Барномаи омодагии садамавӣ ва муҳофизати радиатсионӣ барои солҳои 2013-2017 аз 29 декабри соли 2012, № 770

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 770

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2012, № 770

тасдиқ шудааст

Барномаи омодагии садамавӣ ва муҳофизати радиатсионӣ барои солҳои 2013-2017

Муқаддима

1. Барнома омодагии садамавӣ ва муҳофизати радиатсионӣ (минбаъд - Барнома) барои таъмини эътинонамоии фаврии муттафиқона ва якҷояи мақомоти идоракунӣ, қувва ва воситаҳои функсионалӣ ва ҳудудии зернизомҳои Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низом) дар мавриди таҳдид ё баамалоии ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ пешбинӣ гардидааст.

2. Барнома бо дарназардошти талаботи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ, дар асоси Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хавфи офатҳо барои солҳои 2010-2017 таҳия гардида, қисми таркибии Нақшаи миллии омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи давлатии бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда, аз ҷумла марбут ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ мебошад.

1. Ҳолати қонунӣ ва мушкилоти асосӣ

3. Дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми миллии ҳамоҳангсоз ҷиҳати ҳамоҳангсозии баҳодиҳии хатарҳо, огоҳкунӣ ва ҳамкории тамоми ташкилотҳо, ки ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ эътино менамоянд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақоми танзимгар дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4. Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар доираи "Лоиҳа оид ба таҳкими имкониятҳои эътино ба офатҳои табиӣ" аз ҷониби Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират бо дастгирии Ҳукумати Япония анҷом дода шудааст, нишон медиҳад, ки масоили эътинонамоии фаврӣ ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ, нуқтаҳои алоқа (огоҳонӣ), ки огоҳонӣ ва эътиноро ба ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ амалӣ менамоянд, ба пуррагӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян нагардидааст.

Дар банди 13 Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда оварда мешавад, ки "дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ" Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалиёти фаврӣ дар мавриди баамалоии хавфи ҳолатҳои садамавии радиатсионӣ ё рафъи оқибатҳои он ваколат надорад. Бо вуҷуди он салоҳияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Қонуни мазкур қайд нагардидааст, ҳол он ки бояд қайд мешуд.".

Дар банди 14 Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда оварда мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ" салоҳияти махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракуниро пешбинӣ намекунад, инчунин ҳолатҳои фавқулоддаро ҳангоми раванди истифодаи энергияи атомӣ ва мутаносибан ваколати мақомоти давлатиро дар ин ҳолат пешбинӣ наменамояд. Салоҳияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё истинод ба қонуни дахлдор қайд нагардидааст.".

Умуман як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи таҳлилии қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда мавриди таҳлил қарор дода шудаанд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавкулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ" ва хулоса бароварда шуд, ки раванди ягона барои сафарбаркунии қувва ва воситаҳои Низом мавҷуд нест.

...

Утверждена

Постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 29 декабря 2012, № 770

Утверждена

Постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 29 декабря 2012, № 770

Программа аварийной готовности и радиационной защиты на 2013-2017 годы

1. Введение

1. Программа аварийной готовности и радиационной защиты (далееПрограмма) предназначена для обеспечения согласованного оперативного и интегрированного реагирования органов управления, сил и средств функциональных и территориальных подсистем Единой государственной системы предупреждения и ликвидации чрезвычайных ситуаций Республики Таджикистан (далее - Система) в случае угрозы или возникновения радиационной аварийной ситуации.

2. Программа разработана с учетом требований Международного агентства по атомной энергии, на основании Национальной стратегии Республики Таджикистан по управлению риском бедствий на 2010-2016 годы и является составной частью Национального плана готовности к бедствиям и реагирования на чрезвычайные ситуации государственного уровня, утверждаемого постановлением Правительства Республики Таджикистан, в том числе касаемой радиационной аварийной ситуации.

2. Существующее положение и основные проблемы

3. В соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан национальным координирующим органом по координированию оценки угроз, оповещения и взаимодействия всех организаций, осуществляющих реагирование на случай радиационной аварийной ситуации, является Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан. Регулирующим органом в области радиационной безопасности является Агентство по ядерной и радиационной безопасности при Академии наук Республики Таджикистан.

4. Аналитический отчет действующего законодательства в сфере чрезвычайных ситуаций, проведенный в рамках "Проекта по усилению потенциала реагирования на стихийные бедствия", реализованного Международной организацией по миграции при поддержке Правительства Японии, показывает, что вопросы срочного реагирования на радиационные аварийные ситуации, пунктов связи (оповещения), осуществляющих оповещение и реагирование на радиационные аварийные ситуации не определены до конца соответствующими нормативными правовыми актами.

В пункте 13 Аналитического отчета действующего законодательства в сфере чрезвычайных ситуаций приводится, что "в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О радиационной безопасности" Агентство по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан не имеет полномочий на оперативные действия в случае возникновении угрозы радиационной аварийной ситуации или ликвидации ее последствий. В то же время компетенция Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан не указана в настоящем Законе, хотя это должно быть отмечено".

В пункте 14 Аналитического отчета действующего законодательств в сфере чрезвычайных ситуаций приводится, что "Закон Республики Таджикистан "Об использовании ядерной энергии" не предусматривает специальную компетенцию местных исполнительных органов государственной власти и управления, также не предусматривает чрезвычайные ситуации в процессе использования ядерной энергии и соответственно не предусматривает полномочия государственных органов в этом случае. Компетенция Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан или ссылка к соответствующему закону не указана.".

В общем, в Аналитическом отчете действующего законодательства в сфере чрезвычайных ситуаций были проанализированы ряд законов Республики Таджикистан, в том числе Закон Республики Таджикистан "О радиационной безопасности", Закон Республики Таджикистан "Об использовании атомной энергии", Закон Республики Таджикистан "О защите населения и территорий от чрезвычайных ситуаций природного и техногенного характера" и сделан вывод, что нет единого подхода для мобилизации сил и средств Системы.

...