Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 октябри соли 2012,
№ 512 тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 октябри соли 2012,
№ 512 тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015
1. Муқаррароти умумӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллиро дар афзоиши содирот ва такмилдиҳии сохтори он аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти босифат, ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, бо сарфаҷӯии захираҳо ва аз ҷиҳати экологӣ тоза муайян намудааст.
Баланд бардоштани сифати молу хизматрасониҳои ватанӣ барои таъмини содироти маҳсулоти молистеҳсолкунандагони ватанӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҳамроҳшавии давлат ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Афзоиши ҳаҷми содирот танҳо дар сурати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва васеъ намудани номгӯи он имконпазир мебошад.
Ҳалли афзалиятноки масъалаи сифат, роҳест барои таъмини ояндаи неки ҷумҳурӣ ва вазифаи муҳими давлат маҳсуб меёбад.
Идоракунии сифат дар ҷумҳурӣ қисми таркибии маҷмӯи ягонаи идоракунии давлатии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сифат инҳо мебошанд:
- фароҳам овардани шароит барои коркард ва истеҳсоли молҳои босифат, аз ҷиҳати энергетикӣ самаранок ва дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ рақобатпазир, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ, ки талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ мегардонад;
- мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ тавассути бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо бо давлатҳои хориҷӣ ва дар ин замина ҳалли масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, инчунин рушди афзалиятноки соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат.
Дар Барномаи давлатӣ мақсаду вазифаҳое, ки дар оянда барои баланд бардоштани имконоти содиротии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳавасмандгардонии ташкил намудани намудҳои нави маҳсулоти рақобатпазир равона гардидаанд, муайян шудаанд.
Барномаи давлатии мазкур самтҳои асосии фаъолияти вазорату идораҳо субъектҳои хоҷагидориро новобаста ба шакли моликияташон дар соҳаи баланд бардоштани сифат, ки ба зиёд гардидани имконоти содиротии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, дар истеҳсолоти саноатӣ ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами илмӣ, солимгардонии муҳити зист, сарфаҷӯии захираҳои моддию энергетикӣ мусоидат мекунанд, муайян месозад.
...