Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ аз 2 августи соли 2012, № 169

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябри соли 2012

ба  қайди   давлатӣ  гирифта  шудааст, рақами  бақайдгирӣ 6621

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябри соли 2012

ба  қайди   давлатӣ  гирифта  шудааст, рақами  бақайдгирӣ 6621

Бо Қарори Раёсати

Бонки миллии Тоҷикистон

аз "2" августи с. 2012, №169

тасдиқ шудааст

Бо Қарори Раёсати

Бонки миллии Тоҷикистон

аз "2" августи с. 2012, №169

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ТАХАССУСИИ НОМЗАДҲО БА ВАЗИФАИ КОРМАНДОНИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ

 (қарори Раёсати Бонки миллӣ аз 13.02.2026, №9

Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ   (минбаъд - Тартиб) тибқи талаботи қисми 1 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" таҳия шуда, санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзиро муқаррар менамояд.

1. Санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо мақсади муайян намудани сатҳи донишу малакаи онҳо дар соҳаи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти бонкӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

2. Санҷиши тахассусӣ аз ҷониби Комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссияи тахассусӣ) пас аз шунидани маълумотномаи воҳиди сохтории масъул дар бораи мутобиқати ҳуҷҷатҳои номзад ба талаботи тахассусӣ тавассути сӯҳбат, саволу ҷавоб ё санҷиши тестӣ гузаронида мешавад (қарори Раёсати Бонки миллӣ аз 13.02.2026, №9).

3. Комиссияи тахассусӣ бо Фармони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

4. Ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ на камтар аз як маротиба дар як моҳ дар мувофиқа бо раиси Комиссия ҳангоми имконпазир будани таъмини иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои он гузаронида мешавад (қарори Раёсати Бонки миллӣ аз 13.02.2026, №9).

...
Зарегистрировано в Министерстве юстиции
Республики  Таджикистан 8 ноября 2012 года, №6621

"Утверждено"

 Постановлением Правления

Национального банка Таджикистана

за № 169 от "2" августа 2012 г.

"Утверждено"

 Постановлением Правления

Национального банка Таджикистана

за № 169 от "2" августа 2012 г.

Порядок проведения аттестации кандидатов на должность руководящих работников кредитной организации

(в редакции пост. Правления Нацбанка от 13 февраля 2026 года, №9).

Порядок проведения аттестации кандидатов на должность руководящих работников кредитной организации (далее - Порядок) разработан в соответствии с требованиями части 1 статьи 23 Закона Республики Таджикистан "О банковской деятельности", и устанавливает аттестацию кандидатов на должность руководящих работников кредитной организации.

1. Аттестация кандидатов на должность руководящих работников кредитной организации проводится в целях определения уровня их знаний и навыков в сфере законодательства по банковской деятельности, нормативных правовых актов Национального банка Таджикистана.

2. Аттестация проводится Квалификационной комиссией Национального банка Таджикистана (далее - Квалификационная комиссия)после заслушивания информации ответственного структурного подразделения о соответствии документов кандидата квалификационным требованиям путём собеседования, вопросов и ответов или тестирования (в редакции пост. Правления Нацбанка от 13 февраля 2026 года, №9).

3.Квалификационная комиссия создаётся Приказом Председателя Национального банка Таджикистана из числа сотрудников Национального банка Таджикистана.

4.Заседания Квалификационной комиссии проводятся не реже одного раза в месяц по согласованию с председателем комиссии при наличии возможности обеспечить участие не менее двух третей её членов (в редакции пост. Правления Нацбанка от 13 февраля 2026 года, №9).

5.О проведении заседания Квалификационной комиссии кредитная организация или исламская кредитная организация оповещаются заранее, не позднее пяти дней со дня его проведения Национальным банком Таджикистана (в редакции пост. Правления Нацбанка от 13 февраля 2026 года, №9).

...