Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.02.2014 № 1429
тасдиқ карда шуд
Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.02.2014 № 1429
тасдиқ карда шуд
Протокол Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
бо дарназардошти кӯшиши халқҳои ҳарду давлат барои нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани робитаҳои дӯстонаи анъанавии таърихӣ ва муносибатҳои ҳамсоягии дӯстона,
дар асоси принсипҳои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмакҳои мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 25 майи соли 1993,
мутобиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират аз 5 октябри соли 2012,
бо изҳори ҳавасмандӣ дар танзими равандҳои муҳоҷират,
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
Банди 2 моддаи 4 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, дар таҳрири зайл ифода карда шавад.
"2. Кормандон фаъолияти меҳнатии муваққатиро дар давлатӣ қабулкунанда ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷати дахлдоре, ки мутобиқи қонунгузории давлати қабулкунаида дода шудааст, анҷом медиҳанд (минбаъд рухсатнома барои кор).
Рухсатнома барои кор ба корманд, ба мӯҳлати амали шартномаи меҳнатӣ, ки дар моддаи 2 Созишномаи мазкур нишон дода шудааст, вале на зиёда аз се сол, дода мешавад.
...