Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 аз 23 октябри соли 2013 № 1310

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016

1. Муқаддима

1. Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии молиявӣ ва ду соли пешбинишаванда бо ҷудо намудани маблағи қарз ба қарздиҳандаҳо ва бахшҳои иқтисодиёт ва бо дарназардошти қарзгириҳои нави ба нақша гирифташуда, инчунин маълумоти муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии ҷорӣ ва ба нақша гирифташударо дар бар мегирад (замимаҳои 1А, 1Б, 2А, 2Б).

2. Барномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад" ва Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2014 таҳия шудааст ва ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки афзалиятҳои асосии дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи баландбардории сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 муқарраргардидаро ҷиҳати ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нигаронидашуда инъикос менамояд, мутобиқат мекунад.

3. Тайи солҳои охир бо саъю кӯшиши доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди сохтори қарз, инчунин афзоиши устувори иқтисодиёти мамлакат, вазъи қарзи беруна дар кишвар беҳтар гардид ва ба ҳолати семоҳаи дуюми соли 2013 қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 132,82 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин ба 25,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

4. Дар доираи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 ҷиҳати татбиқ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ 118,41 млн. долл. ИМА маблағҳои қарзӣ ҷалб гардиданд. Инчунин дар соли 2012-юм 7 созишномаи қарзӣ ба маблағи 131,83 млн. долл. ИМА ба имзо расонида шуда, аз ҷумла бо:

- Бонки Исломии Рушд - лоиҳаи "Таъмири мактабҳои миёна дар Тоҷикистон марҳилаи - 3" ба маблағи 17,49 млн. долл. ИМА;

- Бонки содироту воридотии Ҷумҳурии Халқии Хитой - лоиҳаи "Таҷдиди қисмати 3-юм марҳилаи 1 роҳи автомобилгарди Душанбе - Кулма (Тоҷикистон - сарҳади Хитой) дар қитъаи Душанбе - Данғара" ба маблағи 50,54 млн. долл. ИМА;

- Бонки аврупоии таҷдид ва рушд - лоиҳаи _"Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода (сарҳади ӯзбекистон)" ба маблағи 35,0 млн. долл. ИМА, лоиҳаи "Беҳсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои вилояти Хатлон" ба маблағи 5,0 млн. долл. ИМА ва лоиҳаи "Беҳсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон" ба маблағи 7,0 млн. долл. ИМА;

- Фонди ОПЕК - лоиҳаи "Сохтмони беморхонаи бисёрсоҳавии ш. Данғара (қарзи иловагӣ)" ба маблағи 2,8 млн. долл. ИМА ва лоиҳаи "Таҷдиди роҳи Айнӣ -Панҷакент (сарҳади ӯзбекистон)" ба маблағи 14,0 млн. долл. ИМА.

5. Таносуби устувори нишондиҳандаҳои пасти сатҳи қарзи беруна ба устувории вазъи молиявии мамлакат мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки маблағи қаблан барои хизматрасонии қарзҳои беруна пешбинишуда барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шавад.

2. Мақсадҳо ва вазифаҳои асосӣ

6. Мақсади асосии Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2016, баланд бардоштани самаранокии назорат ҷиҳати ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад, ки ба принсипҳои дар поён номбаршудаи Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ ифода мегардад:

- то ҳадди имкон маҳдуд кардани қабули ӯҳдадориҳо оид ба ҷалби қарзҳои давлатҳои хориҷӣ ва қарзҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ аз рӯи лоиҳаҳои наве, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

- ҷалби қарзҳо барои маблағгузориҳои хароҷоти лоиҳаҳои аллакай татбиқшаванда бо мақсади ба анҷом расонидани онҳо;

...

Утвержден

Постановлением МН МОРТ

от 23.10.2013г. № 1310

Утвержден

Постановлением МН МОРТ

от 23.10.2013г. № 1310

Программа государственных внешних заимствований Республики Таджикистан на 2014-2016 годы

1. Введение

1. Программа государственных внешних заимствований Республики Таджикистан представляет собой перечень внешних заимствований Республики Таджикистан на очередной финансовый год и двух прогнозных лет с разделением заимствований по кредиторам и секторам экономики, и с учётом новых планируемых заимствований, а также сравнительной информации по освоению действующих и планируемых кредитных средств (приложения 1А, 1Б, 2А, 2Б).

2. Данная Программа разработана на основании Закона Республики Таджикистан "О государственном и гарантированном государством заимствовании и долге" и Стратегии управления государственным долгом на 2012-2014 годы и соответствует экономической политике Правительства Республики Таджикистан, отражающей основные приоритеты, установленные в Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2015 года и Стратегии повышения уровня благосостояния населения Республики Таджикистан на 2013-2015 годы, направленных на достижение Целей Развития Тысячелетия.

3. За последние годы благодаря постоянным усилиям Правительства Республики Таджикистан в реструктуризации долга, а также стабильном экономическом росте, состояние внешнего долга в стране улучшилось, и по состоянию на конец второго квартала 2013 года объем внешнего долга Республики Таджикистан составил 2 132,82 млн. долларов США, что составляет 25,3 процента к Валовому внутреннему продукту.

4. В рамках Программы государственных внешних заимствований Республики Таджикистан на 2012-2014 годы с целью реализации инвестиционных проектов было привлечено 118,41 млн. долларов США кредитных средств. Также в 2012 году было подписано 7 кредитных соглашений на сумму 131,83 млн. долларов США, в том числе с:

- Исламским банком Развития - проект "Ремонт средних школ, фаза 3" на сумму 17,49 млн. долларов США;

- Эксимбанком Китайской Народной Республики - проект "Реабилитация автомобильной дороги Душанбе-Кулма, на участке Душанбе-Дангара фаза 1 этап 3" на сумму 50,54 млн. долларов США;

- Европейским банком реконструкции и развития - проект "Реконструкция автомобильной дороги Душанбе-Турсунзаде (граница Узбекистана)" на сумму 35,0 млн. долларов США, проект "Улучшение систем водоснабжения городов Хатлонской области" на сумму 5,0 млн. долларов США и проект "Улучшение систем водоснабжения северных городов Таджикистана" на сумму 7,0 млн. долларов США;

- Фондом ОПЕК - проект "Строительство больницы общего профиля в г. Дангаре (дополнительный кредит)" па сумму 2,8 млн. долларов США и проект "Реконструкция автодороги Айни-Пенджнкент (граница Узбекистана)" на сумму 14,0 млн. долларов США.

5. Стабильное соотношение низких показателей уровня государственной задолженности способствует финансовой устойчивости страны и дает возможность привлечения финансовых ресурсов, которые ранее были предусмотрены на обслуживание внешнего долга, на реализацию экономических и социальных проектов.

...