Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2011 № 639
тасдиқ шудааст
Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016
1. Муқаддима
Барномаи мазкур барои сифатан дигаргун намудани расонидани ёрии тиббӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима равона гардидааст.
Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 (минбаъд Барнома номида мешавад) ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" таҳия шудааст.
Барнома ба коҳиш додани маъюбӣ ва фавти ин гурӯҳи беморон мусоидат намуда, ҳамзамон, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва банақшагирии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи бемориҳои узвҳои ҳозима асос мегардад.
2. Таҳлили вазъ
1) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои Осиёи Марказӣ буда, масоҳати умумии он 143,1 ҳазор км мураббаъ мебошад. Беш аз 93 фоизи ҳудуди давлатро кӯҳҳо ишғол менамоянд. Шакли идоракунӣ - ҷумҳурӣ мебошад. Хусусиятҳои вазъи демографй дар ҷумҳурӣ ба тағйироти куллии сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии пас аз ҷанги шаҳрвандӣ бавуҷудомада, бад шудани шароити зиндагии аҳолӣ, ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ, қисман вайрон шудани сохтори ҷинсию синнусолии аҳолӣ, суст шудани ҳифзи иҷтимоии оилаҳои серфарзанд ва тағйир ёфтани сохтори миллии аҳолӣ алоқаманд аст. Аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳолати 01.01.2011- 7 616 764 нафарро ташкил медиҳад. Афзоиши аҳолӣ дар соли 2010 - 25,1 фоиз ба 1000 аҳолӣ мебошад. Беш аз 73,5 фоизи аҳолӣ дар деҳот ва 26,5 фоиз дар шаҳр зиндагӣ мекунанд. Вазъи умумии демографй ба дараҷаи баланди таваллуд (29,3 ба 1000 аҳолӣ) ва фавти нисбатан ками аҳолӣ (4,2 ба 1000 аҳолӣ), фавти баланди кӯдакон (16,8 ба 1000 аҳолӣ) ва фавти баланди модарон (45 ба 100 ҳазор зиндатаваллуд), дараҷаи пасти шаҳришавӣ, шумораи зиёди муҳоҷирати берунаи меҳнатӣ хос аст.
2) Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши бемориҳои узвҳои ҳозима ба назар мерасад. Ин гурӯҳи бемориҳо аз ҷиҳати паҳншавӣ дар ҷойи аввал ва аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи сеюм, баъд аз бемориҳои узвҳои қалбу шараёнӣ ва саратон меистад.
3) Аз рӯи нишондиҳандаҳои Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008 дар муассисаҳои табобатию дармонгоҳӣ бо бемориҳои аввалияи узвҳои ҳозима 3498 нафар ба ҳар 100 000 аҳолӣ, дар соли 2009 - 3480 ва дар соли 2010-3419 нафар, ки нисбати бемориҳои қалбу шараёнӣ 3 маротиба зиёд аст (991 бемор дар соли 2008, 1031 нафар дар соли 2009 ва 1094 нафар дар соли 2010) ба қайд гирифта шуданд. Фавти беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима дар беморхонаҳо дар соли 2009 - 0,3 фоиз ва дар соли 2010 - 0,2 фоиз (аз бемориҳои узвҳои қалбу шараёнӣ 1,0 фоиз, аз узвҳои нафаскашй 0,2 фоиз)ро ташкил намуд. Омори расмии тиббӣ танҳо муроҷиати беморонро ба муассисаҳои тандурустӣ ба назар гирифта, таҳқиқоти пурраи эпидемиологии ин бемориҳоро фаро намегирад.
4) Иқлими гарми Тоҷикистон барои афзоиши вирусҳо, инчунин паҳншавию сирояти бактерияҳои рӯда ва Н.pylori мусоидат мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, гастритҳои музмин, гепатити музмин, сиррози ҷигар ва бемориҳои рӯдаи нафс рӯ ба афзоиш доранд.
5) Маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ нишон медиҳад, ки дар тамоми ҷаҳон садҳо миллион одамон гирифтори гепатитҳои вирусӣ мебошанд. Аз ҳамин сабаб диққати олимон дар охирҳои асри XX ба масъалаи гепатитҳои вирусӣ ва пешравӣ дар омӯзиши онҳо нигаронида шудааст. Сабабҳо ва омилҳои пайдоиши гепатитҳои вирусӣ ҳадди ақал 9 намуди вирусҳо ҳастанд, ки (НАV, НВV, НСV, НDV, НЕV, НFV, НFV, ТТV, SENV) ҳафт намуди онҳо бо роҳҳои парентералӣ (тазриқӣ) сироят мешаванд.
6) Айни замон, 400 миллион нафар дар тамоми ҷаҳон гирифтори бемории музмини вируси В (НВV) мебошанд ва ҳамасола қариб 50 миллион нафар бо ин беморӣ сироят мешаванд. Дар 25 фоизи ҳолатҳо ин вирус сабаби сиррози ҷигар ва саратони гепатоселлюлярӣ мегардад, ки ҳар сол сабаби марги 500 000 - 1200 000 нафар мешавад.
7) Тақрибан 3 фоизи аҳолии ҷаҳон (зиёда аз 170 миллион) гирифтори гепатити музмини С мебошанд. Дар давлатҳои Аврупо вируси С сабаби 20 фоизи гепатити шадид ва 70 фоизи гепатитҳои музмин мебошад. Аз 2 то 5 фоизи сабаби фавти беморони гирифтори сиррози ҷигар, гепатити вирусии С мебошад.
8) Аз рӯи маълумоти Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология миқдори ҳомилони вирусҳои гепатити В ва С дар байни аҳолии шаҳри Душанбе 4 фоизро ташкил медиҳанд, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ бошад, хусусан, дар вилояти Хатлон, ин нишондиҳанда то 14 фоиз мерасад (солҳои 2001-2006). Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мамлакат беш аз 100 ҳодисаи нави гепатитҳои вирусӣ ба ҳар 100 000 аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад, ки мушкилиҳои зиёдро ҳам ба ҷомеа ва ҳам ба давлат ба вуҷуд меорад. Бо вуҷуди ин, шумораи бемориҳои нав бақайдгирифташуда сол ба сол меафзояд (106,6 дар соли 2008 ва 133,4 дар соли 2010 ба ҳар 100 000 аҳолӣ).
9) Дар сохтори этиологии гепатитҳои вирусӣ шумораи гепатитҳои омехта бошиддат афзуд. Аксари онҳоро гепатитҳои омехтаи В ва С ташкил медиҳанд. Ин бевосита бо зиёдшавии шумораии нашъамандон вобаста аст.
10) Тайи даҳ соли охир дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоюли зиёдшавии беморони гирифтори сиррози ҷигар ба назар мерасад. Аз рӯи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, дар байни сабабҳои фавт сиррози ҷигар ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Паҳншавии сиррози ҷигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23,2 бемор ба ҳар 100 000 нафарро ташкил медиҳад (мувофиқи муроҷиат ба Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология дар солҳои 2003 - 2008). Ҳамзамон, сиррози алкоголӣ ҷигар нисбат ба давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 маротиба камтар ба назар мерасад.
11) Масъалаи мубрами бемориҳои узвҳои ҳозима ин стеатогепатити ғайриалкоголӣ мебошад. Дар ШМА ва давлатҳои Аврупо зиёда аз 10 фоизи сабаби инкишофи бемории сиррози ҷигар ин стеатогепатити ғайриалкоголии қисми таркибии синдроми метаболӣ мебошад. Ҳоло беш аз 30 фоизи аҳолии ҷаҳон ба фарбеҳӣ гирифтор буда, бо тараққиёти илму техника шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад. Тибқи тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 40 - 60 фоизи аҳолии қобили меҳнати ҷаҳон ба парҳез ва 1520 фоиз ба табобати доругии вайроншавии мубодилаи синдроми метаболӣ ниёз доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зиёд шудани шумораи одамони фарбеҳ ба назар мерасад. Аз рӯи маълумоти кормандони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология 5 фоизи сабаби сиррози ҷигар стеатогепатити ғайриалкоголӣ мебошад. Инчунин, масъалаи муҳим ин ҳамроҳ намудани вирусҳои В ва С ҳангоми мавҷуд будани фарбеҳӣ ба дараҷаҳои гуногуни гепатит, фиброз ё сирроз мебошад.
