Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011 № 579

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2011 № 579

тасдиқ шудааст

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013

Муқаррароти умумӣ

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013 (минбаъд-Барнома) мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.

Барнома намуд, ҳаҷм, тартиб ва шартҳои расонидани кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои давлатии тандурустии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ва бо шартҳои ҳампардохт, мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳо аз буҷети давлатӣ, инчунин мавҷуд будани захираҳои донорӣ барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Барнома аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона ва грантҳо маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, тавсеа дода мешавад.

Барнома дар асоси шартҳои муайянгардида, гурӯҳҳои аҳолӣ ва беморонро, ки дар замимаи 1 ба сифати гурӯҳҳои имтиёзнок барои гирифтани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ оварда шудаанд, муайян менамояд.

Шарти асосии расонидани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ва ҳампардохт ба аҳолӣ (минбаъд - имтиёзнок) роҳхати табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳали зист ва хулосаи комиссияи муолиҷавию назоратӣ мебошад.

Кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба шахсони дорои имтиёз (номгӯи I, замимаи 1) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ тибқи замимаи 2 Барномаи мазкур расонида мешавад.

Таъминот бо доруворӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд мутобиқи Рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ ва синонимҳои онҳо (РВАД), ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, анҷом дода мешавад.

§1. Намудҳои кӯмаки тиббию санитарӣ
...

Утверждена

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от " 3 " декабря 2011 года

№ 579

Утверждена

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от " 3 " декабря 2011 года

№ 579

Программа

государственных гарантий по обеспечению населения медикосанитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2012-2013 годы

Общие положения

Программа государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2012-2013 годы (далее - Программа) разработана в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан и направлена на социальную защиту населения.

Программа определяет виды, объем, порядок и условия предоставления медико-санитарной помощи в государственных учреждениях здравоохранения городов и районов Республики Таджикистан бесплатно и на условиях сооплаты в соответствии с объемами финансирования здравоохранения городов и районов из государственного бюджета, а также имеющимися в наличии донорскими ресурсами на реализацию соответствующих программ в области охраны здоровья населения.

Программа расширяется за счет гуманитарной и грантовой помощи, дополнительных средств, изысканных местными исполнительными органами государственной власти, а также других источников, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан.

Программа на основе определенных условий определяет контингент населения и больных, приведенных в приложении 1 в качестве льготной категории на получение бесплатной медико-санитарной помощи.

Основным условием предоставления бесплатной и на условиях сооплаты (далее льготная) медико-санитарной помощи населению по Программе является направление семейного врача, участкового терапевта, педиатра, акушер-гинеколога территориального учреждения здравоохранения и заключения лечебно-контрольной комиссии.

Льготной категории населения (перечень I, приложение 1) бесплатная медико-санитарная помощь предоставляется при предъявлении документов, подтверждающих их права на социальные льготы согласно приложению 2 настоящей Программы.

...