ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6; мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 2 моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо ва суди шаҳри Душанбе дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳои судии судҳои шаҳру ноҳияҳо вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамоянд.".
2. Қисми 2 моддаи 29 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ду маротиба бекор карда шудани ҳалномаҳо ва қарорҳои судӣ вобаста ба парвандаи мушаххас, ин парвандаро ба истеҳсолоти худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ менамояд.".
3. Дар қисми 2 моддаи 72, сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 83, сархати чоруми қисми 1 моддаи 116, қисми 2 моддаи 118, сархати якуми қисми 2 моддаи 121, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 126, сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 130, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 134, қисми 2 моддаи 202, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 230, сархати сеюми қисми 2 моддаи 234, сархати дуюми қисми 1 моддаи 243, сархати панҷуми қисми 2 моддаи 269, матни моддаи 275, сархати чоруми қисми 2 моддаи 277, сархати дуюми моддаи 300, сархати дуюми қисми 1 моддаи 301, сархати дуюми қисми 1 моддаи 328, сархати сеюми қисми 2 моддаи 355, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 367, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 372, сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 373, сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 1 моддаи 377, сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 400, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи 408, сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 411 калимаҳои "ном, номи падар, фамилия" ва "ном, номи падар ва фамилияи" мутаносибан ба калимаҳои "насаб, ном, номи падар" ва "насаб, ном ва номи падари" иваз карда шаванд.
4. Ба қисми 1 моддаи 83 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- насаб, ном ва номи падари шахси пардохткунандаи музди экспертизаи давлатии судӣ;".
5. Ба моддаи 107 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Нисбат ба таъинот шахсе, ки ҷаримабандӣ шудааст, метавонад шикояти хусусӣ пешниҳод намояд.".
6. Ба сархати чоруми моддаи 124 пас аз калимаи "манфиатдор" калимаҳои "ё ситонидани алимент ба тариқи устувор" илова карда шаванд.
7. Дар моддаи 127:
- дар номи модда калимаҳои "қабули ариза" ба калимаҳои "қабул ва баргардонидани ариза" иваз карда шаванд;
...