ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИТТИФОҚҲОИ ҚАРЗӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти иттифоқҳои қарзиро муқаррар намуда, муносибатҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти онҳо ба миён меоянд, танзим намуда, манфиатҳои аъзои иттифоқҳои қарзиро ҳифз ва истифодабарии самараноки манбаъҳои захираҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- иттифоқҳои қарзӣ - ташкилотҳои ғайритиҷоратии қарзӣ, ки дорои ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ буда, барои ба аъзои худ расонидани хизматҳои молиявӣ бо роҳи муттаҳид намудани воситаҳои пулии шахсии аъзояш ва қарздиҳии байниҳамдигарии онҳо таъсис дода мешаванд;
- узви иттифоқи қарзӣ - шахси воқеие, ки барои дохил шудан ба иттифоқи қарзӣ аъзоҳаққии дохилшавиро тибқи оиннома месупорад;
- аъзоҳаққии дохилшавӣ - ҳаққи аъзои иттифоқи қарзӣ, ки ҳангоми дохилшавӣ ба он дар шакли пулӣ барои таъмини фаъолияти иттифоқи қарзӣ пардохт карда мешавад;
- аъзоҳаққии иловагӣ - ҳаққи аъзои иттифоқи қарзӣ, ки ҳангоми зарурати ҷуброни зиёни иттифоқи қарзӣ тибқи Қонуни мазкур ва оинномаи он пардохт карда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифоқҳои қарзӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттифоқҳои қарзӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсадҳои асосии иттифоқҳои қарзӣ
Иттифоқҳои қарзӣ барои иҷрои мақсадҳои асосии зерин таъсис дода мешаванд:
- муттаҳид намудани воситаҳои пулии аъзои иттифоқи қарзӣ;
...