Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 аз 28 ноябри соли 2012, № 984

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2012, № 984

тасдиқ шудааст

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2012, № 984

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015

1. Муқаддима

1. Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии молиявӣ ва ду соли пешбинишаванда бо ҷудо намудани маблағи қарз ба қарздиҳандаҳо ва бахшҳои иқтисодиёт ва бо назардошти қарзгириҳои нави банақшагирифташуда, инчунин маълумоти муқоисавиро оид ба азхудкунии маблағҳои грантӣ ва қарзӣ дар бар мегирад (замимаҳои 1А, 1Б, 2А, 2Б ва 3).

2. Барномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад" ва Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 -2014 таҳия шудааст ва ба сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки афзалиятҳои асосиаш дар Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 муқаррар гардида ҷиҳати ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нигаронидашударо инъикос мекунад, мутобиқат менамояд.

3. Тайи солҳои охир бо саъю кӯшиши доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз нав ба расмият даровардани қарз, инчунин афзоиши устувори иқтисодиёти мамлакат, вазъи қарзи беруна дар кишвар беҳтар гардид ва то 1 июли соли 2012 қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 127,36 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин ба 29,71 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

4. Сатҳи пасти қарзи беруна вазъи молиявии мамлакатро устувор гардонида, маблағи қаблан барои хизматрасонии қарзҳои беруна пешбинишударо барои татбиқи лоиҳаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар равона месозад.

2. Мақсадҳо ва вазифаҳои асосӣ

5. Мақсади асосии Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баланд бардоштани самаранокии назорат ҷиҳати ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад, ки ба принсипҳои дар поён номбаршудаи Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ ифода мегардад:

- то ҳадди имкон маҳдуд кардани қабули ӯҳдадориҳо оид ба ҷалби қарзҳои давлатҳои хориҷӣ ва қарзҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ аз рӯи лоиҳаҳои наве, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

- ҷалби қарзҳо барои маблағгузориҳои хароҷоти лоиҳаҳои ҳоло татбиқшаванда бо мақсади ба анҷом расонидани онҳо;

...

Утверждена

 Постановлением

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

 Республики Таджикистан

от 28 ноября 2012 года, № 984

Утверждена

 Постановлением

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

 Республики Таджикистан

от 28 ноября 2012 года, № 984

Программа государственных внешних заимствований Республики Таджикистан на 2013-2015 годы

1. Введение

1. Программа государственных внешних заимствований Республики Таджикистан представляет собой перечень внешних заимствований Республики Таджикистан на очередной финансовый год и два прогнозных года с разделением заимствований по кредиторам и секторам экономики, и с учётом новых планируемых заимствований, а также сравнительной информации по освоению грантовых и кредитных средств (приложения 1А, 1Б, 2А, 2Б и 3).

2. Данная программа разработана на основании Закона Республики Таджикистан "О государственном и гарантированном государством заимствовании и долге" и Стратегии управления государственным долгом на 2012,2014 годы и соответствует экономической политике Правительства Республики Таджикистан, отражающей основные приоритеты, установленные в Национальной Стратегии Развития Республики Таджикистан на период до 2015 года, направленных на достижение Целей Развития Тысячелетия.

3. За последние годы благодаря постоянным усилиям Правительства Республики Таджикистан в реструктуризации долга, а также стабильном росте экономики страны, состояние внешнего долга в стране улучшилось, и на 1 июля 2012 года объем внешнего долга Республики Таджикистан составил 2 127,36 млн. долларов США, что составляет 29,71 процента к Валовому внутреннему продукту.

4. Низкий уровень внешнего долга способствует финансовой устойчивости страны и дает возможность направить средства, ранее предусмотренные на обслуживание внешнего долга, на реализацию экономических и социальных проектов.

2. Основные цели и задачи

5. Основной целью Программы государственных внешних заимствований Республики Таджикистан на 2013-2015 годы является повышение эффективности контроля привлечения иностранных кредитов в Республику Таджикистан и недопущения неконтролируемого накопления внешнего долга, которая выражается в ниже перечисленных принципах в рамках Стратегии управления государственным долгом:

- предельное ограничение принятия обязательств по привлечению кредитов иностранных государств и займов международных финансовых организаций по новым проектам, финансируемым из государственного бюджета;

...