Бо қарори Ҳукумати
Ҷумхурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2012, № 336
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҲИСОР БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2016
ПЕШГУФТОР
Ҳадафи асосии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016 (минбаъд - Барнома) ин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар натиҷаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии фаъол ва устувори ноҳияи Ҳисор мебошад. Ба ин мақсад метавон тавассути амалӣ намудани самтҳои афзалиятнок ва таҳкими тамоми соҳаҳои асосии иқтисодию иҷтимоии ноҳия ноил гашт.
Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосии ноҳия афзалият ва самтҳои умумии сиёсати ноҳияро муайян менамояд, ки он барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии осони аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст.
Мусоидат ба афзоиши қувваҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардонида шавад. Дар ин самт ҳарчи бештар ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия ва сол аз сол паст кардани сатҳи бекорӣ дар назар аст.
Баҳри ноил шудан ба ин мақсадҳо дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия чораҳои мушаххас пешбинӣ гардида, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Ҷалби ҳарчи зиёди сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ асоси амалӣ гардидани вазифаҳои мазкур буда, дар ин самт аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми имкониятҳо истифода мегарданд. Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2012-2016 бо назардошти зиёдшавии имкониятҳои истеҳсолӣ пешбинӣ мешавад ва ба зиёдшавии маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асос мегузорад.
Ба Барнома 150 лоиҳа ворид гардидааст, ки аз ин 116 лоиҳаи маблағгузориаш муайян бо маблағи 1078,2 млн. сомонӣ ва 31 лоиҳаи сарчашмаи маблағгузориаш номаълум мебошанд, ки барои онҳо гузаронидани фондрезинг (дарёфти маблағ) лозим мешавад.
Ҳоло, аз шумораи умумии лоиҳаҳои ба Барнома воридгардида 50 лоиҳа ба маблағи 480,9 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 54 лоиҳа ба маблағи 378,5 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 32 лоиҳа ба маблағи 209,4 млн, сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 8 лоиҳа ба маблағи 9,4 млн. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда тааллуқ доранд.
Тақсимоти маблағҳои Барнома аз рӯи соҳаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ
Ниг. ба замима
...