Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2011, № 600
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016
Пешгуфтор
Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосии ноҳия афзалият ва самтҳои умумии сиёсати ноҳияро муайян менамояд, ки он барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии осони аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст.
Мусоидат намудан ба афзоиши қувваҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад.
Дар ин самт баҳри харҷи бештар ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия сол аз сол пастшавии сатҳи бекорӣ дар назар аст.
Барои ноил шудан ба ин мақсадхо дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳия чораҳои мушаххас пешбинӣ гардида, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Ҷалби ҳарчи зиёди сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ асоси амалӣ гардидани вазифаҳои гузошташуда буда, дар ин самт аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии нохия тамоми имкониятҳо истифода мегарданд.
Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2012-2016 бо дарназардошти зиёдшавии имкониятҳои истеҳсолӣ пешбинӣ мешавад ва дар зиёдшавии маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асос мегузорад.
1. Ҳолати умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳияи Рашт
Маълумоти таърихӣ. Баъд аз ташкил шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар водии Рашт соли 1921 вилояти Ғарм таъсис ёфт. Санаи 10 марти соли 1931 ноҳияи Ғарм ташкил шуд.
Тибқи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001, №190 номи ноҳияи Ғарм ба ноҳияи Рашт иваз карда шуд.
Маълумоти ҷуғрофӣ. Масоҳати умумии ноҳияи Рашт 4,6 ҳазор км2-ро ташкил намуда, 97 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо фаро гирифтаанд.
Ноҳияи Рашт аз ҷануб ба ноҳияи Тавилдара, аз ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол, аз шимол бо ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд ва аз ғарб бо ноҳияи Нуробод ҳамсарҳад аст.
Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1350 метр чойгир шудааст. Дар баландиҳои 1500 то 3000 метр иқлим мӯътадил, тобистон салқин ва зимистон хунук аст. Давомнокии давраи гармо 128-216 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +18 +24шС ва моҳи январ аз -5 то - 10шС мебошад. Миқдори боришот ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия қариб ҳамаи намудп дарахтҳо (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, зранг, бодом, фарк), растанихои даштӣ ва бешадаштӣ мерӯянд.
Табиат ва иқлими ноҳия барои сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ мувофиқ аст. Аз ҷумла, дараҳои Камароб ва Ҳоит.
Захираҳои табиӣ. Ноҳия Рашт аз захираҳои табиӣ бой аст. Дар ноҳия тилло, нуқра, мис, литий (металли сабуки нуқрафом), ниобий, тантал, ангиштсанги навъи кокс (антрасит - ба таври кушод ва зеризаминӣ), намак, санги мармар, маводи сохтмонӣ, оҳаксанг, хоки кулолӣ, куму шағал ва дигар канданиҳои фоиданоку чашмаи обҳои мусаффо мавҷуд аст.
Вазъи демографӣ. Ба ҳолати 1 январи соли 2011 аҳолии ноҳияи Рашт 104,9 ҳазор нафар ё 1,4 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ 52,9 ҳазор нафар мардон (50,4 фоиз) ва 51,9 ҳазор нафар занон (49,6 фоиз) мебошанд. Суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 2,3 фоиз ва зичии аҳолӣ 21,6 нафарро дар 1 км2 ташкил медиҳад.
Дар давоми солҳои 2000-2010 аҳолии ноҳия 23,7 ҳазор нафар ё 28,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Воқеан, соли 2011 дар муқоиса ба соли 2010 аз сабаби муҳоҷират ба дигар минтақаҳо ва берун аз ҷумҳурӣ шумораи аҳолӣ 1,1 фоиз коҳиш ёфтааст (Ҷадвали № 1).
Ҷадвали № 1 . Шумораи аҳолии ноҳия (нафар)
+---+-------------------+--------+----------------------+------------ҷ
| |Нишондиҳандаҳо |Воҳиди | Шумораи умумӣ | |
| | |ченак +-------+------+-------+------------+
| | | | 2008 |2009 |2010 | Ба ҳолати |
| | | | | | | 01.01.2011|
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|1. |Хоҷагии аҳолӣ |хоҷагиҳо| 16051 |16325 |16325 |16309 |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|2. |Аҳолӣ (аз он ҷумла)|нафар |103057 |105184|106003 |104866 |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|2.1|Мардҳо |нафар |51708 |52455 |52784 |52933 |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|2.2|Занҳо |нафар |51349 |52729 |53219 |51933 |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|2.3|Кӯдакони то синни |нафар |41729 |42566 |43023 |42400 |
| |14 сола | | | | | |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|2.4|Гурӯҳи миёнасолон |Нафар |54694 |55397 |55655 |55300 |
| |(15-62 (57 барои | | | | | |
| |занон) сола) | | | | | |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|2.5|Гурӯҳи калонсолон |нафар |6633 |7221 |7325 |7166 |
| |(63 58сола ва боло)| | | | | |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|5. |Мухоҷирони меҳнатӣ |нафар |5885 |6864 |7374 |6238 |
| |(маълумоти сатхи | | | | | |
| |ҷамоатҳо) | | | | | |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|6. |Аҳолии қобили меҳ- |нафар |54694 |55155 |55300 |55000 |
| |нат | | | | | |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|7. |Бекорон (расман |нафар |- |- |- |2035 |
| |бақайдгирифта) | | | | | |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
|8. |Аҳолии ба кор маш- |нафар |6312 |6200 |6114 |6607 |
| |ғулбуда | | | | | |
+---+-------------------+--------+-------+------+-------+------------+
Таҳлил нишон медихад, ки аз шумораи умумии аҳолии қобили меҳнат 12 фоиз ба кор машғул ва 11 фоизи он дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Шумораи бекорони ба қайдгирифташуда қариб 4 фоизи аҳолии қобили меҳнатро ташкил медиҳад. Барои дар оянда таъмин намудани аҳолӣ ба ҷои кори доимӣ таъсис додани корхонаҳои хурду миёна ба мақсад мувофиқ аст.
