×

Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 аз 30 апрели соли 2012, № 201

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи № 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012, №201

тасдиқ шудааст

Замимаи № 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012, №201

тасдиқ шудааст

Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020

Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 (минбаъд - Барнома) - ин барномаи тадбирҳои дарозмӯҳлат аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар бо роҳи таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некӯаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва татбиқ карда мешавад.

Барнома барои идома додани корҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти давра ба давраи ва маҷмӯии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани сифат, афзун намудани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содирот нигаронида шудааст.

1. Муқаррароти умумӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ як қатор санадҳои меъёрии қуқуқӣ қабул карда шудаанд, аз он ҷумла:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №46 "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

-Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2002, №666 тасдиқ карда шудааст;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004, № 37 "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият";

-Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, №469 тасдиқ карда шудааст;

...

Приложение № 1

Утверждена

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 30 апреля 2012 года, №201

Приложение № 1

Утверждена

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 30 апреля 2012 года, №201

Программа государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы

Программа государственной поддержки предпринимательства в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы (далее - Программа)это программа долгосрочных мер, которые будут приняты и реализованы Правительством Республики Таджикистан, с целью создания благоприятных условий для налаживания деятельности субъектов предпринимательства, как основного фактора решения социально-экономических задач страны путем обеспечения занятости и повышения реального уровня благосостояния населения Республики Таджикистан.

Программа направлена на продолжение работы по проведению поэтапных, комплексных реформ законодательства Республики Таджикистан, модернизации производства и технологических процессов, привлечения иностранных и отечественных инвестиций, усиления государственно-частного сотрудничества, совершенствования кредитно-финансовой системы поддержки субъектов малого и среднего предпринимательства, предоставление субъектам малого и среднего предпринимательства государственных субсидий и льготных кредитов, улучшения качества, увеличение объёмов производимой отечественной продукции и повышение объёмов её экспорта.

1. Общие положения

1. Для развития предпринимательства в Республике Таджикистан был принят ряд нормативных правовых актов, а именно:

- Закон Республики Таджикистан от 10 мая 2002 года, № 46 "О государственной защите и поддержке предпринимательства в Республике Таджикистан";

- Стратегия сокращения бедности, утверждённая постановлением Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 19 июня 2002 года,№ 666;

- Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года, № 37 "О лицензировании отдельных видов деятельности";

- Концепция развития предпринимательства Республики Таджикистан до 2015 года, утвержденная постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2004 года №469;

...