12) Айни замон, дар ҷаҳон барои табобати гепатитҳои вирусӣ якчанд доруҳои интерферон ва шаклҳои ҳаммонанди онҳо - пегасис ва пегинтрон, рибаверин ва ламивудин истифода бурда мешаванд. Вале бо сабаби қимат будани онҳо, аксари беморони ҷумҳурӣ онҳоро харидорӣ карда наметавонанд. Ғайр аз ин, истифодаи дарозмуддати доруҳои номбаршуда дорои таъсири гуногуни номатлуб, аз қабили гематологӣ, эндокринӣ ва рӯҳӣ мебошад. Аз ин сабаб коркарди доруҳои нави зиддивирусӣ дар асоси маводи маҳаллӣ хеле бамаврид мебошад. Ҳоло дар заминаи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология озмоиши доруҳои нав ба роҳ монда шудаанд.
13) Синдроми метаболӣ сабаби пайдоиши лойи талха (слаҷи билиарӣ) ва санги талха низ мегардад. Аз 2963 бемори таҳти ташхиси фаросавтӣ қарор дошта дар 65 нафар лойи талха ва дар 163 нафар санги талхадон муайян карда шуд. 15 фоизи онҳо бо сабаби оризаҳои вазнин, ба монанди холесистити шадид ва зардчаи механикӣ ба кӯмаки фаврии ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доштанд. Айни замон, дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба сабаб ва роҳҳои пешгирии санги талха давом доранд. Маълум карда шуд, ки таъсир ба мубодилаи чарбҳои талха ва ҳаракати талхадон бо усулҳои фармакологӣ ва физиотерапевтӣ дар аксари беморон пайдоиши сангро пешгирӣ менамояд.
14) Масъалаи дигари мубрами узвҳои ҳозима бемориҳои қисми болоии меъда ва рӯдаи вобаста бо Н.pylori мебошад. Тибқи маълумоти кормандони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология сирояти Н.pylori дар 85-90 фоизи аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ дучор мешавад. Новобаста аз чунин фоизи баланди Н.pylori, аксари шахсони сироятшуда ҳангоми ташхис нишонаҳои клиникии бемориро надоранд, аммо онҳо гурӯҳи хавфро ташкил менамоянд, ки бо мурури замон ба гастрити музмин, бемории захми меъдаю рудаи дувоздаҳангушта, МАLТ - лимфома ва ё аденокартсиномаи меъда гирифтор мешаванд.
15) Гастрити музмини вобаста бо Н.pylori бо мурури замон ба атрофия, дисплазия ва метаплазияи пардаи луобии меъда оварда, боиси лоғарӣ, камхунӣ ва саратони меъда мегардад.
16) Чӣ тавре, ки маълум аст, қариб 1,5 фоизи аҳолии ҷаҳон гирифтори бемории захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта мебошанд. Бо шарофати истифодаи нақшаҳои муосири табобати зиддихеликобактерӣ нуфузи ин беморӣ рӯ ба коҳиш дорад. Паҳншавии бемории меъда дар Тоҷикистон аниқ карда нашудааст. Бояд қайд намуд, ки аксари табибони ҷумҳурӣ аз нақшаҳои нави табобати зиддихеликобактерӣ ва зиддизахмӣ огоҳ нестанд ва беморонро новобаста аз мавҷуд будани Н.pylori табобат мефармоянд. Аз ин сабаб, солҳои охир афзоиши шумораи беморон бо шаклҳои оризадори захми меъда мушоҳида мешавад. Бояд ташхиси гистологӣ ва ё тести нафасии Н.pyloriро дар тамоми шӯъбаҳои терапевтӣ ва эндоскопии марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои ноҳиявӣ ба роҳ монд, ки ба паст гардидани беморӣ ва фавт аз бемориҳои меъда мусоидат менамояд.