Ноҳия аз рӯи хусусияташ аграрӣ буда, 100 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ҳайати иҷтимоии аҳолии ноҳияро 100 фоиз тоҷикҳо ташкил медиҳанд. Дар ноҳия ду ҷамоати шаҳрак (шаҳракҳои Ғарм ва Навобод) ва 12 ҷамоати деҳот фаъолият доранд. Маркази ноҳия шаҳраки Ғарм мебошад.
Ҷадвали № 2. Маълумотнома оид ба иқтидори мавҷудаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт
+---+-------+-------+-----+------+----------+---------+---+----+-----ҷ
|№ |Номи |Масофа |Шумо-|Шумо- | |Масҷид | | | |
| |ҷамоат-|то мар-|раи |раи +----+-----+----+----+ | | |
| |ҳо |кази |оила |аҳолӣ |Мак-|Мак- |Ҷом-|Панҷ|Ма-|Клуб|Мар- |
| | |ноҳия | | |таби|таби |еъа |вақт|ғо-| |кази |
| | |(км) | | |миё-|иб- | | |за | |фар- |
| | | | | |на |тидоӣ| | | | |оғатӣ|
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|1. |ҷ/шаҳ. |- |1215 |7325 |3 |2 |1 |3 |44 | 1 |2 |
| |ғарм | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|2. |ҷ/шаҳ. |22 |1031 |4308 |3 |- |1 |3 |18 | - | 1 |
| |Навобод| | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|3. |ҷ/д. Н.|12 |1921 |11901 |8 |2 |- |7 |33 |2 |1 |
| |Махсум | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|4. |ҷ/. Б. |23 | 1731|10680 |10 |5 |1 |6 |26 |- |1 |
| |Раҳим- | | | | | | | | | | |
| |зода | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|5. |ҷ/Д- |38 |847 |5316 |5 |- |- |8 |10 |1 |1 |
| |Тагоба | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|6. |ҷ/Д- |27 |275 |2090 |3 |4 |- |2 |5 |1 |- |
| |Оби | | | | | | | | | | |
| |меҳнат | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|7. |ҷ/д. |11 |1653 |14041 |10 |1 |1 |17 |18 |1 |1 |
| |Қалъаи | | | | | | | | | | |
| |Сурх | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|8. |ҷ/д. |15 |570 |4714 |5 |5 |- |3 |6 |2 |1 |
| |Хиҷбо- | | | | | | | | | | |
| |рак | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|9. |ҷ/д. |8 |548 |3587 |5 |4 |- |6 |5 |1 |- |
| |Аскалон| | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|10.|ҷ/д. |4 |2360 |13758 |6 |3 |- |12 |36 |- |1 |
| |Навдй | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|11.|ҷ/д. |12 |1256 |8974 |5 |2 |- |6 |26 |1 |- |
| |Қалъа- | | | | | | | | | | |
| |нак | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|12.|ҷ/д. |16 |1070 |6306 |4 |1 |- |6 |19 |- |- |
| |Ҷафр | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|13.|ҷ/д. |67 |958 |6463 |5 |2 |1 |3 |13 |- |1 |
| |Ҳоит | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|14.|ҷ/д. |71 |874 |2570 |3 |5 |- |9 |5 |- |- |
| |Ясман | | | | | | | | | | |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
| |Ҳамагӣ:| |16309|104866|75 |36 |5 |91 |264|10 |10 |
+---+-------+-------+-----+------+----+-----+----+----+---+----+-----+
|
+--------------------------------------------------------------------+
|Давоми Ҷадвали №2.
