Тартиби пардохти нафақа ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд аз 2 марти соли 2013, № 91

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2013, № 91

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2013, № 91

тасдиқ шудааст

Тартиби пардохти нафақа ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, қоидаю шартҳои пардохти нафақа барои маҳрум шудан аз саробонро ба кӯдакони ятим, кӯдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум шуда, таҳти таъминоти пурраи давлат дар муассисаҳои таълимии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - муассисаи таълимӣ) қарор доранд, муайян менамояд.

2. Қоидаҳои пардохти нафақа барои маҳрум шудан аз саробон дар давраи будубоши кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ

2. Бо мақсади ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини бехатарӣ ва ғуншавии маблағҳои пулии кӯдакони то синни 18-солаи аз волидайн маҳрумшуда ва кӯдакони модари (падари) яккаву танҳои фавтида (минбаъдкӯдакони ятими бекас), инчунин кӯдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум шудаанд ва дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабинтернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва дигар муассисаҳои тахти таъминоти пурраи давлатӣ қарор доранд ва гирандаи нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мебошанд, пардохти нафақаи онҳо бо роҳи интиқоли ҳармоҳаи маблағи нафақа аз ҷониби сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба суратҳисоби депозитии дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд - Бонк) барои кӯдак ба таври инфиродӣ кушодашуда, амалӣ карда мешавад.

3. Ба гурӯҳи кӯдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум шудаанд (ба ғайр аз кӯдакони ятими бекас) ва гирандаи нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мебошанд, кӯдаконе дохил мешаванд, ки аз падар ва ё модар маҳруманд ва волидайни ягонаашон:

а) расман аз ҳуқуқҳои волидайнӣ маҳрум гаштааст;

б) бо ҳукми суд ва ё дар давраи тафтишот дар маҳбас аз озодӣ маҳрум мебошад;

в) аз ҷониби суд ғайри қобили амал дониста шудааст;

г) аз тарбияи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ саркашӣ менамояд.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 марта 2013 года, № 91

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 марта 2013 года, № 91

Порядок выплаты пенсий детям, находящимся на полном государственном обеспечении

1. Общие положения

1. Настоящий Порядок разработан в соответствии со статьёй 38 Закона Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении граждан Республики Таджикистан" и определяет правила и условий выплаты пенсий по случаю потери кормильца детям-сиротам и детям лишившимся попичительства родителей и находящихся на полном государственном обеспечении в образовательных учреждениях системы образования Республики Таджикистан (далее-образовательное учреждение).

2. Правила выплаты пенсии по случаю потери кормильца детям, за время их пребывания в образовательных учреждениях

2. В целях социальной защиты, обеспечения неприкосновенности и накопления денежных средств детей, потерявших обоих родителей, детей умершей одинокой матери (отца) (далее - дети-сироты), а также других детей, оставшихся без попечения родителей в возрасте до 18 лет, являющихся получателями пенсии по случаю потери кормильца и находящихся на полном государственном обеспечении в образовательных учреждениях, в том числе в школах-интернатах, детских домах для детей-сирот и других учреждениях, выплата их пенсий производится путем ежемесячного перечисления средств уполномоченным государственным органом по пенсионному обеспечению по месту расположения образовательного учреждения суммы пенсий во вклад на депозитный счет, открытый индивидуально на ребенка в Государственном сберегательном банке Республики Таджикистан "Амонатбонк" (далее - Банк),

3. К категории детей, оставшихся без попечения родителей (кроме детей-сирот) и являющихся получателями пенсии по случаю потери кормильца, относятся дети, не имеющие отца или мать и их единственный родитель:

а) лишен родительских прав;

б) отбывает наказание в местах лишения свободы либо находится под стражей в период следствия;

в) признан судом недееспособным:

г) уклоняется от воспитания ребенка или защиты его прав и интересов.

...