17) Дар натиҷаи истифодаи ғизоҳои рафинишуда, газдор ва зудҳазмшаванда, инчунин вобаста бо асабоният ва зиёд шудани шумораи одамони фарбеҳ дар 30 соли охир афзоиши бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ даҳ маротиба афзуд. Ҳоло 26-40 фоизи аҳолии калонсоли ҷаҳон ба ин беморӣ гирифтор мебошанд ва нисфи онҳо тавассути доруҳо табобат мегиранд. Дар 5-7 фоизи ҳолатҳо бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ сабаби сурхрӯдаи Баррет мегардад, ки ҳолати пеш аз саратонӣ ҳисобида мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони гирифтори бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ зиёд мебошад, аммо то ҳол таҳқиқоти ҳамаҷонибаи эпидемиологӣ гузаронида нашудааст. Дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология чунин таҳқиқот ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа сабабҳо ва омилҳои ин беморӣ маълум гардида, дар асоси он тадбирҳои пешгирикунанда ва табобатӣ таҳия мегарданд.
18) Дар Тоҷикистон бемориҳои рӯдаи борик ва рӯдаи ғафс хеле паҳншуда ба ҳисоб меравад. Дар байни онҳо энтеропатияҳо, синдроми рӯдаи ҳассос ва захми ғайривижавии рӯда бештар дида мешаванд. Энтеропатия аксаран бо исҳол ва синдроми малабсорбсия зуҳур ёфта, дар пайдоиши онҳо ғайр аз нуқсонҳои модарзодӣ омилҳои беруна, ба монанди сирояти музмин, тарзи ҳаёт, хӯрок ва дигар омилҳо нақши муҳим доранд.
19) Қабзият ва ё исҳоли музмин, синдроми рӯдаи ҳассос ва захми ғайривижавии рӯда низ масъалаи мубрами гастроэнтерология мебошанд. Сабабҳои асосии бемориҳои рӯда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омӯхта нашудаанд. Ин ҳолат бо мавҷуд набудани таҷҳизоти инструменталӣ ва озмоишӣ вобастагӣ дорад.
20) Рушди минбаъдаи соҳаи бемориҳои узвҳои ҳозима аз беҳтар тайёр намудани мутахассисони соҳаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат вобаста мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон тамоми шароити зарурӣ барои рушди соҳаи мазкур мавҷуд мебошад.
21) Натиҷаҳои амалишавии Барнома имконият медиҳанд ба: - коҳиши паҳншавии гепатитҳои вирусӣ;
- ташкили усулҳои нави ташхиси бемориҳои музмини диффузии ҷигар бо истифодаи технологияи муосир; - омӯзиши механизмҳои пайдоиши санги талха;
- пешниҳоди роҳҳои воқеии пешгирии сирояти Н.pylori ва нақшаҳои самарабахши табобати зиддихеликобактериявӣ;
- коҳиши шиддати бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ, захму саратони меъда, исҳол ва қабзияти музмин;
- коркарди барангезандаҳои интерферонҳои дохилӣ дар асоси гиёҳҳои маҳаллӣ;
- пешниҳоди таомҳои парҳезии камғизо дар асоси маводи ғизоии маҳаллӣ.
3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
22) Мақсади Барнома аз беҳтар намудани вазъи эпидемиологӣ оид ба бемориҳои узвҳои ҳозима, коҳиши беморшавӣ ва фавт, такмили ташхиси бармаҳал ва табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи бемориҳои узвҳои ҳозима, тайёр намудани мутахассисони амалӣ ва илмӣ иборат мебошад. 23) Вазифаҳои Барнома инҳоянд:
- такмили соҳаи бемориҳои узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои тақвияти заминаи моддию техникӣ, инфрасохтор ва иқтидори кадрӣ;
- беҳтар намудани ташхиси бармаҳал, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҷигар ва роҳҳои талха;
-такмили ташхиси бармаҳал, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сурхрӯда, меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта;
- усулҳои нав дар ташхиси бармаҳал, пешгирӣ ва табобати бемориҳои рӯда;
- коркарди доруҳои нав барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима дар асоси растаниҳои маҳаллӣ.
§1. Чорабиниҳо:
24) Вазифаи якум ин такмили соҳаи бемориҳои узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи тақвияти заминаи моддию техникӣ инфрасохтор ва иқтидори кадрӣ;
- ташкили сохтори махсусгардонидашудаи бемориҳои узвҳои ҳозима бо шӯъбаҳои калонсолон ва кӯдакона дар вилоятҳо: шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб;
- ташкили шӯъбаҳои гастроэнтерологӣ (бемориҳои узвҳои ҳозима) бо катҳои кӯдакона дар беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои дорои аҳолии калонсоли беш аз 100 000 нафар;
- ташкили ҳуҷраи табиби бемориҳои узвҳои ҳозима (даруннигар) дар марказҳои саломатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои дорои аҳолии калонсоли беш аз 50 000 нафар;
- такмили хизматрасонии инструменталӣ ва озмоишгоҳӣ дар соҳаи бемориҳои узвҳои ҳозима;
- тайёр намудани мутахассисони амалия ва илмӣ дар соҳаи бемориҳои узвҳои ҳозима.
