×

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой аз 5 июни соли 2012

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 январи соли 2013, № 1045

тасдиқ шудааст

Бо қарори

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 январи соли 2013, № 1045

тасдиқ шудааст

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

принсипҳои эҳтироми мутақобилаи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, ҳамланакунии мутақобила, дахолат накардан ба корҳои дохилаи ҳамдигар, баробарӣ ва манфиати мутақобила, инчунин ҳамзистии осоиштаро ба асос гирифта,

бо азми қавӣ барои дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъмин намудани сарҳади байни ду давлат ва бо кӯшиши якҷоя табдил додани он ба сарҳади сулҳу дӯстии абадӣ, ки аз насл ба насл супорида мешавад,

бо мақсади нигоҳ доштани субот дар сарҳади давлатии байни ду давлат ва осоиштагӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, бо роҳи маслиҳат дар рӯҳияи эҳтироми тарафайн, баробарӣ, боварии тарафайн, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба танзим даровардани масъалаҳои дар сарҳад пайдошаванда,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Фасли I Мафҳумҳо

Моддаи 1

Барои Созишномаи мазкур истилоҳҳои истифодашаванда мафҳумҳои зеринро доранд:

...

Бо қарори

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 январи соли 2013, № 1045

тасдиқ шудааст

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

принсипҳои эҳтироми мутақобилаи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, ҳамланакунии мутақобила, дахолат накардан ба корҳои дохилаи ҳамдигар, баробарӣ ва манфиати мутақобила, инчунин ҳамзистии осоиштаро ба асос гирифта,

бо азми қавӣ барои дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъмин намудани сарҳади байни ду давлат ва бо кӯшиши якҷоя табдил додани он ба сарҳади сулҳу дӯстии абадӣ, ки аз насл ба насл супорида мешавад,

бо мақсади нигоҳ доштани субот дар сарҳади давлатии байни ду давлат ва осоиштагӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, бо роҳи маслиҳат дар рӯҳияи эҳтироми тарафайн, баробарӣ, боварии тарафайн, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба танзим даровардани масъалаҳои дар сарҳад пайдошаванда,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Фасли I Мафҳумҳо

Моддаи 1

Барои Созишномаи мазкур истилоҳҳои истифодашаванда мафҳумҳои зеринро доранд:

"сарҳади давлатӣ" - хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузаранда, ки хушкӣ, обҳо, фазои ҳавоӣ ва қаъри заминро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро ҷудо месозанд. Мафҳумҳои "сарҳад", "хати сарҳад", "хати сарҳади давлатӣ" дар Созишномаи мазкур маънои якхела доранд;

"аломатҳои сарҳадӣ" - аломатҳое, ки дар хати сарҳад ё дар ду тарафи хати сарҳад гузошта шуда, дар маҳал гузаштани хати сарҳадро муайян менамоянд; координатҳои ҷуғрофии онҳо дар ҳуҷҷатҳои демаркатсияи сарҳади давлатӣ ё ҳуҷҷатҳои тафтиши якҷоя муайян гардида, қайд карда шудаанд; аломатҳо ба аломатҳои асосии сарҳадӣ ва мобайнӣ (иловагӣ) тақсим мешаванд;

"ноҳияҳои наздисарҳадӣ" - шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, уездҳо (шаҳрҳои) Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар наздикии хати сарҳад ҷойгир шудаанд;

"аҳолии наздисарҳадӣ" - шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо, ки доимӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ истиқомат мекунанд;

"мақомоти салоҳиятдор" - мақомоте, ки бо қонунгузории давлати ҳар яке аз Тарафҳо муайян гардида, ба салоҳияти онҳо ҳал намудани масъалаҳои дахлдори Созишномаи мазкур дохил мебошад. Тарафҳо ба таври хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ якдигарро оиди мақомоти салоҳиятдори худ ва тағйирот оиди мақомоти ваколатдор огоҳ менамоянд;

"намояндагони сарҳадӣ" - ваколатдорони давлатҳои Тарафҳо, ки мутобиқи қонунгузории давлати худ ва Созишномаи мазкур барои таъмини тартибот дар қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ ва сари вақт ҳаллу фасл кардани моҷароҳои сарҳадӣ таъин шудаанд;

"объектҳои инфрасохтори байнисарҳадӣ" - роҳҳои оҳан, роҳҳои автомобилгард, қубурҳои нафту газ, хати барқ, кабелҳо ва кӯпрукҳо, инчунин дигар иншооте, ки хатти сарҳадро убур менамоянд;

"киштии ҳавоӣ" - ҳама гуна дастгоҳи ҳавопаймоии дар атмосфера аз ҳисоби таъсири ҳаво, ки аз таъсири ҳавои аз рӯи замин инъикосёфта фарқ мекунад, муаллақ меистад, аз ҷумла самолёт (самолётҳои бе сарнишин, чархбол), дирижабл, аэростат ва дигар дастгоҳҳои ҳавопаймоӣ;

"ҳолатҳои қувваи рафънопазир" - ҳолатҳои пешгӯинашаванда ё ҳодисаҳои хислати объективӣ дошта, ки аз амалҳои Тарафҳо вобаста нестанд, аммо ба номумкин гардидани иҷрои ӯҳдадориҳо оварда мерасонанд;

"моҷароҳои сарҳадӣ" - ҳодисаҳое, ки дар сарҳади давлатӣ ва дар хатти маҳал, ки бевосита ба сарҳади давлатӣ пайваст мебошад, ба амал меоянд ва дар вайрон намудани муқаррароти Созишномаи мазкур ё дигар созишномаҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои сарҳадӣ ва қонунгузории миллии Тарафҳо ифода ёфта, ба манфиати Тарафи дигар зиён меоранд ё ба он дахолат менамоянд.

