Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ барои солҳои 2013-2016 аз 2 ноябри соли 2012, № 604

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Точикистон

аз 2 ноябри соли 2012, № 604

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Точикистон

аз 2 ноябри соли 2012, № 604

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2016

1. Муқаррароти умумӣ

1. Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ барои солҳои 2013-2016 (минбаъд-Барнома) дар асоси таҷрибаи таъқиботи ҷиноятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, ба таъмини чораҳои амниятии бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" аз 29 декабри соли 2010, № 644 (минбаъдҚонун) пешбинигардида равона карда шудааст.

2. Дар ҷараёни амалӣ гардонидани Барнома чораҳои ҳимояи давлатӣ нисбат ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, хешовандони наздики онҳо ё шахсони дигар, ки барои пешгирӣ ва кушодани ҷиноят мусоидат мекунанд, дар рафти гузаронидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, тафтишоти пешакӣ ва баррасии судии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, дигар категорияи ҷиноятҳо бар зидди амнияти давлатӣ, иқтисодӣ, шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, дорои хусусияти коррупсионӣ татбиқ карда мешаванд.

3. Амалӣ гардонидани Барнома баҳри таъмини амнияту бехатарии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ҷамъоварии маълумоти зарурии оморӣ ва таҷрибаи татбиқи ин ё он намуди ҳимояи давлатӣ, инчунин татбиқи яквақтаи якчанд чораҳо нисбати як шахси ҳимояшавандаро таъмин менамояд.

4. Натиҷаҳои амалигардонии Барнома ҳангоми омода намудани таклифҳо оид ба такмили чораҳои ҳимояи давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти шахсони ҳимояшаванда, инчунин дар мавриди коркарди нишондиҳандаҳои самаранокӣ марбут ба татбиқи чораҳои ҳимояи давлатӣ, тартибу усулҳо ва меъёрҳои баҳогузории онҳо истифода карда мешаванд.

2. Мақсад ва мӯҳлати амалӣ гардонидани Барнома

5. Мувофиқи Қонун мақсади Барнома амалӣ намудани чораҳои ҳимояи давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошад. Барнома дар солҳои 2013-2016 амалӣ мегардад.

3. Иштирокчиёни Барнома

6. Ҳамоҳангсози Барнома - Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 ноября 2012 года, № 6О4

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 ноября 2012 года, № 6О4

ГОСУДАРСТВЕННАЯ ПРОГРАММА ОБЕСПЕЧЕНИЯ БЕЗОПАСНОСТИ УЧАСТНИКОВ УГОЛОВНОГО СУДОПРОИЗВОДСТВА НА 2013 - 2016 ГОДЫ

1. Общие положения

1. Государственная программа обеспечения безопасности участников уголовного судопроизводства на 2013-2016 года (далееПрограмма) разработана на основании опыта уголовных преследований правоохранительных органов: органов. внутренних дел Республики Таджикистан, государственного органа национальной безопасности Республики Таджикистан, органа государственного финансового контроля и борьбы с коррупцией Республики Таджикистан, органа по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан и направлена на обеспечение мер безопасности, определяемые Законом Республики Таджикистан "О государственной защите участников уголовного судопроизводства" от 29 декабря 2010 года, №644 (далее Закон).

2. В процессе реализации Программы меры государственной защиты применяются в отношении участников уголовного судопроизводства, их близких родственников или других лиц, содействующих пресечению и раскрытию преступлений в ходе проведения оперативно-розыскных мероприятий, предварительного следствия и судебного разбирательства по тяжким и особо тяжким преступлениям, других категорий преступлений против государственной безопасности, экономики, граждан, права и свобод граждан, имеющие коррупционный характер.

3. Реализация Программы для обеспечения защиты и безопасности участников уголовного судопроизводства гарантирует сбор необходимых статистических данных и накопление опыта применения той или иной меры государственной защиты, а также одновременного применения нескольких мер в отношении одного защищаемого лица.

4. Результаты реализации Программы будут использованы при подготовке предложений по совершенствованию мер государственной защиты, повышению эффективности деятельности органов государственной власти в сфере обеспечения безопасности защищаемых лиц, а также при разработке показателей эффективности реализации мер государственной защиты, порядок, методики и критериев их оценки.

2. Цель Программы и сроки ее реализации

5. В соответствии с Законом целью Программы является реализация мер государственной защиты потерпевших, свидетелей и иных участников уголовного судопроизводства. Программа осуществляется в 2013 - 2016 годах.

3. Участники Программы

6. Координатором Программы является Министерство внутренних дел Республики Таджикистан.

...