Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 сентябри соли 2005 № 338
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 сентябри соли 2005 № 338
тасдиқ шудааст
Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010
Марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозори, бозсозии сохтор дар иқтисодиёт ва муносибатҳои истеҳсоли ба пешравии занбӯрпарвари, ки яке аз соҳаҳои муҳим ва фоидаовари иқтисодиёти ҷумҳури ба ҳисоб меравад, бетаъсир намонд. Дар натиҷа аз 250 ҳазор оилаи занбӯри асали дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳури дар соли 1992 мавҷудбуда, то 1 январи соли 2005 ҳамаги 49 ҳазор оила боқи мондааст.
Кам шудани оилаҳои занбӯри асал ба дараҷаи гардолудшави ва ҳосилнокии зироатҳои асосии дар ҷумҳури парваришёбанда, аз қабили пахта, юнучқа, растаниҳои ҷангалу чарогоҳҳо, сабзавот, дарахту буттаҳои мевадиҳандаи бо ҳашарот гардолудшаванда (энтомофили) таъсири манфи расонид. Таҷрибаҳои илмию истеҳсоли нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили пахта, боғот, офтобпараст ва дигар растаниҳои энтомофили аз 30 то 50 фоиз меафзояд.
Ғайр аз ин ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал (асал, мум, прополис, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра) дар дохил ва хориҷи кишвар боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷи ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳури мегардад.
Захираҳои мавҷудбудаи растаниҳои шаҳддиҳандаи ҷумҳури (зиёда аз 5 млн. га) имконият медиҳад, ки дар ҷумҳури зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда, соле 10-12 ҳазор тонна асал ва ба миқдори зиёд маҳсулоти дигари он истеҳсол карда шавад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудан ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарвари иҷро намудани чорабиниҳои зеринро ҳатми мешуморад.
I. Бунёди заминаи моддию техникии соҳаи занбӯрпарварӣ
Имрӯз дар ҷумҳури ягона корхонае, ки ба парвариш ва афзун намудани миқдори оилаҳои занбӯри асал машғул аст, Корхонаи воҳиди занбӯрпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазифаи асосии ин корхона таъмин намудани занбӯрпарварони ҷумҳури, новобаста аз шакли моликияташон бо тамоми асбобу анҷоми занбӯрпарвари, тайёр ва коркарди маҳсулоти занбӯри асал, барқарор намудани оилаҳои хушзоти занбӯри асал мебошад.
Инчунин корхонаи мазкур корҳои зеринро амали менамояд:
...