Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 феврали соли 2013, № 27
тасдиқ шудааст
Барномаи табодул байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон (ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд);
бо майли густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф;
таъсири амиқи таҳсилотро дар сарчашмаҳои инсонӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба эътибор гирифта;
ба манфиати тарафайн будани робитаҳои ҳарчи зиёдро байни ду кишвар дар соҳаи маориф эътироф намуда;
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, маориф, илм, воситаҳои ахбори умум (аз ҷумла кинематография) ва варзиш, ки 15-уми феврали соли 1993 ба имзо расидааст ба назар гирифта;
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи I
Тарафҳо ба таври зарурӣ барои рушди робита ва ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимии ду Ҳукумат, ки ба эҳтиёҷоти омӯзишию таълимии онҳо асос ёфтаанд, мусоидат менамоянд. Онҳо метавонанд фаъолиятҳои зерин ё қисмате аз онҳоро дар бар гирифта бошанд:
i) Табодули маводҳои тадқиқотӣ, нашриёт, адабиёти таълимӣ, маводҳои таълимӣ, маводҳои намоишӣ ва маълумот;
ii) Ташкил намудани конференсия, намоишгоҳ ва семинарҳои муштарак;
iii) Ташкил намудани барномаҳои таҳқиқотӣ ва нашриётии муштарак;
iv) Ташкил намудани барномаҳои омӯзишӣ барои масъулони соҳаи маориф ва омӯзгорон;
v) Табодули ҳайати академӣ ва дигар масъулон;
vi) Табодули олимон, омӯзгорон, коршиносон ва донишҷӯён;
vii) Омодагии муштарак байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
viii) Тақвият додани барномаҳои дуҷониба байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии дорои таҷрибаи пешқадам;
ix) Омӯзиши имконияти эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои таҳсилотӣ;
x) Таъсиси кафедра оид ба омӯзишҳои муосир;
хi) Таъмин намудани стипендияҳо барои таҳсили минбаъда дар муассисаҳои таҳсилоти олии эътирофгардида;
xii) Мусоидати муштарак дар соҳаҳои технологияи информатсионӣ, маълумотнокии компютерӣ, математика ва илм;
xiii) Дигар фаъолиятҳо бо мувофиқаи Тарафҳо.
Моддаи II
Моҳият, андоза ва иҷрои фаъолиятҳо ё ҳамкориҳо дар доираи Барномаи табодули таҳсилотии мазкур мумкин аст боиси тавофуқҳои боз ҳам аниқ, ки байни муассисаҳои интихобшуда дар ду кишвар бар асос ва дар доираи шартҳои ин Барномаи табодули таҳсилотӣ баста мешаванд гардад.
Моддаи III
Зимни иҷроиши Барномаи табодули таҳсилӣ, мустақилияти пурраи Тарафҳо коҳиш наёфта, набояд ягон маҷбурӣ ё ӯҳдадориҳои молиявӣ аз ягон Тараф эҷод шавад.
Моддаи IV
Хароҷотҳо оид ба фаолияти муштарак дар доираи Барномаи мазкур дар доираи шарту шароитҳое, ки аз ҷониби Тарафҳо муайян кардашуда пардохт карда мешавад.
Моддаи V
Аз ҷониби Тарафҳо гурӯҳи кории муштарак барои амалӣ намудани Барномаи мазкур таъсис дода мешавад. Гурӯҳи корӣ тибқи мувофиқа ҷиҳати назорати иҷрои Барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯриҳо мегузаронанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ вохӯрӣ бо машваратҳои дипломатӣ иваз карда мешаванд.
Моддаи VI
Тарафҳо метавонанд барои азнавбинӣ ва тағйиротҳо ба Барномаи мазкур ба таври хаттӣ муроҷиат намоянд, ҳамаи тағйиру иловаҳое, ки ба Барномаи мазкур бо розигии Тарафҳо ворид карда мешавад ба таври хаттӣ гирифта шуда, ҷузъи таркибии Барнома ба ҳисоб меравад. Чунин тағйироту иловаҳо баъд аз вақти муайяннамудаи Тарафҳо қувваи ҳуқуқӣ пайдо мекунад.
Моддаи VII
Ин Барномаи табодули таҳсилоти баъд аз гирифтани огоҳиномаи охирини хаттии ҷонибҳо дар бораи анҷом додани расмиёти дохилӣ эътибор пайдо намуда ва дар муддати панҷ сол амал менамояд. Тарафҳо ҳуқуқ доранд бо сабаби бехатарӣ, тартибот ва саломатии ҷамъиятӣ амалӣ намудани Барномаи мазкурро пурра ё қисман қатъ намояд. Ин Барнома худ ба худ ба муддати панҷ солаи дигар тамдид мешавад, агар яке аз Тарафҳо Тарафи дигарро дар шакли хаттӣ дар бораи нияти худ оид ба қатъ намудани амали он на дертар аз 6 моҳи то ба охир расидани мӯҳлати мутобиқ огоҳ накунад.
Бо тасдиқи он, ки намояндагони зерин бо ваколати ҳукумати марбути худ Барномаи табодули мазкурро дар шаҳри Деҳлӣ "3" сентябри соли 2012 дар ду нусха, ҳар яке бо забонҳои англисӣ, ҳиндӣ ва тоҷикӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд, ба имзо расониданд. Ҳангоми ихтилоф дар шарҳдиҳии матнҳо матни забони англисӣ ҳамчун асос гирифта мешавад.
|
Аз ҷониби Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз ҷониби Ҳукумати
Ҷумҳурии Ҳиндустон |