ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУНАРҲОИ БАДЕИИ ХАЛҚӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 466) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Пас аз рақами бобҳои Қонун аломати нуқта гузошта шавад.
3. Дар моддаи 1 сархатҳо бо аломати дефис ( - ) ишора карда шаванд.
4. Дар моддаи 2 калимаҳои "дигар қонунҳои" ба калимаҳои "дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми дуюми моддаи 4 калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва калимаи "тайёркардашавандаро" ба калимаи "тайёршавандаро" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 5:
- дар матни қисми якум калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- заминаи меъёрии ҳуқуқиро баҳри рушди соҳаи ҳунарҳои бадеии халқи муҳайё мекунанд;";
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- ба устоҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ва шогирдони онҳо барои гирифтани таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимие, ки барномаҳои таълимии ҳунарҳои бадеии халқиро амалӣ месозанд, мусоидат менамоянд;";
- ба сархати шашум баъд аз калимаи "ассотсиатсияҳо," калимаи "фондҳо," илова карда шавад;
...