Фасли II Гузаштани хати сарҳади давлатӣ, нигаҳдори аломатҳои сарҳадӣ ва тафтишҳои якҷояи Сарҳади давлатӣ

Моддаи 2

Хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой аз рӯи ҳуҷҷатҳои зерини делимитатсияи сарҳади давлатӣ муайян карда мешавад:

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи сарҳади давлатии Хитой ва Тоҷикистон аз 13 августи соли 1999;

Созишномаи иловагӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи сарҳади давлатии Хитой ва Тоҷикистон аз 17 майи соли 2002;

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи нуқтаи васли сарҳади давлатии се давлат аз 5 июли соли 2000;

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи нуқтаи васли сарҳади давлатии се давлат аз 5 июни соли 2012.

Моддаи 3

Тарафҳо дар маҳал гузаштани хатти сарҳади давлатиро байни ду давлат ва ҷойгиршавии аломатҳои сарҳадиро мутобиқи ҳуҷҷатҳои зерини демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва тафтиши якҷоя муайян намуданд:

Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 27 апрели соли 2010;

Ҳуҷҷатҳои дигари тафтиши якҷоя, ки дар оянда аз ҷониби Тарафҳо имзо мешаванд ва мутобиқи Протоколи зикргардида эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 4

1. Тарафҳо аломатҳои сарҳадиро мутобиқи муқаррароти ҳуҷҷатҳои демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тафтиши якҷоя, ки дар моддаи 3 Созишномаи мазкур номбар шудаанд, нигоҳ медоранд. Санадҳо аз натиҷаи нигоҳдорӣ мутобиқи замимаҳои №1, №2, №3 ба Созишномаи мазкур тартиб дода мешаванд.

2. Агар бинобар ҳолатҳои дорои қувваи рафънопазир аломати сарҳадӣ дар ҷои шинонидани аввала барқарор карда нашавад, дар ин сурат аз рӯи замимаи №2 Созишномаи мазкур санад тартиб дода шуда, дар он сабабҳои имконнопазирии дар ҷои аввала барқарор намудани аломати сарҳадӣ дарҷ мегарданд ва ин масъала ба баррасии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ, ки мутобиқи моддаи 40 Созишномаи мазкур таъсис мегардад, бароварда мешавад. Комиссияи зикргардида қарори дахлдор таҳия намуда, бе тағйир додани гузариши хатти сарҳади давлатӣ ҷойи дигари муносибро барои насби он тасдиқ менамояд. Баъди дар ҷои нав гузоштани аломати сарҳадӣ тибқи замимаи №3 Созишномаи мазкур санади дахлдор тартиб дода мешавад.

Моддаи 5

Тарафҳо тафтиши якҷояи сарҳади давлатиро тибқи муқаррароти ҳуҷҷатҳои демаркатсия, ки дар моддаи 3 Созишномаи мазкур номбар шудаанд, мегузаронанд.

Фасли III Ҳифзи обҳо

Моддаи 6

Тарафҳо дар асоси эҳтироми мутақобилаи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамдигар, тибқи муқаррароти созишномаҳои дахлдори дуҷониба оид ба ҳифзи ҷӯйҳои хушкшаванда дар хатти сарҳади давлатӣ ва обҳое, ки сарҳади давлатиро убур менамоянд, муҳити зист дар соҳилҳои онҳо, инчунин назорати ҳолат ва пешгирии фарсоиши хок, ифлоскунии сунъӣ ва таъсири дигар омилҳои манфӣ чораҳои дахлдор меандешанд.

Фасли IV Фаъолият ва таъмини тартибот дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ

Моддаи 7

1. Давлати як Тараф набояд дар вақти гузаронидани корҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, пешбурди хоҷагии ҷангал, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва фаъолияти дигари хоҷагидорӣ дар назди сарҳади давлатӣ ба манфиати Тарафи дигар зиён оварад.

2. Агар ба яке аз Тарафҳо дар қаламрави давлати худ дар ҳудуди 1000 метр аз сарҳади давлатӣ гузаронидани корҳои таркишӣ зарур бошад, он бояд на камтар аз 48 соат Тарафи дигарро дар ин хусус огоҳ созад, инчунин барои нарасонидани зарар ба манфиати Тарафи дигар чора андешад.

3. Тарафҳо набояд моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвии зарароварро дар замин, хок ва ҳаво дар ҳудуди 10000 метр аз хатти сарҳад дар тарафи худ аз сарҳади давлатӣ ҷойгир ва паҳн намоянд.

Моддаи 8

1. Сохтмон, идоракунӣ ва нигоҳдории объектҳои байнисарҳадӣ тибқи созишномаҳо байни Тарафҳо ё аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо амалӣ карда мешавад.

2. Сарҳади масъулият барои истифодаи объектҳои байнисарҳадии инфрасохтор ба гузариши хатти сарҳади давлатӣ дар маҳал таъсир намерасонад.

Моддаи 9

1. Мақомоти салоҳиятдори ҳар яке аз Тарафҳо барои назорат аз болои чаронидани чорво дар наздикии сарҳади давлатӣ ҷиҳати пешгирии гузаштани он ба қаламрави давлати Тарафи дигар чораҳои зарурӣ меандешад.

2. Ҳангоми ошкор намудани гузаштани чорво тавассути сарҳади давлатӣ он бояд дар ҷояш ба ақиб ронда шуда, Тарафи дигар хабардор карда шавад. Дар ҳолати имконнопазир будани рондани он дар ҷояш, мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дар мӯҳлати имконпазири кӯтоҳ ҳамдигарро хабардор мекунанд ва барои ҷустуҷӯи он, нигоҳдории алоҳида, нигоҳ доштан ва баргардонидан чора меандешанд ва ба паноҳ кардан, истифода ба мақсадҳои хоҷагӣ, куштан ва фурӯш роҳ намедиҳанд.

Моддаи 10

1. Мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳо чораҳои барои пешгирии воридшавии бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ, ҳашарот, алафҳои хокрӯба бо бемориҳои растанӣ ба ҳудуди давлати Тарафи дигар зарурӣ меандешанд.

Мақомоти салоҳиятдор дар мӯҳлати ҳарчи кӯтоҳтар яқдигарро оид ба дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ошкор намудани ҳолатҳои пайдоиши эпидемияҳои мазкур ва ҳашароти зараррасон, ҳамчунин оид ба ҳолатҳои воридшавии эҳтимолии он тавассути сарҳади давлатӣ хабардор менамоянд ва чораҳои зарурӣ меандешанд.

