Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2012, №183 тасдиқ шудааст
Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017
1. Муқаддима
Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017 (минбаъд Барнома) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", "Дар бораи ёрии наркологӣ" ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020 таҳия гардида, ба пешгирӣ, дарёфт, табобат ва барқарорсозии бемориҳои вобастагӣ аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ, тақвияти истифодаи усулҳои муосири мониторинги даврӣ, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, нигоҳдорӣ ва беҳтаргардонии саломатии аҳолӣ, паст намудани беморшавӣ ва фавт вобаста ба истеъмоли маводи нашъадор ва машруботӣ равона гардидааст.
Дар давоми солҳои охир нашъамандӣ ва майзадагӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ пеш оварда, дар самти пешравии фарҳангии ҷамъият монеа эҷод намуда истодааст. Чораҳои андешидашуда оид ба мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, аз ҷумла бартараф намудани ин падидаи номатлуб ба такмил ва таҷдид ниёз доранд. Дар айни замон зарурати омӯзиши илман асосноки вазъ, гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ барои муайян намудани сабабҳои паҳншавии ин зуҳурот ва андешидани чораҳои мушаххас ба миён омадааст.
Нашъамандӣ ва майзадагӣ омилҳои хатарноки паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инкишофи бемориҳои ҷиддии узвҳои системаи асаб, дилу рагҳо ва бемориҳои музмин мебошанд.
Яке аз мушкилоти асосӣ, ки сабабгори афзоиш ёфтани шумораи беморони истеъмолкунандаи маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ гардидааст, ин ҳамоҳангӣ ва робита надоштани фаъолияти аксари ташкилотҳои ҷамъиятии дар ин самт амалкунанда бо мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин паст будани сатҳи маърифати оилавӣ дар самти пешгирии сӯистеъмоли маводи мазкур мебошад.
Аз ин лиҳоз, яке аз ҳадафҳои асосии Барнома ташкили чорабиниҳо тавассути ҷалб намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида дар ҳамкорӣ бо мақомоту ташкилоти давлатӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибатҳои солими оилавӣ дар самти пешгирии ин намуди бемориҳо мебошад.
Ташкили фаъолияти корӣ бо истифодаи усулҳои муосир дар соҳаи наркологии кишвар иқдоми зарурӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии Барномаи мазкур ин амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъ, пешгирӣ, табобат ва барқарорсозии бемориҳои вобастагӣ аз маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ буда, ҳангоми истеҳсол, ташвиқу пешниҳоди нӯшокиҳои спиртӣ тарғиби оқибатҳои зараровари истеъмоли онро дар бар мегирад. Ҳадафи таҳияи Барномаи мазкур ин таъмин намудани солимии миллат, бахусус солимии насли оянда мебошад.
2. Вазъи истеъмоли маводи фаъолкунандаи рӯҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди ёрии наркологӣ ба аҳолӣ
1. Ҳангоми таҳлили сатҳи истеъмоли маводи мухаддир, нашъамандӣ, майзадагӣ, оқибатҳои тиббию иҷтимоии бемориҳо ва рафти иҷрои барномаҳои қаблӣ дар ҷумҳурӣ пеш аз ҳама бояд ҷанбаҳои зерин мавриди натиҷагирӣ қарор дода шаванд.
2. Бо мақсади пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар ҷумҳурӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005, №113 "Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005 - 2010" тасдиқ карда шуд.
...