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------ҷ
| |Китобхона|Беморхона|Маркази |Бунгоҳи тиббӣ|Осиёби|ҷувози барқӣ |
| | | |саломатӣ| |барқӣ | |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|1. |2 |1 |1 |1 |1 |- |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|2. |2 |2 |1 |- |- |- |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|3. |7 |1 |2 |6 |- |- |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|4. |3 |- |1 |7 |- |1 |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|5. |3 |- |1 |3 |- |1 |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|6. |2 |- |1 |3 |- |- |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|7. |3 |1 |1 |5 |- |1 |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|8. |3 |- |2 |1 |- |- |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|9. |2 |- |2 |1 |- |- |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|10.|4 |- |2 |4 |1 |1 |
| | | | | | | |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|11.|4 |- |1 |3 |1 |1 |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|12.|2 |1 |1 |3 |- |- |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|13.|1 |1 |2 |1 |1 |- |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
|14.|1 |- |1 |2 |1 |- |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
| |39 |7 |19 |40 |5 |5 |
+---+---------+---------+--------+-------------+------+--------------+
Таҳлили ҳолати воқеии ноҳияи Рашт (SWОТ)
+----------------------------------+---------------------------------ҷ
|Тарафҳои қавӣ | Тарафҳои заиф |
+----------------------------------+---------------------------------+
|- мавҷуд будани захираҳои бойи |- набудани сармоя барои гузарони-|
|табиӣ (тилло, нуқра, металлҳои |дани корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва |
|гуногун, ангишт, мармар, хокаи |коркарди захираҳои табиӣ, бахусус|
|алюминий, оҳаксанг, уран,волфрам, |кони ангишти Назарайлок; |
|сурма ва масолеҳи сохтмонӣ); |- фарсуда ва корношоям будани |
|- мавҷуд будани иқтидори истеҳ- |таҷҳизотҳои сехи коркарди сангҳои|
|солии соҳаи истихроҷи ангишти |ороишӣ ва дигар сехҳои коркарди |
|нави кокс (кони ангишти Назар- |маҳсулоти кишоварзӣ; |
|айлок): |- набудани нуқтаҳои қабули пашму |
|- мавҷуд будани базаи истеҳсолӣ |пӯст; |
|(коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, |- дастрас набудани тухмии баланд-|
|сангҳои ороишӣ, масолеҳи сохтмонӣ,|сифат барои парвариши зироатҳо ва|
|пӯсту пашм); |нарасидани нуриҳои маъданӣ (бо са|
|- шароити хуби иқлимӣ барои |баби болоравии нарх); |
|парвариши кулли зироатҳои |- набудани маблағ барои азхудкунӣ|
|кишоварзӣ (бахусус растанипар- |ва обёрӣ намудани заминҳо; |
|варӣ, боғдорӣ ва ғ.); |- набудани маблағ барои бунёди |
|- мавҷуд будани заминҳои обӣ |нерӯгоҳҳои хурд; |
|ва заминҳои лалмӣ барои истеҳсоли |- паст будани хадамоти байторӣ ва|
|маҳсулоти кишоварзӣ ва бунёди |набудани нуқтаҳои фурӯши доруворӣ|
|боғҳои нав; |дар маркази ҷамоатҳои деҳот; |
|- мавҷуд будани дарёҳо барои |- набудани ҷойҳои кори доимӣ ва |
|рушди соҳаи энергетика (НБО) ва |паст будани музди меҳнат; |
|чашмаҳои мусаффо барои таъмини |- нарасидани омӯзгорон ва табиб- |
|оби нӯшокию полезӣ: |он; |
|- мавҷуд будани чарогоҳҳои васеъ |- дар ҳолати бад қарор доштани |
|барои рушди соҳаи чорводорӣ; |роҳҳои дохилӣ, дастрас набудани |
|- мавҷуд будани гиёҳҳои шифобахши |алоқаи интернет, нарасидани барқ;|
|гуногун барои рушди соҳаи занбӯр- |- мавҷуд будани баъзе монеаҳо дар|
|парварӣ ва соҳаи дорусозӣ; |самти самаранок истифода бурдани|
|- мавҷуд будани захираҳои меҳнатии|сармояи муҳоҷирон. |
|озод ва кадрҳои баландихтисос; | |
|- мавҷуд будани филиали Донишгоҳи | |
|давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ| |
|ва омӯзишгоҳҳои касбии техникӣ| |
|педагогӣ ва тиббӣ; | |
|- дастрас будани инфраструктураи | |
|аввалиндараҷа; | |
|- ҷалби сармояи муҳоҷирони меҳнатӣ| |
|барои амалӣ намудани лоиҳаҳои руш-| |
|ди маҳаллӣ. | |