2. Дар ҳолати зарурӣ мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо доир ба масъалаҳои пешгирии паҳншавии эпидемия ва ҳашароти зараррасон ба қаламрави давлати Тарафи дигар машварат мегузаронанд.

Моддаи 11

Дар ҳолати сар задани офати табиӣ (обхезӣ, сӯхтор, тарма ва ғ.) дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо сари вақт якдигарро хабардор мекунанд ва барои пешгирии гузариши офат ба қаламрави давлати Тарафи дигар чораҳои самаранок меандешанд.

Мутобиқи созишномаҳои байни Тарафҳо ва мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо, Тараф кӯмаки лозимаро бо хоҳиши Тарафи дигар мерасонад.

Моддаи 12

1. Шикор бо тирпарронӣ дар ҳудуди то 1000 метр аз ҳар ду тарафи хатти сарҳади давлатӣ тирпарронӣ ба ҳаво, ҳамчунин тирпарронӣ аз қаламрави давлати як Тараф ба самти давлати Тарафи дигар ва убури сарҳади давлатӣ бо мақсади шикор ва таъқиби ҳайвонот манъ аст.

2. Тарафҳо набояд ба убури сарҳад аз ҷониби ҳайвоноти ваҳшӣ ҷиҳати муҳоҷират монеъ намоянд. Агар иншооти сарҳадӣ ба убур ва муҳоҷират ҳайвонот монеа созанд, ин ҳолат байни Тарафҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешавад.

Моддаи 13

Дар хусуси амалӣ намудани аксбардории ҳавоии хат, ки дар ҳудуди 25 км ба дохили худ аз хати сарҳади давлатӣ ё ин ки дигар парвози киштии ҳавоӣ бо мақсади таҳқиқи масофавиии замин, яке аз Тарафҳо Тарафи дигарро на камтар аз 15 рӯз бо каналҳои дипломатӣ мутобиқи Замимаи №4 ба Созишномаи мазкур хабардор менамояд.

Дар ҳолати зарурати убур намудани сарҳади давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани парвозҳо бо мақсади дар боло зикргардида, Тараф на камтар аз 30 рӯз ба Тарафи дигар бо каналҳои дипломатӣ дархости мувофиқро мутобиқи Замимаи №5 ба Созишномаи мазкур барои гирифтани розигӣ ирсол менамояд. Тарафи дигар ба дархости мазкур на дертар аз 10 рӯз то парвози ба нақша гирифташуда ҷавоб медиҳад.

Моддаи 14

Пас аз эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур бунёди иншооти доимӣ, ба истиснои объектҳои ҳифзи сарҳадӣ, нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ ва объектҳои байнисарҳадӣ дар ҳудуди 20 метр аз ду тарафи хатти сарҳад манъ аст, агар Тарафҳо ба қарори дигар наоянд.

Моддаи 15

Мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо назоратро аз болои гузаронидани навъҳои мухталифи фаъолият дар наздикии сарҳад таъмин менамоянд ва мутобиқи Созишномаи мазкур якдигарро оид ба намуди мушаххас, вақт ва макони фаъолияти ба нақша гирифташуда, ки ба низоми сарҳади давлатӣ таъсир расонида метавонад, хабардор менамоянд.

Моддаи 16

Тарафҳо бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо убури ғайриқонунии сарҳад, буду бош ва бокортаъминкунӣ, қочоқ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва дигар намудҳои вайронкунӣ ва ҷиноятҳои байнисарҳадӣ, бояд ҳамкориро вусъат диҳанд. Доир ба ин масъала Тарафҳо ё мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо метавонанд созишномаҳои дахлдор банданд.

Фасли V Тартиби убури сарҳад дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ

Моддаи 17

1. Шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо ба қаламрави Тарафи дигар аз рӯи қонунгузории давлати ҳар як Тараф ва ҳуҷҷатҳои ҳақиқӣ, ки бо созишномаҳои дахлдори байни Тарафҳо муайян шудаанд, варид ва хориҷ мешаванд ва дар қаламрави давлати Тарафи дигар дар давоми мӯҳлати муқарраршуда буду бош мекунанд.

2. Шаҳрвандони давлати ҳар як Тараф, инчунин бағоҷ, бор ва воситаҳои нақлиёти онҳо Сарҳади давлатиро танҳо дар нуқтаҳои гузаргоҳи муқаррарнамудаи Тарафҳо убур карда метавонанд.

3. Ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани корҳои наҷотдиҳии таъҷилӣ дар вақти офатҳо кормандони дахлдор тибқи рӯйхат ва шаҳодатномаи тасдиқнамудаи мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо сарҳадро дар вақт ва маҳалли мувофиқашуда убур менамоянд.

Моддаи 18

Масъалаҳои марбут ба тартиби соддакардашуда убур кардани сарҳад аз тарафи сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ, шахсон, ки сохтмонва истифодаи объектҳои инфраструктураи байнисарҳадиро амалӣ менамоянд, кормандон ва меҳмонони минтақаҳои махсус муайяншудаи озоди иқтисодӣ ва бозорҳои савдои наздисарҳадӣ, бо созишномаи мувофиқ байни Тарафҳо ё мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 19

1. Робитаҳои нақлиётии байнисарҳадӣ мутобиқи созишномаҳои дахлдори байни Тарафҳо ё мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо амалӣ карда мешаванд.

2. Киштиҳои ҳавоӣ Сарҳади давлатиро мутобиқи созишномаҳои дахлдори байни Тарафҳо ё мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо убур менамоянд.

Моддаи 20

1. Муқарраркунӣ, фаъолият, пӯшидан, тағйир додани мақом ва муваққатан кушодан ё пӯшидани нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ мутобиқи созишномаҳои дахлдори байни Тарафҳо муайян карда мешаванд.

2. Мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо бояд механизмҳои ҳамкориро оид ба масъалаҳои низоми кори нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ, ки ба истифодаи самараноки он мусоидат менамояд, созмон диҳанд.

