ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ АҲОЛӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №12, мод.677; с. 2008, №10, мод.822; №12, қ. 2, мод. 1015) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- экспертизаи санитарию эпидемиологӣ - фаъолият оид ба муайян намудани мутобиқати (номутобиқатии) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, иншооти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ.".
2. Дар моддаи 3:
- дар сархати якум калимаҳои "ва пешгӯии тағйирёбии он" ба калимаҳои "пешгӯӣ, ҷараёни инкишоф ва тағйирёбии онҳо" иваз карда шаванд;
- аз сархати нӯҳум калимаҳои "маводи радиоактивӣ" хориҷ карда шуда, пас аз калимаи "хатарнок" калимаҳои ", мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ.".
3. Дар сархати сеюми моддаи 4, сархати чордаҳуми моддаи 5, сархатҳои дуюм, чорум ва панҷуми моддаи 7, сархатҳои якум ва дуюми моддаи 8, сархати ҳафтуми моддаи 10, қисми шашуми моддаи 17, қисми сеюми моддаи 18, қисми чоруми моддаи 19, қисми чоруми моддаи 20, қисми дуюми моддаи 42, сархати якуми қисми якуми моддаи 49, сархати якуми қисми панҷум ва сархати сеюми қисми шашуми моддаи 50, сархатҳои чорум, панҷум ва ҳафтуми моддаи 51 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора" ва "Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
4. Сархати панҷуми моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- муқаррар намудани тартиби пешбурди феҳристҳои давлатии маводи эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ, биологӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, инчунин навъҳои алоқидаи маҳсулоти озуқаи мавҷудаи бори аввал ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва истеҳсолшаванда;".
5. Дар моддаи 5:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
...