+----------------------------------+---------------------------------+
| Имкониятҳо |Хатарҳо ё душвориҳои дарпешистода|
+----------------------------------+---------------------------------+
|- мавҷуд будани барномаҳои соҳавӣ |- боло рафтани сатҳи таваррум; |
|дар сатҳи миллӣ; - ба роҳ мон- |- баланд шудани нархи сӯзишворӣ |
|дани истихроҷ ва коркарди маъдан |ва тарифҳои хадамотӣ; |
|ҳои кӯҳӣ; |- ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ|
|- таъсис додани корхонаҳои мушта |(сел, ярч, тарма, обхезӣ, замин- |
|рак; |ларза, боронгарии зиёд); |
|- ворид намудани таҷҳизоти нави |- обхезии дарёи Сурхоб ва шуста- |
|технологӣ барои коркарди маҳсулоти|шавии заминҳо; |
|кишоварзӣ, коркарди маъданҳои кӯ- |- паҳн шудани ҳашаротҳои зарар- |
|ҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ; |расон ва дигар касалиҳо; |
|- таъсис додани марказҳои хизмат |- кам шудани интиқоли сармоя аз |
|расониҳои консалтингӣ; |ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ. |
|- мусоидат дар бунёди НБО-и Роғун | |
|ва НБО-и Нуробод-1. | |
+----------------------------------+---------------------------------+
2. Соҳаи кишоварзӣ
Рашт ноҳияи аграрӣ буда, хоҷагии қишлоқ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти он аст. Рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, зеро 30 фоизи аҳолии ба кор машғулбуда дар ин соҳа фаъолият доранд ва барои қисми зиёди аҳолӣ манбаи ягонаи даромад аст. Воқеан тайи солҳои охир мушкилоти асосӣ барои соҳа таносубан паст шудани даромаднокии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аст.
Самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия боғдорӣ, картошкапарварӣ ва ғаллакорӣ мебошад.
Шаклҳои ташкили хоҷагии қишлоқ. Тибқи нақшаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии соли 2008 дар ҳудуди ноҳия 1340 хоҷагии деҳқонии фермерӣ (аз ин 36 хоҷагӣ роҳбараш зан) ва 1 кооперативи истеҳсолӣ бо 1168 саҳмиядор (46 нафар зан (4 фоиз) таъсис дода шуд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 3 Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии "Неъмат", "Механизаторон" ва "Занбӯри асал" ташкил дода шудааст, ки ба он қариб ҳамаи хоҷагиҳои фермерӣ дохил шудаанд. Ҳадафи асосии Ассотсиатсия ин таҳсим намудани хоҷагиҳои калони деҳқонӣ ба хоҷагиҳои нисбатан майда, ба танзим даровардани масъалаҳои мелиоратсия ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Техникаи хоҷагии қишлоқ дар рушд ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим мебозад. Дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 311 техникаи гуногуни кишоварзӣ мавҷуд аст, ки аз ин 120 адад (38,6 фоиз) корношоям ва 191 адад (61,4 фоиз) коршоям мебошад. Аз ҷумла, 20 трактори тасмачарх, 76 трактори чархдор, 1 комбайни ғалладаравкунӣ, 24 экскаватор, 30 равонак ва 40 плуг. Техникаҳои мавҷуда кӯҳна буда, барои таъмири онҳо хароҷоти зиёд лозим аст.
Бо нуриҳои маъданӣ, тухмии хушсифат ва сӯзишворӣ таъмин будани хоҷагиҳо яке масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар шароити кунунӣ хоҷагиҳо барои ҳаллу фасл намудани чунин масъалаҳо захираҳои молиявӣ надоранд. Аз ин сабаб, парвариш намудани навъҳои нави зироати сердаромад барои хоҷагиҳои ноҳия мушкил аст.
Истифодаи замин. Майдони умумии заминҳои истифодабарии корхонаҳои кишоварзӣ 93,452 га (9,5фоиз обӣ) ва корами лалмӣ 84,600 га (90,5 фоиз) ташкил медиҳад, ки аз ин заминҳои дар истифодаи хоҷагиҳои деҳқонӣ 85,0 фоиз мебошад. Аз заминҳои қишоварзӣ 8,4 фоиз барои кишту кори зироат ҷудо шуда, 69,8 фоиз обӣ ва 30,2 фоиз лалмӣ аст. Заминҳои обӣ асосан барои парвариши картошка, ғалладонагӣ, сабзавот, хӯроки чорво ва полезӣ истифода бурда мешаванд.

Дар ноҳия 4,645 га-ро (аз ин 76 фоизи замини обӣ) замини наздиҳавлигии хоҷагиҳои хонагӣ ташкил медиҳанд, ки аз ин 25,9 фоиз замини корам, 66,2 фоиз дарахтони бисёрсолаи мевадиҳанда, 7,9 фоиз иморатҳо ва дигар заминҳо аст.
Умуман дар ноҳия ба як шаҳрванд 0,065 га ва аз рӯи замини корами обӣ ба ҳар як шаҳрванди ноҳия 0,04 га рост меояд.