Моддаи 21

Тарафҳо метавонанд убури сарҳади давлатиро аз тарафи шахсон ва бағоҷи онҳо, борҳо, воситаҳои нақлиёт аз рӯи нуқтаи назари амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, сабабҳои санитарӣ, бо сабабҳои офатҳои табиӣ ё ҳолатҳои қувваҳои рафънопазир қатъ намоянд ё маҳдуд созанд. Мутобиқи созишномаҳои дахлдори байни Тарафҳо яке аз Тарафҳо

Тарафи дигарро оид ба ворид намудани маҳдудиятҳои мазкур пешбинӣ огоҳ месозад.

Фасли IV Системаи робита дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ

Моддаи 22

1. Тарафҳо ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва сайеҳӣ байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои убури сарҳад аз ҷониби шахсон ва мубодилаи мол мусоидат менамоянд ва шаклҳои гуногуни ҳамкории сарҳадиро дастгирӣ менамоянд. Тарафҳо ё мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо оид ба ин масъалаҳо метавонанд созишномаҳои дахлдор банданд.

2. Мақомоти салоҳиятдор мутобиқи қонуигузории давлатҳои худ ба амалӣ намудани созишқои марбут ба рушдн робитаҳои иқтисодӣ байни ноҳияхои наздисархадй мусоидатменамоянд.

3. Ҳангоми амалӣ намудани робитаҳои иқтисодй’байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ макомоти салохиятдори Тарафхо мутобиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ва созишномаҳои дахлдори байни Тарафх,о бояд ҷихати пешгирй намудани ҳамаи вамудҳои фаъолияти ҷиноятии байнисархадӣ ва мубориза бар зидци онхо чораҳои зарурӣ андешанд.

Моддаи 23

1. Тарафҳо барои барқарор намудани робитаҳо ва ташаккули ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар сатҳи гуногун мусоидат менамоянд.

2. Тарафҳо барои амалӣ намудани робитаҳои корӣ ва ҳамкорӣ байни мақомоти дахлдори сарҳадӣ, гумрукӣ, назорати санитарию карантинӣ, идораҳои хоҷагии об, иктишофи гидрологӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ ва ғ. мусоидат менамоянд.

3. Тарафҳо рӯйхати маъмурӣ-ҳудудии ноҳияҳои наздисарҳадиро мутобиқи Замимаи № 6 ба Созишномаи мазкур муайян менамоянд ва сари вақт якдигарро дар бораи тағйирот, ки бо тақсимоти маъмурӣҳудудии ноҳияҳои наздисарҳадӣ алоқаманданд, огоҳ месозанд.

Фасли VII Ҳал намудани ҳодисаҳои сарҳадӣ

Моддаи 24

Намояндагони сарҳадӣ ё мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо ҳамкориро нисбати пешгирӣ ва ҳаллу фасли моҷароҳои сарҳадӣ амалӣ месозанд, аз ҷумла:

- вайрон намудан, аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчонидан, хароб намудани аломатҳои сарҳадӣ ва дигар иншооти сарҳадӣ;

- тирпарронӣ тавасути сарҳади давлатӣ;

- расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони давлати ҳар як Тараф, ки он дар натиҷаи амал тавассути сарҳади давлатӣ ё ҳангоми убури он ба амал омадааст;

- воридшавӣ ва тахрибкории террористон ё ҷудоихоҳон;

- ғорат, рабудан, вайрон намудани амвол дар қаламрави давлати Тарафи дигар;

- убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ аз тарафи шахсон, ҳайвонот, воситаҳои нақлиёт (киштиҳои ҳавоӣ, автомобилҳо);

- убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ бо мақсади истеҳсол, коркард, шикор ва амалӣ намудани фаъолияти дигари хоҷагидорӣ;

- интиқоли ғайриқонунии шахсон ва бор тавассути Сарҳади давлатӣ;

- қочоқи маводи нашъаовар, яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ;

- паҳн намудани сӯхтор, обхезӣ ё дигар офати табиӣ тавассути Сарҳади давлатӣ;

- паҳн намудани бемориҳои эпидемиологӣ дар байни одамон, ҳайвонот, бемории растаниҳо ва растаниҳои хоҷагии қишлоқ, ки бо ҳашароти зараровар ба вуҷуд омадааст ё дигар офатҳо;

- ифлосшавии ҷӯйҳои хушкшаванда дар Сархади давлатӣ ва обҳое, ки сарҳади давлатиро убур менамоянд;

- дигар моҷароҳои сарҳадӣ.

2. Моҷароҳое, ки дар мавриди танзими онҳо намояндагони сарҳадӣ ба мувофиқа наомаданд, бо тариқи дипломатӣ ҳал карда мешаванд. Ғайр аз ин ҳар намояндаи сарҳадӣ ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ ҳар масъалаи дорои аҳамияти муҳимро барои ҳал ба тариқи дипломатӣ пешниҳод намояд ва дар ин хусус намояндаи сарҳадии Тарафи дигарро огоҳ созад.

Моддаи 25

1. Намояндагони сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо барои пешгирӣ ва қатъи амали шахсон оид ба убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ва амалӣ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

2. Намояндагони сарҳадӣ ё мақомоти салоҳиятдор даъвоҳоро нисбати ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи ҳодисаи сархадӣ ба амал омадааст, якҷоя тафтиш ва ба мувофиқаи якдигар танзим менамоянд.

3. Намояндагони сарҳадӣ ё мақомоти салоҳиятдор ҳамзамон бо ҳалли ҳодисаи сарҳадӣ, инчунин масоили баргардонидани амволеро, ки дар қаламрави давлати Тарафи дигар қарор гирифтааст, ҳал менамоянд.

Моддаи 26

1. Дар сурати ошкор кардани сарҳадшиканон ё ин ки аломатҳои вайрон намудани Сарҳади давлатӣ, намояндагони сарҳадӣ якҷоя бо мақомоти салоҳиятдор ҷустуҷӯ ва муайян кардани шахсияти сарҳадшиканонро дар ҳудуди давлати худ амалӣ менамоянд ва ҷониби дигарро сари вақт огоҳ месозанд.

