалине бошад, ки бо тағйироти муносиб дар фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ пурра ва мукаммал гардонида мешавад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборат мебошанд:

- муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсия, давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир ва меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф намудаи Тоҷикистон, такмили ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини моддӣ ва ҳимояи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ;

- такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти милитсия;

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 мая 2014 года, № 296

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 мая 2014 года, № 296

Программа реформы (развития) милиции на 2014-2020 годы

1. Общие положения

Программа реформы (развития) милиции на 2014-2020 годы (далее -Программа) являясь основным среднесрочным программным документом, определяет стратегические цели, задачи и основные направления реформы (развития) милиции. Программа разработана Министерством внутренних дел Республики Таджикистан (далее - Министерство внутренних дел) на основании статьи 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", Стратегии национального развития Республики Таджикистан на период до 2015 года, утвержденной Постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 28 июня 2007 года, №704 и Стратегии реформы милиции на 2013-2020 годы (далее - Стратегия), утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 19 марта 2014 года, №1438.

Основным исполнителем настоящей Программы является Министерство внутренних дел, а также в ее осуществлении принимают участие соответствующие министерства и ведомства, гражданское общество и население Республики Таджикистан. В качестве социальных партнеров выступают Организация по безопасности и сотрудничеству в Европе (ОБСЕ) и страны-доноры.

В Программе предусматриваются обоснования проведения реформы и развития милиции, перспективы ожидаемых социально-экономических результатов, данные о финансировании, источниках, порядке и сроках расходовании (затрат) (приложение 1). Ход реализации Плана мероприятий Программы осуществляется во взаимодействии с Правительством Республики Таджикистан. Бюро Организации по безопасности и сотрудничеству в Европе в Таджикистане (далее - Бюро ОБСЕ в Таджикистане) и странами-донорами.

Реформа милиции должна стать первым шагом, который будет дополнен и усовершенствован соразмерными изменениями в работе других правоохранительных и судебных органов.

2. Цели и задачи Программы

Основными целями и задачами Программы являются:

- определение целей, приоритетов и мер по реформированию и развитию милиции, поэтапное улучшение деятельности органов внутренних дел, совершенствование их структуры, приведение деятельности органов в соответствие с современными требованиями и предусмотренными Республики Таджикистан нормами международных правовых актов, усовершенствование сотрудничества с гражданской обшественостъю, материальное обеспечение и социальная защита сотрудников органов внутренних дел:

- дальнейшее усовершенствование нормативно-правовой базы, регулирующей деятельность милиции;

...