Ҷадвали № 3. Истифодаи замин аз рӯи намуд (категория)
+--+--------------------------------------------+--------------------ҷ
|№ |Истифодабарии заминҳо | Масоҳат, га |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|1.|Майдони умумии заминҳои истифодабарии корхо |93452 |
| |наҳои кишоварзӣ | |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |аз ҷумла обӣ |8852 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|2.|Замини корам |5093 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |аз ҷумла обӣ |3555 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|3.|Дарахтҳои бисёрсола |1514 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |аз ҷумла обӣ |1281 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |Боғ |1278 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |аз ҷумла обӣ |1096 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|4.|Заминҳои партов |137 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |аз ҷумла обӣ |72 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|5.|Заминҳои алафдарав |388 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|6.|Чарогоҳ |53322 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |аз ҷумла обӣ |296 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
| |Ҳамагӣ заминҳои кишоварзӣ |60454 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |аз ҷумла обӣ |5204 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|7 |Заминҳои наздиҳавлигӣ |4645 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |аз ҷумла обӣ |3534 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|8 |Заминҳои хоҷагӣ ё шахсӣ |482(президентӣ) |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|- |аз ҷумла обӣ |78 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|9 |Ҷангалу бешазор |1870 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|10|Заминҳои зери об |1587 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
|11|Дигар заминҳо |14505 |
+--+--------------------------------------------+--------------------+
Дар сохтори истифодаи заминҳои кишоварзи ҳиссаи зиёдро кишти ғалладонагиҳо, картошка ва зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳанд.

Тайи се соли охир ҳаҷми кишти умумӣ 11 фоиз, аз ҷумла ғалладонагӣ 32 фоиз кам шуда, аз ин ҳисоб майдони кишти картошка ва хӯроки чорво мунтаносибан 26 ва 79 фоиз зиёд шудааст. Яке аз сабабҳои кам шудани кишти зироати кишоварзӣ ин бад, шудани ҳолати мелиоративӣ ва дуруст риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ мебошад, ки ин боиси аз гардиши кишоварзӣ боз мондани заминҳо мегардад. Ҳоло дар ноҳия 137 га замин аз фаъолияти кишоварзӣ боз мондааст, ки аз ин 72 га замини обӣ мебошад.
Барои ҳосили соли 2012 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзии ноҳияи Рашт дар масоҳати 1,020 га кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 305 га дар заминҳои обӣ мебошад. Инчунин мувофиқи дурнамо дар масоҳати 3,307 га кишти зироатҳои баҳорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 2,752 га дар заминҳои обӣ мебошад. Аз ҳисоби масоҳати умумии кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ ғалладонагиҳо 1,079 га; зироатҳои техникӣ 110 га, картошка 1,900 га, сабзавот 168 га ва зироатҳои хӯроки чорво 50 га-ро ташкил медиҳад.
Нақши хоҷагии қишлоқ дар рушди иқтисоди маҳал. Хоҷагии қишлоқ зиёда аз 65 фоизи аҳолии қобили меҳнатро ба кор таъмин мекунад. Аз рӯи маълумоти расмӣ зиёда аз 75 фоизи хоҷагиҳои хонагӣ-ба парвариш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд (бахусус мева ва картошка). Таҳлил нишон медиҳад, ки тайи панҷ соли охир дар ноҳия ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 3,2 фоиз афзоиш ёфта бошад ҳам, вале даромаднокии хоҷагиҳо паст шудааст ва хоҷагиҳо дар бисёр маврид қобилияти пардохтиро дар назди ташкилотҳои қарздиҳанда ва буҷет надоранд. Ин раванд ба муфлис шудани хоҷагиҳо оварда мерасонад.

Воқеан, соли 2010 дар ноҳия бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 154,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки аз ин 59 фоиз дар соҳаи растанипарварӣ ва 41 фоиз дар соҳаи чорводорӣ аст. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи аҳолӣ дар қиёс ба дигар шаклҳои хоҷагидорӣ зиёдтар аст (диаграммаи №3).
Дар истеҳсоли ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи асосиро зироатҳои ғалладонагӣ, картошка, мева ва сабзавот ишғол мекунад.
Тибқи нақшаи дурнамо тайи солҳои 2012-2014 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 172,1 млн. сомонӣ чашмдошт шудааст, ки аз ин 100,8 млн. сомониро соҳаи растанипарварӣ ва 71,3 млн. сомониро соҳаи чорводорӣ ташкил медиҳад.