2. Намояндагони сарҳадӣ якҷоя бо мақомоти салоҳиятдор дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин тафтишотро нисбати шахсони сарҳадшикан ба иҷро расонида, шахсияти онҳо, сабабу омилҳои убури ғайриқонунии Сарҳади давлатиро муайян намуда, шахси дастгиршударо дар муддати ҳафт рӯз аз вақти боздошт ба ҷониби давлате, ки аз ҳудуди сарҳадшиканӣ содир шудааст, месупоранд.

Дар сурати дар мӯҳлатҳои муқаррагардида имконнопазир гардидани супоридан ва ё қабул намудани сарҳадшикан, як Тараф ба мақомоти салоҳиятдор ё намояндагони сарҳадии Тарафи дигар иттилоотро оид ба шахс, сабабҳои сари вақт супорида нашудан ва ё қабул нашудани он шахс пешниҳод менамояд.

3. Агар шахсе, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунии убур мекунад, шаҳрванди давлате бошад, ки дар ҳудуди он боздошт шудаасту ба ҷониби дигар супорида намешавад.

4. Агар шахси сарҳадшикан дар ҳудуди давлате, ки боздошт мешавад, дигар амалҳои ҷиноятӣ содир карда бошад, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тарафи боздоштнамуда тибқи қонунгузории давлатии худ метавонанд шахси дастгиршударо ба мӯҳлати зарурӣ барои муайян намудани ҳолати амалҳои ҷиноии ӯ нигоҳ доранд.

Дар ин ҳолат намояндагони сарҳадӣ ё ки мақомоти салоҳиятдори Тарафи боздошткарда доир ба шахсияти сарҳадшикан, дар ҳудуди давлати Тарафи дастгирнамуда содир кардани амалҳои ҷиноӣ, чораҳои нисбати ӯ татбиқгашта ва натиҷаҳои тафтишот маълумот пешниҳод менамояд.

5. Ҳангоми супоридани шахси сарҳадшикан намояндагони сарҳадӣ ва мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафе, ки шахсро дастгир кардааст, ба намояндагони сарҳадӣ ё мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи қабулкунанда далели вайрон кардани Сарҳади давлатиро аз ҷониби ҳамин шахс пешниҳод менамояд, инчунин воситаи нақлиёти барои сарҳадшиканӣ истифодашуда ва моликияти аз қаламрави Тарафи қабулкунанда интиқолгардидаро месупоранд.

6. Тартиби супоридани шахси вайронкардаи Сарҳади давлатӣ аз ҷониби намояндагони сарҳадӣ ё мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо мувофиқа ва муайян карда мешавад. Санади супоридани шахс мувофиқи Замимаи № 7 ба Созишномаи мазкур тартиб дода мешавад.

Моддаи 27

1. Ҳуқуқу манфиатҳои шахсе, ки Сарҳади давлатиро вайрон кардааст, дар асоси қонунгузории давлати худ ва шартномаҳои байналмилалие, ки ҳарду давлат иштирокчии он мебошанд, таъмин мегардад.

Мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо нисбати вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ чораҳои ғайрибашардӯстона намеандешанд ва муносибати дағалона намекунанд.

2. Нисбати вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ агар аз ҷониби онҳо бевосита ба ҳаёт ва бехатарии сарҳадбонон ва шахсони дигар таҳдид нашавад, яроқ истифода намегардад.

Қабл аз истифодаи яроқ нисбати вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ дар бораи истифодаи он бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад. Истифодаи яроқ танҳо бо мақсади пешгирии самараноки амалҳои ғайриқонунӣ маҳдуд мешавад.

3. Ба вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ, ки ҳангоми боздошт ҷароҳат бардоштаанд, бетаъхир ёрии аввалини тиббӣ расонида мешавад.

Моддаи 28

1. Дар ҳолати дарёфти ҷасадҳои шахсони номаълум дар назди Сарҳади давлатӣ намояндагони сарҳадӣ ё мақомоти салоҳиятдор мансубияти онҳоро муайян менамоянд. Дар ҳолати зарурат корҳои муайянкунии шахсият якҷоя гузаронида шуда, масъалаҳо вобаста ба супоридан ва роҳҳои ҳалли мушкилоти пешомада мувофиқа карда мешаванд.

2. Тартиби супоридани ҷасадҳои одамон аз ҷониби намояндагони сарҳадӣ ё мақомоти дахлдори Тарафҳо мувофиқа ва муайян карда мешавад. Санади супоридан мувофиқи Замимаи № 8 ба Созишномаи мазкур тартиб дода мешавад.

3. Дар ҳолати дар наздикии Сарҳади давлатӣ дарёфт шудани ашёи номуайян ё ҷасади ҳайвонот ҷиҳати муайян намудани мансубияти онҳо, супоридан ё нобуд кардани онҳо чораҳо андешида мешаванд.

Моддаи 29

1. Мақомоти салоҳиятдори яке аз Тарафҳо, ки дар фазои ҳавоии давлати худ далели аз ҷониби киштии ҳавоӣ ғайриқонунӣ убур кардани Сарҳади давлатиро аз фазои ҳавоии давлати дигар муайян мекунанд, таъҷилан мақомоти салоҳиятдори Тарафи дигарро доир ба хусусиятҳои киштии ҳавоии сарҳадшикан, вақт, ҷой (бо нишон додани координатҳои ҷуғрофӣ), баландӣ ва самти парвоз (курс) хабардор менамоянд.

Мақомоти салоҳиятдори Тарафе, ки дар ҳудуди давлати он киштии ҳавоӣ то убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ қарор дошта, дар хусуси убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ аз ҷониби ин киштии ҳавоӣ иттилоот гирифтаанд, ҳолати убури ғайриқонунии Сарҳади давлатиро сари вақт муайян намуда, ба мақомоти салоҳиятдори Тарафи дигар оид ба сабабҳои убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ маълумот медиҳанд.

Тарафе, ки дар ҳудуди давлати он киштии ҳавоӣ то убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ қарор дошт ё мақомоти салоҳиятдори он дар мавриди набудани иттилооти дахлдор оид ба киштии ҳавоии мазкур мақомоти салоҳиятдори Тарафи дигарро хабардор намуда, барои муайян намудани он чора меандешанд.

2. Мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо ҳолатҳои убури ғайриқонунии Сарҳади давлатиро якҷоя баррасӣ менамоянд.

3. Тартиби мубодилаи иттилоот оид ба убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ тавассути киштии ҳавоӣ мувофиқи созишномаҳои байни мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо ба танзим дароварда мешавад.

Фасли VIII Намояндагони сарҳадӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва тартиби кор

Моддаи 30

3. Тарафҳо мутобиқ ба қонунгузории давлатҳои худ ва созишномаи мазкур намояндагони сарҳадӣ ва муовинони онҳоро дар қитъаҳои муайяни сарҳади давлатӣ таъин менамоянд ва якдигарро оид ба таъини намояндагони сарҳадӣ ва муовинони онҳо огоҳ месозанд.

Қитъаҳои фаъолияти намояндагони сарҳадӣ ва минтақаи вохӯрии онҳо дар асоси Замимаи №9 ба Созишномаи мазкур муайян карда мешавад.

2. Намояндагони сарҳадӣ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории давлатҳои худ, Созишномаи мазкур ва дигар шартномаи дуҷониба оид ба масъалаҳои Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд.

3. Мувофиқа ва ҳаллу фасли моҷароҳои сарҳадӣ байни намояндагони сарҳадии Тарафҳо бо иштироки ҳамон мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо сурат мегирад, ки масъалаи мазкур ба салоҳияти онҳо марбут мебошад.

4. Ҳангоми набудани намояндаи сарҳадӣ ба яке аз муовинони ӯ ҳуқуқ дода шуда, ӯҳдадориҳои ӯро иҷро менамояд.

5. Намояндагони сарҳадӣ мувофиқи тартиби муқаррагардида метавонанд ёварони намояндаи сарҳадӣ, котиб, тарҷумон ва афсарони алоқа ва дигаронро таъин намояд.

Моддаи 31

1. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки аз Созишномаи мазкур бармеоянд ба намояндагони сарҳадӣ, муовинон, ёварони онҳо ва дигар кормандони яке аз Тарафҳо дар ҳудуди давлати Тарафи дигар амнияти шахсӣ, дахлнопазирии ҳуҷҷатҳои хизматӣ ва моликияти онҳо кафолат дода мешавад. Воситаҳои нақлиёт, ҳуҷҷатҳо ва ашёӣ шахсии онҳо тавассути сарҳади давлатӣ бидуни тафтишу санҷиш интиқол меёбанд.

2. Тарафҳо бояд ба шахсони дар банди якуми моддаи мазкур номбаршуда, ки дар ҳудуди давлати онҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки аз Созишномаи мазкур бармеоянд, қарор доранд, мусоидат намуда, инчунин онҳоро бо утоқи корӣ ва воситаҳои нақлиёт таъмин кунанд.

3. Шахсони дар банди якуми моддаи мазкур номбаршуда ҳангоми будубош дар ҳудуди давлати Тарафи дигар вазифадоранд, ки қонунҳои давлати будубошашонро риоя намоянд.

Моддаи 32

1. Дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи Созишномаи мазкур намояндагони сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва мақомоти салоҳиятдор нақшаи солонаи чорабиниҳои муштаракро оид ба таъмини низоми Сарҳади давлатӣ дар ҳудуди қитъаи фаъолияташон таҳия намуда, иҷрои онро таъмин менамоянд.

2. Намояндагони сарҳадии Тарафҳо ба алоқа ва ҳамкории байни мақомоти сарҳадии давлатҳо мусоидат менамоянд.

Моддаи 33

1. Бо мақсади таъмини низоми сарҳади давлатӣ, пешгирӣ ва ҳалли моҷароҳои сарҳадӣ, намояндагони сарҳадӣ дар ҳолати зарурат табодули иттилооти зеринро ба роҳ мемонанд:

- оид ба вазъият дар Сарҳади давлатӣ ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ, доир ба дигаргуниҳои эҳтимолӣ ва дигаргуниҳои аллакай баамаломада;

- оид ба тадбирҳое, ки дар самти таъмини низоми Сарҳади давлатӣ ва пешгирии қазияҳои сарҳадӣ андешида мешаванд;

- оид ба эҳтимолият ё тайёрии убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ;

- оид ба шахсиятҳое, ки кӯшиши убури ғайриқонунии Сарҳади давлатиро доранд, ҳамчунин доир ба ашхоси сарҳадшикани шахсияташон муайяншуда ва дар ҳудуди давлатҳои худ боздоштшуда;

- оид ба амалҳои эҳтимолии террористӣ ва ҷудоихоҳона дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ.

Моддаи 34

1. Намояндагони сарҳадии давлатҳои Тарафҳо ё муовинони онҳо фаъолияти якҷояро дар ҷаласаю вохӯриҳо, тадқиқотҳои якҷоя ва табодули мактубҳо ба роҳ мемонанд. Ҷаласаҳо, аз рӯи қоида, бо навбат дар ҳудуди давлатҳои Тарафҳо гузаронида мешаванд.

Аз рӯи натиҷаи ҷаласаҳо протокол дар ду нусха ҳар кадом бо забони тоҷикӣ, хитоӣ ва русӣ тартиб дода шуда, бо имзои намояндагони сарҳадӣ тасдиқ карда мешавад. Дар протоколҳои ҷаласаҳо рафти ҷаласа, қарорҳои қабулшуда, чораҳо ва мӯҳлати иҷрои онҳо инъикос карда мешавад.

Баъзе масъалаҳо метавонанд аз ҷониби намояндагони сарҳадӣ бо роҳи мукотиба ва дигар усулҳо ҳаллу фасл гарданд.

2. Вохӯриҳои ёварони намояндагони сарҳадӣ танҳо дар асоси супоришҳои намояндагони сарҳадӣ сурат мегиранд. Шакли вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони сарҳадии Тарафҳо мувофиқа карда мешавад. Аз рӯи натиҷаи вохӯрии ёварон протокол тартиб дода мешавад, ки баъди аз ҷониби намояндагони сарҳадӣ тасдиқ шуданаш эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 35

1. Намояндагони сарҳадии Тарафҳо бояд қарорҳои қабулшударо оид ба ҳалли моҷароҳои сарҳадӣ якҷоя иҷро намоянд ва доир ба чораҳои бо мақсади иҷрои онҳо андешидашуда ҳамдигарро сари вақт хабардор намоянд.

