Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халки тоҷик барои солҳои 2013-2020 аз 31 майи соли 2012, № 263

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, № 263

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, № 263

тасдиқ шудааст

Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020

I.Муқаррароти умумӣ

1. Мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, ки аз даврони қадим ибтидо мегирад, тавассути урфу одат, шаклҳои тасаввурот ва ифода, дониш ва малака, инчунин воситаҳо, ашё, маҳсул ва фазои фарҳангии дорои хусусияти ғановатманд зоҳир мегардад. Он аз ҷониби ҷомеаҳо ва гурӯҳҳо эътироф гардида, дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мубрам боқӣ мемонад.

2. Ҷузъҳои таркибии мероси фарҳангии ғайримоддӣанъанаҳои шифоҳӣ, санъати иҷрокунандагӣ, ҷашнҳо, донишу малака марбут ба ҳунарҳои суннатӣ ва тибби анъанавӣ, инчунин методикаи нодири суннатии шаклҳои интиқоли он, институти таълимии "устод-шогирд" айни замон низ қисми муҳими маънавиёти халқи тоҷик маҳсуб ёфта, фарҳанги суннатиро сазовор рушд медиҳад.

3. Вусъати тамоюли ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ натиҷаи ҷараёнҳои тамаддуни ҷаҳонӣ вобаста ба ҳифзи аслияти этникии халқҳо буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ, шаҳришавӣ, якрангшавӣ ва оммавӣ гардидани фарҳангҳо татбиқи чораҳои хосро дар тамоми манотиқи ҷугрофии мамлакат тақозо менамояд. Вале ҳаллу фасли проблемаи мазкур дар заминаи механизмҳои асри гузашта ташаккулёфта имконнопазир аст.

Бояд зикр намуд, ки фарҳанги суннатӣ заминаи асосии гуногунрангии тамоми самтҳо, шаклу намудҳои фарҳанги Тоҷикистони муосир буда, зимни он ҷахонбинии инсон, низоми тасаввурот ва забон, дину эътиқод, донишу малака, расму оин, урфу одатҳои истеҳсолӣ ва рӯзгордорӣ, ҷашну маросимҳо, низоми фолклор ташаккул меёбанд.

Барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон мероси фарҳангии ғайримоддӣ яке аз воситаҳои муассири пешгирӣ ва аз байн бурдани падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни кӯдакону ҷавонон, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, хислатҳои шаҳрвандӣ, шахсият, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, устуворгардонӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои оилавӣ ва ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Тавассути он проблемаҳои ҷиддии одоби миллӣ, идеалҳои эстетикӣ ва ниҳоят ташаккули нерӯи иҷтимоӣ ва иктисодии мамлакат ҳаллу фасл мегардад.

4. Масъалаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик хусусияти комплексӣ дошта, гуногунранг ва васеъ мебошад. Баҳри дастгирӣ ва рушди мероси фарҳангии ғайримоддии Тоҷикистони соҳибистиқлол барномаи махсуси давлатӣ зарур аст. Бинобар ин, ҳанӯз солҳои аввали давлатдории навин нисбат ба мероси фарҳангии ғайримоддӣ таваҷҷӯҳи хосаи давлат ва маҳз сарвари давлати Тоҷикистон зоҳир гардид. Шаҳодати равшани он таъсиси ду ҷашни давлатӣ ба ифтихори ду намунаи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик - Рӯзи Шашмақом (12 май) аз соли 2000 ва Рӯзи Фалак (10 октябр) аз соли 2007 ба шумор меравад. Ин иқдом ҳамчун ҳифзи унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ҷаҳон беназир аст.

5. Дар ин самт Вазорати фарҳанг якчанд барномаҳои давлатӣ "Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №85, "Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №513, "Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010, №322 тасдиқ гардидаанд, таҳия намудааст. Аз ин бармеояд, ки Тоҷикистон ҳанӯз то Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) дар самти ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ корро оғоз намуда буд. Новобаста ба ин, вусъати босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва шаҳришавӣ дар миқёси ҷаҳон, шаклҳои тӯли асрҳо ташаккулёфтаи мероси фарҳангии ғайримоддиро аз байн мебаранд. Ин зарурати андешидани чораҳои комплексиро беш аз пеш ногузир мегардонад.