Растанипарварӣ. Растанипарварӣ яке аз соҳахои асосии кишоварзии ноҳия аст. Инкишофи соҳа дар афзоиши даромади хоҷагиҳо нақши муҳим дорад ва аз ин сабаб дар ноҳия ба ин соҳа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда мешавад. Хоҷагиҳои ноҳия ба парвариши ғалладонагӣ (88 фоиз заминҳо ба парвариши гандум), картошка, сабзавот, зироатҳои техникӣ ва хӯроки чорво машғуланд. Тахлил нишон медиҳад, ки тайи панҷ соли охир аз ҳисоби кам кардани 19 фоиз майдони кишти ғалладонагӣ, 57 фоиз зироатҳои техникӣ, 40 фоиз хӯроки чорво ва азхудкунии заминҳои нав майдони кишти картошка 52 фоиз ва сабзавот 28 фоиз зиёд шудааст. Ҳамчунин, аз ин ҳисоб 518 га боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки дар ҳолати аз 1 га 30 сентнер ҳосил гирифтан хоҷагиҳои боғпарвар метавонанд 154 тонна мева илова гиранд.
Тибки нақшаи дурнамо, соли 2014 дар қиёс ба соли 2010 майдони кишти картошка 52 фоиз ва сабзавот 15 фоиз, аз ҳисоби кам кардани майдони кишти дигар зироатҳо, зиёд карда мешавад.
Соли 2010 дар муқоиса ба соли 2007 истеҳсоли ғалладонагӣ 22 фоиз ва сабзавот 11 фоиз коҳиш ёфтааст. Сабаби пасти ҳосил баъзан аз зироатҳои растанипарварӣ ин саривақт таъмин нашудани нуриҳои маданӣ, набудани обӣ полезӣ ва дигар заҳрхимикатҳо мебошад. Ҳамчунин, аз фаъолият мондани наҳрҳои Лоёба, Ҳисорак, Наҳри худчории Беги Сиёҳ қисми зиёди заминҳои обӣ аз фаъолият боз монданд. Танқисӣ аз оби полезӣ, бахусус ба парвариши маҳсулотҳое, ки бисёртар ба об эҳтиёҷ доранд таъсир мерасонад (аз ҷумла ба соҳаҳои сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва картошкапарварӣ). Дар ҳолати бо оби полезӣ таъмин намудан истеҳсоли маҳсулот метавонад боз ҳам боло равад.
Ҳамзамон, боришоти зиёди соли 2009 ва дигар омилҳо ба истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, бахусус картошка, ғалладонагиҳо ва мева таъсир расонид, ки дар натича истеҳсоли ин намуди маҳсулот дар қиёс ба солҳои пеш коҳиш ёфт.
Ғалладонагӣ ва сабзавоткорӣ. Дар ноҳия маҳсулоти ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум истеҳсол карда мешавад. Дар сохтори майдони кишти ғалладона ҳиссаи майдони кишти гандум 87 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Рашт кишти сабзавот барои таъмин намудани бозори дохилӣ ба роҳ монда шудааст. Майдони кишти сабзавот дар ноҳия сол аз сол зиёд шуда истодааст ва тибқи нишондоди нақшаи дурнамои соли 2015 майдони кишти сабзавот 16 фоиз зиёд мешавад (670 га).
Аҳолӣ асосан ба парвариши сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг, қаламфур, карам ва кабудӣ шуғл доранд. Минтақаҳои сабзавоткорӣ асосан дар ноҳия ҷамоатҳои Навдӣ, Қалъаи Сурх, Н.Махсум, қисман Тагоба ва Ҳоит мебошанд.
Картошкапарварӣ. Картошкапарварӣ соҳаи асосӣ барои хоҷагиҳои ноҳия буда, 76 фоизи хоҷагиҳои хонагӣ ба парвариши картошка машғул мебошанд. Барои аҳолии ноҳияи Рашт 33 фоизи сарчашмаи даромад аз ҳисоби фурӯши картошка мебошад.
Рашт дар баробари ноҳияхои Тоҷикобод ва Ҷиргитол яке аз ноҳияи истеҳсолкунандаи асосии картошка мебошад, вале солҳои охир истеҳсоли он талаботи бозори дохилиро қонеъ карда наметавонад. Соли 2010 хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳия ҳамагӣ 4,7 фоизи ҳаҷми умумии картошкаи ҷумҳуриро истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба солҳои собиқ шӯравӣ дучанд кам аст. Сабаби паст шудани истеҳсоли картошка, пеш аз ҳама риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ, саривақт истифода набурдани нуриҳои менералӣ, дастрас нашудани тухмии аълосифат ва паҳн шудани ҳашаротҳои зараррасон мебошад.
Дар хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳия солҳои тӯлонӣ истифода бурдани як навъи тухмии картошка ба ҳосилнокии он таъсири манфӣ расонида истодааст ва аз ин лиҳоз, дар водии Рашт таъсис додани хоҷагии махсусгардонидашудаи давлатӣ оид ба парвариши картошкаи тухмӣ бо маблағгузории имтиёзноки давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба мақсад мувофиқ аст. Агар дар яке аз мавзеъҳои мувофиқи водии Рашт хоҷагии тухмипарварӣ бо мутахассисони таҷрибадор таъминбуда ташкил карда шавад, водӣ имконият дорад, ки дигар минтақаҳои ҷумҳуриро бо тухмии аълосифат таъмин намояд, зеро агар тухмии картошка аз минтақаҳои сард ба минтақаҳои гарм интиқол дода шавад, мӯҳлати истифодаи он бардавом мешавад.