25) Вазифаи дуюм ин беҳтар намудани ташхиси бармаҳал, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ҷигар ва роҳҳои талха;
- ошкорсозии омилҳои хатари бемориҳои ҷигар ва роҳҳои талха. Такмили ташхиси бармаҳали бемориҳои ҷигар ва роҳҳои талха бо истифода аз технологияи пешрафта;
- таҳияи протоколҳои клиникӣ оиди табобати бемориҳои ҷигар ва роҳҳои талха;
- истифодаи лигантҳои ретсепторҳои ҳастаӣ ва ситокинҳо барои такмили услҳои пешгирии бемории санги талха, бемории чарбзеркунии ғайриалкоголии ҷигар ва касиномаи гепатоселлюлярӣ;
- такмили усулҳои табобати эндоскопӣ ва ҷарроҳии бемориҳои талхадон, аворизи сиррози ҷигар ва марҳилаи аввали саратони ҷигар.
26) Вазифаи сеюм ин такмили ташхиси бармаҳал, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сурхрӯда, меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта:
- такмили ташхиси бармаҳал, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сурхрӯда, меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта бо усулҳои технологияи муосир;
- омӯзиши паҳншавии бемориҳои қисми болоии узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муайянсозии аҳамияти сабабҳои функсионалӣ ва органикии пайдоиши бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ;
- такмили имконоти ташхис ва табобати бармаҳали бемории рефлюкси гастроэзофагеалӣ;
- нақши гормонҳои гастроинтестиналӣ ва ситокинҳо дар инкишофи панкреатити музмин, гастрити музмин ва бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта;
- омӯзиши паҳншавии штаммҳои генетикии Н.pylori ва аҳамияти онҳо дар пайдоиши захм ва саратони меъда;
- такмили табобати доругӣ ва ҷарроҳии бемориҳои меъда ва рудаи дувоздаҳангушта.
27) Вазифаи чорум ин усулҳои нав дар ташхиси бармаҳал, пешгирӣ ва табобати бемориҳои рӯда:
- омӯзиши паҳншавӣ ва сабабҳои асосии пайдоиши исҳол ва қабзияти музмин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иммунопатология ва табобати иммунии колити ғайривижавии захмӣ.
28) Вазифаи панҷум ин пешниҳод ва омӯзиши фармакологияи доруҳо дар асоси растаниҳои маҳаллӣ:
- пешниҳод ва омӯзиши фармакологияи гиёҳҳои шифобахши гепатопротекторӣ (ҷигарҳифзӣ);
- пешниҳод ва омӯзиши фармакологияи доруҳои зиддивирусӣ дар асоси гиёҳҳои шифобахш.
29) Нақшаи чорабиниҳои Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 замима мегардад.
4. Ташкили хизматрасонни гастроэнтерологӣ
30) Дар Ҷумҳури Точикистон 36 табиби гастроэнтеролог фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 75 фоиз дорои дараҷаи тахассуснокӣ мебошад.
Дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология 20 нафар табиби гастроэнтеролог, дар Маркази ҷумҳуриявии ташхис 2 нафар, дар шаҳри Душанбе 4 нафар, дар вилояти Суғд - 4 нафар, дар вилояти Хатлон - 4 нафар, дар шаҳри Турсунзода 2 нафар фаъолият менамояд.
31) Дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология 2 академик, 6 доктори илми тиб, 12 номзади илми тиб, дар дигар муассисаҳои ҷумҳурӣ 3 доктори илми тиб ва 4 номзади илми тиб фаъолият менамоянд.
