Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади мукаммалгардонии фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҳар сол на дертар аз 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои анҷомдодашуда маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 марти соли 2012 № 93
ш. Душанбе
аз 1 марти соли 2012 № 93
ш. Душанбе
...