Сол аз сол зиёд шудани ҳамагуна касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон ба ҳосилнокии картошка таъсири худро низ расонидааст. Ҳоло дар зироати картошка касалиҳои фитафтароз, макроспориоз, ризоктаниёз, (парша)кутурак, столбур ва касалиҳои вирусӣ вуҷуд доранд.
Дар киштзори картошка зараррасонҳо - симкирмак, лундакирм, кирминаи парвонаи тирамоҳӣ ва гамбусаки колорадӣ паҳн шудаанд. Бар зидди зараррасонҳои лундакирм ва симкирмак истифодаи заҳрхимикати Гаммагексан ё Гексатиурам 2-3 кг/га пеш аз шудгор ва ба муқобили гамбусаки каларади заҳрхимикатҳои конфидорс О,3л /га, Фюре 0,1 л/га, Децис -0,150 л/га истифода бурда мешавад, вале аз сабаби набудани маблағ, гарон будани нарх ва дастрас набудани ин маводҳо бисёр вақт кишоварзон қобилияти истифодаи онҳоро надоранд.
Умуман, сифати пасти тухми картошка ва ғалладона, маҳдуд будани дастрасии хоҷагиҳои фермерӣ ба қарзҳои камфоизу дарозмӯҳлат, дар масофаи дур ҷойгир шудани хоҷагиҳои картошкапарвар аз маркази ноҳия ва ҷумҳурӣ, набудани роҳи хуби мошингард аз маркази ноҳия то хоҷагиҳои дурдаст ва ҳамзамон дар ҳолати бад қарор доштани роҳи мошингард байни хоҷагиҳо, кашонидани маҳсулот аз хоҷигихо ба бозори дохилию берунӣ ва саривақт истифода набурдани қоидаҳои агротехникӣ мушкилотҳои аввалияи соҳа мебошанд.
Инкишоф додани хоҷагии махсусгардонидашудаи тухмипарварӣ, додани қарзҳои дарозмӯҳлату камфоиз ва таъмири роҳҳои мошингард ҳадафи асосии ин соҳа арзёбӣ мешавад.
Боғдорӣ. Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар бобати таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии ноҳия ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Иқлими ноҳия имконият медиҳад, ки майдони боғро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил зиёд намуда, талаботи аҳолӣ ба меваи тару тоза таъмин шавад ва қисми боқимондаи он содирот карда шавад. Талаботи рӯзафзун ба мева, масолеҳи сохтмонӣ, бахусус чӯбу тахта (аз ҳисоби шинондани дарахтони бемева) ва шароити мусоиди иқлими ноҳия дар суръатбахшии ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот ҳиссаи худро мегузорад ва ин имкон медиҳад, ки дар оянда боғдорӣ дар ноҳия ривоҷ дода шавад. Танҳо тайи солҳои 2008-2010 дар хоҷагиҳои ноҳия зиёда аз 518 га боғи нав бунёд карда шудааст, ки барои дар оянда зиёд намудани истеҳсоли мева, масолеҳи сохтмонӣ ва инкишоф додани ин соҳа имконияти хеле калон аст.
Таҳлил нишон медихад, ки хоҷагиҳои боғпарвари ноҳия бештар аз дарахтони мевадиҳанда ба парвариши дарахтони себу нок, тут, олу ва аз дарахтони бемева ба сафедор ва бед машғул мебошанд.
Тайи солҳои охир барои амалӣ гардонидани "Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғдорӣ ва тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли мева, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010" зиёда аз 518 га боғи нав бунёд карда шуд. Дар соли 2012 бояд дар масоҳати 25 га боғи нав бунёд карда шавад, ки аз он 1 га-ро боғи зардолу ташкил медиҳад.
Солҳои охир майдони аксари боғҳои ноҳия аз сабаби нагузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, бахусус коркарди кимиёӣ ба муқобили касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон қариб ба ҳолати нестӣ омода расидаанд. Сабаби асосии пастшавии ҳосил низ дар ҳамин мебошад. Давраи авҷи касалиҳо ва инкишофи ҳашароти зараррасон вобаста аз шароити иқлими маҳал ва хусусияти биологии онҳо, ки ба сабзиши дарахтон зарар меоварад, гуногун мегузарад. Бинобар ин дар ин самт лозим аст, ки дар минтақа гурӯҳи махсуси пешгӯӣ оид ба паҳншавии ҳашаротро ташкил шуда, фаъолияти нуқтаҳои муҳофизати растаниҳо барқарор гардад.