32) Соҳаи гастроэнтерологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 муассиса ва 6 шӯъба иборат мебошад, ки дорои 348 кат мебошад:
- пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология-100 кат
- беморхонаи вилоятии ш. Хуҷанд - 80 кат
- беморхонаи шаҳрии Қӯрғонтеппа - 15 кат
- беморхонаи шаҳрии Кӯлоб - 55 кат
- беморхонаи вилоятии ш. Хоруғ - 25 кат
- беморхонаи шаҳрии Панҷакент - 30 кат
- беморхонаи шаҳрии Турсунзода - 15 кат.
33) Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология маркази илмию таҳқиқотӣ, ташкилию методӣ, машваратӣ, клиникӣ ва омӯзишӣ мебошад. Пажӯҳишгоҳ сармуассисаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гастроэнтерология ба ҳисоб меравад.
34) Барои пурзӯр намудани идоракунии соҳаи гастроэнтерологӣ аз тарафи саргастроэнтеролог ва кормандони пешбари Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология назорати шӯъбаҳои гастроэнтерологӣ зарур аст.
35) Тибқи Барнома дар маркази вилоятҳо бояд марказҳои бемориҳои узвҳои ҳозима, дар беморхонаҳои ноҳиявӣ (ҳангоми беш аз 100 000 нафар будани аҳолии калонсоли ноҳия ва ё шаҳр) шӯъбаи гастроэнтерология на камтар аз 25 кат, дар марказҳои саломатӣ ба 50 000 нафар аҳолии калонсол ҳуҷраи табибгастроэнтеролог ташкил карда шавад.
36) Барои ташхис, бақайдгирӣ ва табобати беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима бояд чорабиниҳои зерин такмил ва таҷдид карда шаванд:
- системаи бақайдгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар асоси технологияи иттилоотии муосир;
- стандартизатсияи усулҳои ташхис ва табобати беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима;
- асосноккунй ва ҷудокунии гурӯҳҳои диспансерӣ барои беморони гирифтори намудҳои гуногуни бемориҳои ҷигар, меъда ва рӯда;
- ташкил ва дастгирии феҳристи беморон бо гепатити музмин, сиррози ҷигар, бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои илтҳобии рӯда; - такмил ва мутобиқсозии истилоҳоти гастроэнтерологӣ;
- ҷорӣ намудани арзёбии марҳила ва дараҷаи вазнинии бемориҳои ҷигар.
5. Барномаҳои таълимӣ
37) Яке аз бахшҳои муҳими хизматрасониҳо дар соҳаи гастроэнтерология барномаҳои таълимии соҳаи гастроэнтерология оид ба тайёр намудани мутахассисони тиббӣ, такмили ихтисоси табибон ва маърифати тиббии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
38) Тайёр намудани мутахассисон дар назар дорад:
- ташкили ҳатмии кафедраи гастроэнтерология дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
- таҳияи модели табиби гастроэнтеролог бо дарназардошти таҷрибаи тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои пешқадам, ки омӯзиш дар интернатура, ординатура бо аз худ кардани малакаҳои амалӣ оид ба ташхиси фаросавтӣ, даруннигарӣ, рентгенология, ситология ва пунксияи ковокии шикаму ҷигарро дар бар мегирад;
- як маротиба дар ҳар 5 сол ба таври ҳатмӣ гузаштани курсҳои такмили ихтисоси тиббӣ дар муддати 1-2 моҳ бо супоридани имтиҳонҳо оид ба гастроэнтерология;
- тайёр намудани мутахассисон дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология бо додани диплом ё сертификати табиб гастроэнтеролог.
39) Масоили эпидемиология, ташхис, табобат ва барқарорсозии беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима бахши ҳатмии курсҳои сертификатсиякунонии табибони ҳамаи ихтисосҳо мебошад.
40) Барномаи миллӣ оид ба масъалаҳои таълими табибон ташкили маркази омӯзишии дорои иҷозатномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология пешбинӣ менамояд.
41) Дар доираи таълим таҳияи дастурҳои методӣ, стандартҳои ташхис ва табобат, тавсияҳои клиникӣ, системаҳои формулярҳо, монографияҳо ва нашрияҳои даврӣ оид ба масъалаҳои бемориҳои узвҳои ҳозима (рӯзномаҳо, маҷмӯи асарҳои илмӣ), ташкил ва гузаронидани конгрессҳо, конференсияҳо ва анҷуманҳо бояд дар назар гирифта шаванд.