2. Дар ҳолате, ки намояндагони сарҳадӣ доир ба ҳалли моҷароҳои сарҳадӣ ба мувофиқа нарасанд, масъалаи мазкур тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳал карда мешавад.

Моддаи 36

1. Агар намояндаи сарҳадии як Тараф хоҳиши баргузор намудани ҷаласаро дошта бошад, он гоҳ ӯ бояд Тарафи дигарро ҳафт рӯз қабл аз ҷаласа доир ба вақт, макон, рӯзномаи ҷаласа ва ҳайати иштирокчиён хабардор намояд. Посух ба пешниҳоди мазкур бояд на бештар аз панҷ рӯз баъди қабули он дода шавад. Аз рӯи имконият ҷаласа бояд дар вақти пешниҳодшуда баргузор гардад, агар мӯҳлати пешниқодгардидаи ҷаласа қобили қабул набошад, дар посух бояд санаи дигар нишон дода шавад.

2. Дар ҷаласае, ки бо пешниҳоди намояндаи сарҳадии давлати яке аз Тарафҳо баргузор мегардад, намояндаи сарҳадии давлати Тарафи дигар бояд шахсан иштирок намояд.

Агар ӯ бо сабаби сафари хизматӣ, рухсатии меҳнатӣ, вазъи саломатӣ ва ғайра иштирок карда натавонад, он гоҳ ӯро муовинаш иваз менамояд, ки доир ба ин намояндаи сарҳадии тарафи дигар пешакӣ огоҳ карда мешавад.

3. Намояндаи сарҳадии давлати ягон Тараф наметавонад бе сабабҳои узрнок баргузории ҷаласа ё вохӯрии пешниҳодшударо рад намояд.

4. Ҷаласа ва вохӯриҳо аслан дар вақти қонунии кории Тарафҳо ва дар ҳолатҳои фаврӣ ҳар вақт гузаронида мешаванд.

Моддаи 37

1. Дар асоси мувофиқаи пешакӣ намояндагони сарҳадӣ, муовинон ва ёварони онҳо метавонанд бо мақсади ҳалли моҷароҳои сарҳадӣ дар маҳалҳо тафтишоти муштарак гузаронанд. Дар ҳолати зарурӣ ба маҳалли қазия коршиносон, шоҳидон ва ҷабрдидагон даъват карда мешаванд.

Ҳар Тараф хароҷоти марбут ба баргузории тафтишоти якҷояро мутаносибан амалӣ менамояд.

Аз рӯи натиҷаи тафтишот санадҳои муштарак тартиб дода шуда, аз тарафи намояндагони сарҳадии Тарафҳо ба имзо мерасанд.

2. Дар сурати аз ҷониби намояндагони сарҳадӣ пайдо шудани андешаҳои гуногун доир ба сабабу омилҳо, ҳолат ва оқибатҳои моҷарои баррасишаванда, онҳо дар санадҳои муштарак инъикос мегарданд.

Моддаи 38

1. Намояндагони сарҳадӣ ва муовинони онҳо метавонанд дар асоси шаҳодатномаҳои хаттӣ мутобиқи Замимаи №10 Созишномаи мазкур Сарҳади давлатиро убур намоянд.

2. Ёварони намояндагони сарҳадӣ, котибон, тарҷумонҳо ва афсарони алоқа метавонанд дар асоси шаҳодатномае, ки аз тарафи намояндаи сарҳадӣ мутобиқи замимаи №11 ба Созишномаи мазкур дода мешаванд, Сарҳади давлатиро убур намоянд.

3. Коршиносон ва дигар шахсоне, ки иштирокашон дар ҳалли ин ё он масъала зарурат дорад, метавонанд дар асоси шаҳодатномаи яккарата, ки аз тарафи намояндаи сарҳадӣ барои убури Сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой ба ҳарду тараф мутобиқ ба Замимаи №12 ба Созишномаи мазкур дода мешавад, Сарҳади давлатиро убур намоянд.

4. Убури сарҳади давлатӣ аз тарафи шахсони дар бандҳои 1, 2 ва 3 зикргардида танҳо дар қитьаҳои пешакӣ мувофиқашуда амалӣ мегардад. Дар хусуси сана ва вақти аниқи ҳар як убури сарҳади давлатӣ Тарафи дигар на камтар аз 24 соат пештар огоҳ карда мешавад.

Моддаи 39

1. Қабул ва супоридани шахсони Сарҳади давлатиро вайронкарда, ҷасадҳои одамон, ҳайвонот ва амвол, мубодилаи мукотибот дар ҷойҳои аз тарафи намояндагони сарҳади давлатҳои Тарафҳо мувофиқашуда сурат мегирад. Усулҳои мушаххаси алоқа дар мувофиқа байни намояндагони сарҳадӣ муайян карда мешавад.

2. Супоридани шахсони Сарҳади давлатиро вайронкарда ва ҷасадҳои одамон шахсан аз ҷониби намояндагони сарҳадӣ, муовинон ё ёварони онҳо амалӣ мегардад. Супоридани ҳайвонот, амвол ва мукотибот метавонад аз ҷониби дигар кормандон дар асоси супориши намояндагони сарҳадӣ амалӣ карда шавад.

3. Қабулу супоридани мукотибот, ҳайвоноти сарҳадро убур карда ва амвол дар асоси санадҳо мутобиқи Замимаҳои №13, 14 ва 15 ба Созишномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

Фасли IX Механизми татбиқ

Моддаи 40

Бо максади татбиқи Созишномаи мазкур Тарафҳо Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатиро таъсис медиҳанд, ки он фаъолияташро дар асоси Низомнома оид ба Комиссияи мазкур мутобиқи Замимаи №16 ба Созишномаи мазкур ба роҳ мемонад.

Фасли X Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 41

1. Ҳамаи замимаҳое, ки дар Созишномаи мазкур зикр гардидаанд, ҷузъи ҷудонопазири он мебошанд.

