Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
27 январи соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
Рақами бақайдгирӣ 139 "в"
Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
27 январи соли 2012
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
Рақами бақайдгирӣ 139 "в"
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №138 "Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирӣ ва танзими фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор"
Бо мақсади танзими фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор тибқи моддаи 1 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1) Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №138 "Дар бораи тартиби кушодан, бақайдгирӣ ва танзими фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2008 №206 тасдиқ шудааст ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2008 №139"а" ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).".
2) Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3) Тағйиру иловаҳо ба сархати дуюми банди 23, сархати дуюми банди 24 ва банди 56 Дастурамали мазкур барои ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва шахсони воқеӣ - моликони нуқтаҳои мубодилаи асъори амалкунанда, баъди 6 моҳи интишори расмии Қарори мазкур мавриди амал қарор дода шавад.
4) Иҷрои банди 2) Қарори мазкур ба зиммаи Директори Департаменти танзими асъор (М.Мавлонов), Сардори Идораи ҳуқуқ (Ш.Давлатов) ва Хадамоти матбуот (А. Қурбонов) вогузор карда шавад.
...