×

Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012 № 97

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2012 № 97

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015

1. Муқаррароти умумӣ

1. Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофи ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Таҳияи лоиҳаи қонунҳо дақиқ муайян намудани зарурати таҳияи онҳо муқоисаи онҳо бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиш ва муайян намудани мувофиқати қонунҳои қабулшаванда ба талаботи замон ва ҷомеа, инчунин аз нигоҳи илмӣ асоснок намудани онҳоро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, тақозо менамояд.

2. Дар заминаи ин омилҳо ва бо мақсади рушду такомули санадҳои қонунгузорӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро танзим менамоянд, зарурати таҳияи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният (минбаъд - Барнома) ва Нақшаи чорабиниҳои Барнома ба миён омадааст.

3. Мӯҳлати иҷро ва давомнокии татбиқи Барнома дар алоқамандӣ бо сатҳи воқеии такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ, бо дарназардошти рушди ҷомеа, баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ муайян гардида, вобаста ба маблағтузории ҳарсола амалӣ карда мешавад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

4. Мақсади татбиқи Барнома таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад.

5. Барои расидан ба мақсадҳои стратегии Барнома ҳалли масъалаҳои зерин талаб карда мешавад:

- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният;

- таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ;

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 марта 2012 года, №97

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 марта 2012 года, №97

Государственная программа

по реализации Концепции прогнозного развития законодательства Республики Таджикистан в сфере государственного устройства, правозащиты, обороны и безопасности на 2012-2015 годы

1. Общие положения

1. В современном цивилизованном обществе закон, как средство регулирования всех сторон общественной жизни, имеет бесспорную роль и место, так как развитие общества возможно только путем законного и справедливого регулирования общественных отношений. Разработка проектов законов требует четкого определения необходимости их разработки, сравнения их с действующими законами, изучение и определение соответствия принимаемых законов требованиям времени и общества, а также обоснование их с научной точки зрения, с учетом национальных интересов.

2. На основании этих тенденций и с целью совершенствования законодательных актов, регулирующих различные общественные отношения, возникла необходимость разработки Государственной программы по реализации Концепции прогнозного развития законодательства Республики Таджикистан в сфере государственного устройства, правозащиты, обороны и безопасности (далееПрограмма) и Плана мероприятий Программы.

3. Срок исполнения и продолжительность реализации Программы определяются в связи с фактическим уровнем совершенствования правовой реформы с учетом развития общества, повышения профессиональных знаний и правового просвещения, и осуществляется в зависимости от ежегодного финансирования.

2. Цель и задачи Программы

4. Целью реализации Программы является обеспечение выполнения требований Конституции Республики Таджикистан и решения актуальных проблем системы законодательства Республики Таджикистан, определения основных направлений и способов совершенствования законодательства в соответствии с принципами независимого, демократического, правового, светского, унитарного и социального государства.

5. Для достижения стратегических целей Программы требуется решение следующих задач:

- защита прав и свобод личности, государственного суверенитета, национальных интересов и безопасности;

...