2. Тарафҳо бо мувофиқаи ҳамдигар метавонанд ба Созишномаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид намоянд, ки дар шакли Протоколҳои алоҳида тартиб дода шуда, ҷузъи ҷудонопазири ин Созишнома мебошанд ва бо тартиби пешбининамудаи Созишномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 42

Созишномаи мазкур дар рӯзи 30 аз санаи қабули огоҳиномаи охирини хаттӣ дар хусуси аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани он зарур мебошанд, эътибор пайдо менамояд.

Созишномаи мазкур дар давоми 10 сол эътибор дошта, ба мӯҳлати 10 солаи минбаъда тамдид карда мешавад, агар яке аз Тарафҳо дар мӯҳлати 6 моҳ то ба анҷом расидани мӯҳлати 10 солаи навбатӣ тариқи хаттӣ Тарафи дигарро доир ба қатъ намудани фаъолияти он огоҳ насозад.

5 июни соли 2012 дар шаҳри Пекин дар ду нусха, ҳар кадом ба забонҳои тоҷикӣ, хитоӣ ва русӣ, ки ҳар се матн эътибори якхела доранд, ба имзо расонида шуд.

Дар ҳолати ба амал омадани ихтилофот дар тафсири муқаррароти ин Созишнома, Тарафҳо ба матни забони русӣ афзалият медиҳанд.

Аз ҷониби Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Ҳукумати

Ҷумҳурии Халқии Хитой

Ниг. бо Замимаҳои № 1 - 15

Замимаи № 16

ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи низоми

Сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой

аз "___"___________ соли 201__

Низомномаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ

Мутобиқи моддаи _____ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи низоми Сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой аз "___"__________ соли 2012 (минбаъд Созишнома) муқаррароти зерини Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ (минбаъд Комиссия) қабул карда мешавад.

Фасли I Ҳайати комиссия

Комиссия аз раисони қисматҳои Тарафҳои сатҳи дахлдори бо тартиби қонунгузории миллии ҳар яке аз Тарафҳо пешбинишудаи таъин ва шумораи намояндагоне, ки аз ҷониби Тарафҳо мувофиқа гардидааст, иборат мебошад. Дар ҳолати зарурӣ ба ҳайати комиссия коршиносон ва кормандони техникӣ ворид шуда метавонанд.

Тарафҳо таъиноти аввалинро дар мӯҳлати 3 моҳ баъди эътибор пайдо; кардани Созишнома амалӣ намуда, аз ин ҳолат ҳамдигарро тариқи роҳҳои дипломатӣ огоҳ менамоянд.

Фасли II Вазифаҳои комиссия

Комиссия мутобиқи Созишнома фаъолиятро ба роҳ монда, вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- назорат аз болои ҷараёни амалишавии Созишнома;

- аз рӯи зарурат таъин намудани намояндагони масъул ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои мушаххаси мавзӯи сарҳадӣ;

- баррасии ихтилоф ҳалли нофаҳмоиҳо, ки ҳангоми шарҳи моддаҳои Созишнома дар рафти татбиқи он пайдо мешаванд;

- баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба гузоштани аломатҳои сарҳадӣ, ки барқароркунии онҳо дар ҷои аввала ғайриимкон мебошад;

- ҳалли дигар масъалаҳои муҳиме, ки бо риоя намудани низоми Сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой вобастаанд.

Фасли III Шакли кори комиссия

1. Комиссия фаъолияти худро тавассути гузаронидани ҷаласаҳои умумӣ ё вохӯрии раисони қисматҳои он амалӣ месозад,ки натиҷаи ниҳоии онҳо дар протоколҳо дар 2 нусха, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хитойӣ, тартиб дода шуда, баъди имзои раисони қисмҳои Комиссия қувваи қонунӣ пайдо мекунанд. Дар ҳолати имконияти ширкат надоштани яке аз қисмҳои Тарафҳо дар ҷаласа ё вохӯрӣ, бо супориши ӯ Протокол аз ҷониби аъзои Комиссияи қисмати дахлдори он ба имзо мерасад.

Фасли IV Тартиби вохӯриҳои Комиссия

1. Дар доираи Комиссия ҷаласаи умумӣ ё вохӯрии раисон гузаронида мешавад.

Ҷаласаҳои умумии Комиссия дар як сол як маротиба бо навбат дар ҳудуди давлати ҳар яке аз Тарафҳо гузаронида мешаванд. Ҷаласаи яқуми комиссия давоми сол баъди эътибор пайдо кардани Созишнома гузаронида мешавад. Вақт, макон ва рӯзномаи ҷаласа тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешаванд.

Дар ҳолати зарурӣ ҳар як ҳамраиси Комиссия метавонад гузаронидани вохӯрии раисонро пешниҳод намояд.

Дар ҳолати зарурӣ барои иштирок дар ҷаласаҳо ва вохӯриҳои раисон метавонанд коршиносони давлатҳои Тарафҳоро даъват шаванд.

2. Дар ҷаласаи умумӣ ва вохӯрии раисон роҳбари он қисмати Комиссия, ки дар ҳудуди давлати он ҷаласа гузаронида мешавад, раисӣ менамояд.

3. Комиссия ба таври мустақил регламентро таҳия менамояд, ки он баъди қабули дар ҷаласаи умумӣ кувваи қонунӣ пайдо мекунад.

4. Забонҳои кории комиссия забонҳои тоҷикӣ, хитойӣ ва русӣ мебошанд.

Фасли V Хароҷоти комиссия

1. Тарафе, ки дар ҳудуди он ҷаласаи умумӣ ё вохӯрии раисони Комиссия гузаронида мешавад, утоқи корӣ ва нақлиётро пешкаш менамояд. Дигар хароҷоти Тарафҳо мустақилона пардохт карда мешаванд.

2. Пешниҳодот оиди дигар хароҷоти Комиссия дар ҷаласаи умумӣ ё вохӯрӣ баррасӣ шуда, пас аз маъқул донистани он аз ҷониби ҳукуматҳои давлатҳои Тарафҳо амалӣ карда мешавад.