Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябри соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, рақами бақайдгирӣ 6621
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябри соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, рақами бақайдгирӣ 6621
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз "2" августи с. 2012, №169
тасдиқ шудааст
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз "2" августи с. 2012, №169
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ТАХАССУСИИ НОМЗАДҲО БА ВАЗИФАИ КОРМАНДОНИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ
(қарори Раёсати Бонки миллӣ аз 13.02.2026,
№9)
Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (минбаъд - Тартиб) тибқи талаботи қисми 1 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" таҳия шуда, санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзиро муқаррар менамояд.
1. Санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо мақсади муайян намудани сатҳи донишу малакаи онҳо дар соҳаи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти бонкӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Санҷиши тахассусӣ аз ҷониби Комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи тахассусӣ) пас аз шунидани маълумотномаи воҳиди сохтории масъул дар бораи мутобиқати ҳуҷҷатҳои номзад ба талаботи тахассусӣ тавассути сӯҳбат, саволу ҷавоб ё санҷиши тестӣ гузаронида мешавад (№9).
3. Комиссияи тахассусӣ бо Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
4. Ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ на камтар аз як маротиба дар як моҳ дар мувофиқа бо раиси Комиссия ҳангоми имконпазир будани таъмини иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои он гузаронида мешавад (№9).
...
Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 ноябри соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 662
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз "2" августи с. 2012, №169
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ТАХАССУСИИ НОМЗАДҲО БА ВАЗИФАИ КОРМАНДОНИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ
Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (минбаъд - Тартиб) тибқи талаботи қисми 1 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" таҳия шуда, санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзиро муқаррар менамояд.
1. Санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо мақсади муайян намудани сатҳи донишу малакаи онҳо дар соҳаи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти бонкӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Санҷиши тахассусӣ аз ҷониби Комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи тахассусӣ) тавассути сӯҳбат, саволу ҷавоб ё санҷиши тестӣ гузаронида мешавад.
3. Комиссияи тахассусӣ бо Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
4. Ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ як маротиба дар як моҳ гузаронида шуда, ҳангоми иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои он салоҳиятдор мебошанд.
5. Дар бораи ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ довталабон қаблан на дертар аз даҳ рӯзи баргузории он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд.
6. Ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи тахассусӣ ва ҳангоми набудани ӯ, таҳти роҳбарии муовини ӯ гузаронида мешаванд.
7. Қарорҳои Комиссияи тахассусӣ бо аксарияти овозҳои аъзои он, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул карда мешаванд. Дар сурати баробарии овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ ҳалкунанда ҳисобида мешавад.
8. Ба санҷиши тахассусӣ шахсоне роҳ дода мешаванд, ки ҳуҷҷатҳои онҳо аз ҷониби ташкилоти қарзӣ бо риояи талаботи қисми 5 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
9. Номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ки ба талаботи қисми 5 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" мувофиқ мебошанд, то гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон, метавонанд ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ иҷрокунандаи вазифа таъин карда шаванд.
10. Ба ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ метавонанд роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ (Раис ё муовинони он) даъват карда шаванд.
11. Баъд аз санҷиши тахассусӣ гузаштани номзад ба вазифаи кормандони роҳбарикунанда, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои ба вазифа таъин намудани ӯ розигӣ медиҳад.
12. Ташкилоти қарзӣ метавонад шахсонеро, ки аз санҷиши тахассусӣ бинобар надоштани сатҳи кофии дониш нагузаштаанд, баъди се моҳ ба санҷиши тахассусӣ такроран пешниҳод намояд.