Тоҷикистон аз лиҳози хусусияти тамоюли таърихӣ кишвари фарҳанги суннатӣ аст. Бинобар ин, ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи муосири Тоҷикистон бағоят муҳим аст. Суннатҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Тоҷикистон зиндаанд ва қисмҳои таркибии фарҳанги имрӯзаи он ба шумор мераванд. Вале мардуми дорои суннатҳои бой, ки таърихан ва имрӯз ба давлатҳои ҳамсоя ғизои маънавӣ мебахшад, айни замон мероси фарҳангии ғайримоддии худро ҳанӯз ба расмият надаровардааст. Ин аз он ҷиҳат хавфнок аст, ки ҳамсоятон, ки ҷараёни барасмиятдарориро оғоз намудаанд, фарҳанги тоҷикии қабулнамудаашонро ҳамчун фарҳанги асили хеш муаррифӣ мекунанд.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 мая 2012 года №263

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 мая 2012 года №263

Программа охраны нематериального культурного наследия таджикского народа на 2013-2020 годы

I.Общие положения

1. Нематериальное культурное наследие таджикского народа, берущее начало в глубокой древности, проявляется посредством обычаев, форм представления и выражения, знания и навыков, а также средств, предметов, артефактов и культурного пространства с богатой спецификой. Признанное сообществами и группами, оно актуально в современном обществе Таджикистана.

2. Составляющие нематериального культурного наследия - устные традиции, исполнительские искусства, празднества, знания и навыки, связанные с традиционными ремеслами и традиционной медициной, а также уникальная традиционная методика форм его передачи, образовательный институт "устод-шогирд" (мастер и ученик) и поныне являются существенной частью духовности таджикского народа, достойно двигающей традиционную культуру.

3. Активизация тенденций охраны нематериального культурного наследия, являющаяся следствием мировых цивилизационных процессов, связанных с сохранением этнической самобытности народов, в условиях глобализации, урбанизации, стандартизации и массовизации культуры требует реализации мер на всем географическом пространстве страны. Однако данная проблема не может быть решена на базе сложившегося в прошлом столетии механизма.

Следует отметить, что традиционная культура является основным фундаментом многообразия всех направлений, видов и форм культуры современного Таджикистана, в русле которой фомируются представления человека о мире, система образов и язык, вероисповедение, знания и навыки, обычаи, нравы и обычаи, традиции производства и быта, празднества и обряды система фольклора.

Для современного общества Таджикистана нематериальное культурное наследие является одним из действенных средств профилактики и преодоления негативных социальных явлений в детской и молодежной среде, формирования духа патриотизма, гражданских качеств личности, духовного и нравственного воспитания, укрепления и гармонизации семейных и общественных отношений. С его помощью решаются серьезные проблемы национальной этики, эстетических идеалов. и в конечном счете формирование социального и экономического потенциала страны.

4. Проблема охраны нематериального культурного наследия таджикского народа носит комплексный характер и отличается разнообразием, масштабностью. Для поддержки и развития нематериального культурного наследия независимого Таджикистана требуется специальная государственная программа. Поэтому уже с первых лет новой государственности к нематериальному культурному наследию было проявлено особое внимание государства, а именно главы государства Таджикистана. Ярким свидетельством тому являемся учреждение двух государственных праздников в честь двух элементов нематериального культурного наследия таджикского народа День Шашмакома (12 мая) с 2000 года и День Фалака (10 октября) с 2007 тола Такие формы охраны элементов нематериального культурного наследия не имеют себе аналогов во всем мире.

5. В этом направлении Министерством культуры paзработан ряд государственных программ "Программа развития культуры Республики Таджикистан на 2008-2015 годы", утвержденная постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года. №85. "Программа развития народно-художественных ремесел в Республике Таджикистан на 2009-2015 годы", утвержденная постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №513 "Государственная программа развития профессиональной музыки в Республике Таджикистан на 2011-2015 годы", утвержденная постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июля 2010 года, №322. Следовательно, в Таджикистане еще до Конвенции ЮНЕСКО (2003) была начата работа по охране нематериальном' культурного наследия. Тем не менее, скорые темпы процесса глобализации и урбанизации во всем мире вытесняют устоявшие веками оправданные формы развития нематериального культурного наследия, в связи счем все более нарастает необходимость принятия комплексных мер.

Таджикистан по своей исторически-ориентационной направленности является страной традиционной культуры. Поэтому охрана нематериального культурного наследия как элемента современного общества Таджикистана является весьма актуальной. Традиции нематериального культурного наследия в Таджикистане живы и являются составной частью-современной культуры. Однако, богатый традициями народ, исторически и поныне дающий духовную пищу соседним государствам, на сегодня до сих пор не оформил своё нематериальное культурное наследие. Это опасно тем, что заимствованную таджикскую культуру соседи, начавшие официальный процесс оформления, будут представлять как свою собственную.

...