Тартиби пардохти суғуртапулии якдафъаина ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 342

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

боқарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2013, № 342

тасдиқ шудааст

Замима

боқарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2013, № 342

тасдиқ шудааст

Тартиби пардохти суғуртапулии якдафъаина ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Суғуртаи ҳатмии давлатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи муқаррароти пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

2. Ҳаёт ва саломатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколатҳояш аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор мегирад.

3. Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ба ин вазифа интихоб шуданашон то ба охир расидани ваколатҳояшон, ё то давраи пеш аз мӯҳлат супоридани ваколатҳо ва ё то бозхондан суғурташуда ҳисоб меёбанд.

4. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколатҳояш, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, суғурташуда ҳисоб меёбанд. Дар асоси қабул шудани қарори дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди супоридани ваколатҳои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурта аз рӯзи қабули ин қарор қатъ мегардад.

5. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода шудаанд:

суғуртаи ҳатмии давлатӣ - суғуртае, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад;

суғурта - муносибатҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ;

...

Приложение

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 августа 2013 года, №342

Приложение

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 августа 2013 года, №342

Порядок единовременной страховой выплаты члену Маджлиси милли и депутату Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан

1. Общие положения

1. Обязательное государственное страхование члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан проводится в соответствии с Конституционным законом Республики Таджикистан "О Маджлиси Оли Республики Таджикистан", Конституционного закона Республики Таджикистан "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" и другими нормативными правовыми актами.

2. Жизнь и здоровье члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в период исполнения депутатских полномочий обеспечиваются обязательным государственным страхованием за счёт средств республиканского бюджета.

3. Председатель Маджлиси милли и Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан считаются застрахованными со дня их избрания на эту должность до окончания исполнения полномочий, или до периода досрочного прекращения их полномочий или отзыва.

4. Член Маджлиси милли и депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан считается застрахованным на период исполнения полномочий предусмотренных законодательством. На основании принятия соответствующего постановления Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан о сдаче полномочий члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли страхование прекращается со дня принятия данного постановления.

5. Основные термины, которые используются в данных Правилах:

обязательное государственное страхование - страхование, финансируемое за счёт средств государственного бюджета;

страхование - взаимоотношения по защите интересов физических и юридических лиц при наступлении страховых случаев:

...