Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2013, № 568
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2013, № 568
тасдиқ шудааст
Меъёрҳо ва тартиби ба катёгорияҳо ҷудо намудани объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд
1. Муқаррароти умумӣ
1. Меъёрҳо ва тартиби мазкур (минбаъд - низоми ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳо) барои ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳои амалкунанда, инчунин таъсисёбанда пешбинӣ шуда, имконият медиҳанд, ки зарурати ба Феҳристи объектҳое, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд минбаъд "Феҳрист"), дохил намудани объектҳои номбурда муайян карда шавад.
2. Асоси низоми ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳоро принсипи баҳодиҳии андозаи зарари эҳтимолие, ки ба давлат ва ҷамъият бар асари амалҳои террористӣ ва дигар тааррузҳои зиддиҳуқуқӣ ба объект расонида шуданаш мумкии аст, ташкил мекунад.
3. Бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти низоми ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳо мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
а) объекте, ки таҳти муҳофизати ҳатмии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегиранд - объекти шакли моликияти давлатӣ (бино, иморат, иншоот, ҳудуд ва акваторияи атрофи ба он тааллуқдошта, - қитъаҳои замин - манбаъҳои зеризаминии аҳамияти ҷумҳуриявидошта, воситаҳои телекоммуникатсионӣ, воситаҳои нақлиёт, инчунин борҳо, аз он ҷумла ҳангоми ҳамлу нақли он, маблағҳои пулӣ ва дигар моликият), ки аз рӯи тартиби муқарраргардида ба категорияҳо ҷудо карда шуда, ба Феҳрист дохил гардидаанд;
б) дараҷаи ҳифзшавии объект - сатҳи чорабиниҳои ташкилию амалӣ, воситаҳои муҳандисию техникӣ ва амалу-ҳаракати кормандон, ки барои пешгирии тааррузҳои ҷиноӣ дар объектҳои муҳофизатшаванда, аз байн бурдан ва паст намудани таҳдидҳо ба саломатию ҳаёти одамон ва дигар оқибатҳои манфӣ равона карда шудаанд;
в) индикатор нишондиҳандаи сифати ва (ё) миқдории шарҳи меъёрҳо барои дохил намудани объект ба Феҳрист;
г) меъёрҳо - нишондиҳандае, ки аз рӯи он ҳадафмандӣ ва зарурати ба Феҳрист дохил намудани объект муайян карда мешавад;
д) тартиби ба категорияҳо ҷудо намудани объектҳо - маҷмӯи амалҳо доир ба муайян намудани имконпазири ва асоснокии дохил намудани объекти мушаххас ба Феҳрист вобаста ба зарари пешгӯишаванда аз амали зиддиҳуқуқӣ;
...