Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2005 № 501
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2005 № 501
тасдиқ шудааст
Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муқаддима
Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асоси ва афзалиятноки рушди фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад.
Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории соҳаи фарҳанг, маориф да санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин асарҳои илми - таҳқиқоти ва монографияҳои ходимони илму фарҳанг, санъатшиносон, адабиётшиносон, фолклоршиносон, эҷодиёти мардуми, таҳқиқот оид ба эҷодиёти классикони адабиёт ва фарҳанги тоҷик, устодони санъат, адибон, ҳунармандони гузашта ва имрӯза, таҳлили маводи амали-таҷрибави иттилооти таҷрибави ва дигар сарчашмаҳои илмию иттилоти, ҳамчунин равандҳои умумиҷаҳони ва ватании фарҳанг, дастовардҳои фанни ва технологи дар соҳаҳои фаъолияти иҷтимои -фарҳанги, иртиботот ва иттилоот, махсусиятҳои тамаддуни башари дар поёни қарни ХХ - ибтидои қарни ХХI ва пешомадҳои соҳаҳои гуногуни фарҳанг, ки тавассути барнома ва лоиҳаҳои марбутаи рущди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, мураттаб гардидааст.
Соли понздаҳум аст, ки Тоҷикистон дар шароити соҳибихтиёри ва истиқлолият моҳият, шакл ва мазмуни сохторҳои давлати, сиёси, иқтисоди ва иҷтимоии ҷомеаро ба шароитҳои нави муносибатҳои иқтисоди бозори мутобиқ месозад ва дар ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун субъекти комилан баробарҳуқуқ мақоми худро ишғол кардааст.
Тоҷикистон баъди эъломи истиқлолият дар асоси ҳуқуқҳои байналмилали соҳибихтиёрии давлати ва сиёсии худро таъмин намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони расман эътироф гардидааст. Давлати ҷавони тоҷикон кулли нерӯ ва имкониятҳои худро баҳри татбиқи ислоҳот ва навсозии сохторҳои ҳукумати, соҳаҳои ҳаёти иҷтимои, баҳри таъмини соҳибихтиёрии сиёси ва иқтисоди, демократисозии воқеи ва сохтмони ҷомеаи шаҳрванди равона мекунад. Дар ин муддат, ҳарчанд дар татбиқи нақшаҳои стратегии давлати оид ба азнавсозии иқтисоди, иҷтимои ва ба шароитҳои нави иқтисоди бозори мутобиқ сохтани сохторҳои давлати ва иҷтимои, маориф ва тандурусти корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, мутаасифона ба соҳаи фарҳанг ва иттилоот камтар эътибор дода мешуд.
Бо вуҷуди ин солҳои охир вазъияти фарҳанги дар кишвар то андозае беҳтар гардидааст, ки ин пеш аз ҳама натиҷаи ислоҳоти соҳаи фарҳанг ва татбиқи барномаҳои мухталиф дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт мебошад. Озодии воқеии демократи ва кафолатҳои ҳуқуқии дахлнопазири, меъёрҳои нави арзишҳо ва пешомадҳо дар шуури аҳли ҷомёа тағйироти ҷиддиро ба амал оварда, ҷаҳонбини, ақидаҳо, тасаввурот, ғояҳо ва муносибатҳои гуногунро ташкил додаанд, тафаккур ва дарки ҷомеаро дигаргун сохтанд. Тадриҷан, раҳои аз буҳрони иқтисоди, устуворгардии ҳаёти иҷтимои-сиёси ва ҳамкории васеи ҷумҳури бо кишварҳои хориҷи сабаби густариши дигаргунсозиҳо дар ҳаёти иҷтимои, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг низ гардиданд. Ҳамаи ин барои рушди фарҳанги муосири Тоҷикистон, беҳтар намудани фаъолияти иҷтимои-фарҳанги ва фароғатии аҳоли шароити мусоидро фароҳам меоварад.
Имрӯз дар кишвар 2485 муассисаи фарҳанги, аз ҷумла китобхонаҳои оммави, клубҳо, осорхонаҳо, боғҳои фарҳанги ва фароғати, театрҳои халқи, дастаҳои тарона ва рақс, театрҳои касби, Филармонияи давлати, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консерти, Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо", Маркази эҷодии "Илҳом", ансамбли давлатии "Лола", ансамбли тарона ва рақси "Сомониён", Сирки давлатии Тоҷикистон амал мекунанд.
I. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия
Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси объективона, ҳамаҷониба, мақсадноки имкониятҳои воқеи ва нерӯи мавҷудаи ҷомеаи муосир, манфиатҳои иҷтимои - фарҳанги ва ниёзҳои кулли табақоти аҳоли, равобити мантиқии байниҳамдигарии назария ва амалия, таъсир ва вобастагии байниҳамдигарии равияҳо, намудҳо ва шаклҳои фаъолияти фарҳанги бо кулли соҳаҳои иҷтимои - иқтисодии замони муосир мебошад.
...