Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ аз 3 июни соли 2013, № 252

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2013, № 252

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2013, № 252

тасдиқ шудааст

Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсиониро, ки аз ҷониби вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришавандаи ҷумҳурӣ иҷро мешаванд, муайян мекунад.

2. Мафҳумҳои асосӣ

2. Дар Тартиб мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ - интихоби шумораи муайяни иштирокчиён аз шумораи умумии довталабон барои гирифтани маблағгузории мақсаднок дар доираи шартҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур;

- иштирокчиёни озмун - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун иштирок мекунанд, ҳамчунин шахсони ҳуқуқие, ки агар фаъолияти илмӣ ва илмию техникии онҳо дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинӣ шуда, ба озмун дархост манзур намудаанд;

- дархост - аризаи ба расмият даровардашудаи шакли муқарраргардида, ки мақсади шахсро барои иштирок дар озмун ифода менамояд;

- лоиҳа - андеша, ғоя, тасаввурот, ки ба шакли тавсиф, асосноккунӣ ҳисобҳо, нақшаҳо таҷассум ёфта, моҳияти андеша ва имконияти амалӣ намудани онро мекушояд;

- ташкилотчиҳо - шахсоне, ки таъминоти ташкилии фармоишро оид ба гузаронидани озмун амалӣ менамоянд;

...

Приложение

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 июня 2013 года, № 252

Приложение

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 июня 2013 года, № 252

Порядок государственной регистрации, организации и проведения экспертизы и конкурсов инновационных проектов

1. Общие положения

1. Настоящий Порядок определяет государственную регистрацию, организацию и проведение экспертизы и конкурсов инновационных проектов, выполняемых министерствами, ведомствами, Академией наук Республики Таджикистан, отраслевыми академиями, научными учреждениями, учреждениями высшего профессионального образования и предприятиями республики, финансируемыми за счет средств Государственного бюджета Республики Таджикистан.

2. Основные понятия

2. В Порядке используются следующие основные понятия:

- конкурс инновационных проектов - отбор определенного количества участников из общего числа претендентов на получение целевого финансирования в рамках условий установленных настоящим Порядком;

- участники конкурса - граждане Республики Таджикистан, иностранные граждане, лица без гражданства, участвующие в рамках законодательства Республики Таджикистан, а также юридические лица при условии, если научная, и научно-техническая деятельность предусмотрена их учредительными документами, подавшие заявку на конкурс;

- заявка - оформленное заявление установленной формы, выражающее намерение лица участвовать в конкурсе;

- проект - замысел, идея, образ, воплощенные в форму описания, обоснования, расчетов, чертежей, раскрывающих сущность замысла и возможность его практической реализации;

...