Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 феврали соли 2002 № 779
тасдиқ шудааст
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 феврали соли 2002 № 779
тасдиқ шудааст
Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Ин Низомнома мақоми ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд Дастгоҳи Президент), ки мутобиқи банди 10 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, муайян мекунад.
2. Дастгоҳи Президент мақоми давлати буда, фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ӯ сарвари мекунад, таъмин менамояд.
3. Дастгоҳи Президент дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои якҷояи онҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Регламенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
4. Дастгоҳи Президент шахси ҳуқуқи буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, ҳисобҳои ҷори ва махсуси бонки мебошад.
II. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШАККУЛИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ
5. Сохтор ва шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи Президент тибқи пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи Президент бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Дастгоҳи Президент аз Роҳбари Дастгоҳи Президент, гурӯҳи мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳо, шӯъбаҳо ва дигар воҳидҳои сохтори иборат мебошад.
...