42) Барномаҳо оид ба арзёбии сифати ҳаёти беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима такмил ва ҷорӣ карда шаванд.
6. Ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо
43) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- дар барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дар барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ масъалаҳои пешгирии бемориҳои узвҳои ҳозима ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро дохил намояд;
- ҷиҳати гузаронидани муоинаи устодон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ мусоидат намояд.
44) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияти комиссияи махсуси беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозимаро ба танзим дарорад.
45) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- лоиҳаҳои инвеститсиониро оид ба таҷдид ва ҷиҳозонидани соҳаи гастроэнтерология, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудан ба Барномаи давлатии инвеститсионӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои оянда пешниҳод карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода, мусоидат намояд.
46) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- оид ба парвариши навъҳои хушсифати сабзавоту меваҳо чораҳои амалӣ андешида, сифати маводи озуқавориро назорат намояд.
47) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд:
- дар байни ҷавонон бо мақсади пешгирии бемориҳои узвҳои ҳозима корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои муоинаи тиббии мунтазам гузаронидани кормандони соҳаи тиб мусоидат намоянд.
48) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- ҳангоми воридоти технологияи тиббӣ ба ҷумҳурӣ, ҷиҳати саривақт ба расмияти гумрукӣ даровардани он тибқи талаботи конунгузорӣ мусоидат намояд.
49) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадор аст:
- бозори дохилӣ ва воридоти маҳсулоти озуқаро аз ҷихати сифатнокӣ назорат намояд.
50) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:
- дар кори тарғиботии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он оид ба пешгирии бемориҳои узвҳои ҳозима дар байни аҳолӣ мунтазам мусоидат намояд.
51) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи татбиқи Барнома ӯҳдадоранд:
- Барномаи миллии рушди соҳаи гастроэнтерология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2012-2016-ро мутобиқи шароити маҳаллӣ ҷорӣ карда, чорабиниҳоро аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ намоянд ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, дар навбати аввал беморони гирифтори сиррози ҷигарро таъмин намоянд.
7. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
52) Бо дарназардошти вазъи бавуҷудомадаи таъминоти моддию техникӣ ва молиявӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст Барномаро дар ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалӣ амалӣ намояд.
53) Барномаи миллӣ бо иштироки Лоиҳаи МАГАТЭ "Рушди тибби ҳастаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Лоиҳаи Маркази байналмиллалии техникию илмӣ (МНТС) Т-1814 "Эпидемиологияи молекулавӣ, генетикаи молекулавӣ, омилҳои хатари саратони ҷигар дар Тоҷикистон", Лоиҳаи якҷояи Пажӯҳишгоҳи миллии саломатии ИМА ва Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология "Нақши сирояти хеликобактерӣ дар инкишофи бемориҳои узвҳои ҳозима дар минтақаҳои радиактивии баланди шимоли Тоҷикистон" иҷро мегардад.
8. Робита бо дигар Барномаҳо
54) Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои ҳозима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 бо Барномаи зерин робита дорад;
- Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014;
- Барномаи миллии пешгирии ВНМО/БНММ;
- Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2015;
- Стратегияи миллии солимии аҳолӣ то соли 2020 ва дигар барномаҳои соҳавӣ.
9. Системаи давлатии мониторинги бемориҳои ӯзвҳои ҳозима
55) Мақсади системаи давлатии мониторинги бемориҳои узвҳои ҳозима аз беҳтар намудани идораи соҳаи бемориҳои узвҳои ҳозима иборат мебошад. Ҳадафи мазкур аз ҳисоби воридшавӣ ва таҷдиди доимии иттилооти эпидемиологӣ ва ташкилӣ амалӣ карда мешавад. Иттилоот бо ёрии бахшҳои ягонаи барномаҳои компютерй дар асоси бақайдгирии беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима ва феҳристҳои таҳлилӣ ҷамъ оварда мешавад.
56) Ҷузъи марказии системаи давлатии мониторинги бемориҳои узвҳои ҳозима маркази оморй оиди бақайдгирии беморӣ ва фавт дар назди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология мебошад.
10. Маблағгузории Барнома
57) Барнома дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ва кӯмаки ташкилотҳои байналмилалй маблағгузорӣ карда мешавад.
Ниг.ба Замима