Дуруст ба роҳ мондани муҳофизати боғ аз касалиҳо ва ҳашаратҳои зараррасон боиси баланд шудани ҳосилнокӣ ва зиёд шудани истеҳсоли мева дар ноҳия мешавад. Талаботи имрӯзаи бозори дохилию берунӣ такозо менамояд, ки маҳсулоти дорои сифати баланд аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад. Бинобар ин, зарурати ҳимояи маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи усулҳои агротехникӣ, механикӣ, биологӣ ва кимиёвӣ ба миён меояд, ки имконияти истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки ба талаботи бозори дохилию берунӣ ҷавоб дода тавонад.
Ҳолати техникӣ. Мушкилоти дигари соҳаи кишоварзӣ ин ба таври кофӣ таъмин набудани техникаи кишоварзӣ мебошад. Аз соли 1990 инҷониб дар хоҷагиҳои кишоварзӣ каму беш техникаи нав дохил шуда бошад ҳам, вале талаботи хоҷагиҳоро таъмин карда наметавонад. Ҳолати техникаҳои мавҷуда дар ҷадвали №4 нишон дода шудааст:
Ҷадвали № 4. Техникаҳои мавҷудаи кишоварзӣ.
+--+-----------------------+-----------+------------+----------------ҷ
|№ |Номгӯи техника |Ҳамагӣ |Омода |фоизи омодагӣ |
+--+-----------------------+-----------+------------+----------------+
| |Трактори тасмачарх |42 |20 |47,6 |
+--+-----------------------+-----------+------------+----------------+
| |Трактори чархдор |137 |76 |55.5 |
+--+-----------------------+-----------+------------+----------------+
| |Комбайн |10 |1 |10,0 |
+--+-----------------------+-----------+------------+----------------+
| |Экскватор |48 |24 |50,0 |
+--+-----------------------+-----------+------------+----------------+
| |Присепҳо |34 |30 |88,2 |
+--+-----------------------+-----------+------------+----------------+
| |Плугҳо |40 |40 |100,0 |
+--+-----------------------+-----------+------------+----------------+
| |Ҳамагӣ: |311 |191 |61,4 |
+--+-----------------------+-----------+------------+----------------+
Дар ҳолате, ки 39 фоизи техникаи кишоварзӣ дар ҳолати корношоям қарор дорад, рушди минбаъдаи соҳа душвор аст.
Системаи обёрӣ. Обёрикунии заминҳои нав ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии онҳо низ аз мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳаи кишоварзӣ буда, ҳалли мушкилоти мазкур дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Амалӣ намудани ин мушкилот тавассути буҷети маҳаллӣ аз имкон берун аст, чунки Рашт ноҳияи дотатсионӣ буда, ба кӯмаки давлатӣ ниёз дорад.
Аз 5093 га заминҳои корами дар истифодаи хоҷагиҳои кишоварзӣ 3055 га обӣ буда, тавассути 43 канали худҷорӣ ва 1000 га ба воситаи шабакаҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Аз 11 шабакаи обёрӣ (дарозии умумии онҳо 177 км) ҳамагӣ 6 адад коршоям аст ва боқимонда ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Аз сабаби корношоям гардидани наҳрҳои Лоёба, Ҳисорак ва Беги Сиёҳ қисми зиёди заминҳои обӣ дар ҷамоатҳои Н.Махсум, Ҳоит ва Аскарон солҳои тӯлонист, ки бо иқтидори пурраашон истифода бурда намешаванд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №517 "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар ноҳияҳои Рашт, Ҷиргатол, Тавилдара ва Нуробод барои солҳои 2008-2010" дар ноҳияи Рашт солҳои 2008-2010 азхудкунии заминҳои нави обёришаванда дар қитъаи "Варзигон", "Ҳисорак", "Қалъанак", "Нав", "Нимич", "Лугиёзӣ" ва "Ярхич" бо иқтидори 1150 га бо маблағи 5000,0 ҳазор сомонӣ, аз ин 3359,0 сармояи хориҷӣ ва 1641,0 ҳазор сомонӣ маблағи мутамарказ пешбинӣ шуда буд.
Ҳангоми обёрӣ намудани заминҳои банақшагирифташуда эҳтимол аст, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ афзуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.
Чорводорӣ. Чорводорӣ дар баробари дигар соҳаҳо яке аз бахшҳои асосии кишоварзии ноҳия буда, ҳаҷми қиёсии он дар маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 41 фоизро ташкил медиҳад. Соли 2010 хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 64,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба даҳ соли охир (соли 2000) 7 маротиба зиёд аст. Маҳсулоти чорводорӣ қариб 3 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки маҳсулоти чорводорӣ тайи панҷ соли охир зиёд шуда, истеҳсоли гӯшт 67 фоиз, шир 3,4 фоиз, тухм 6,7 фоиз, пашм 53,6 фоиз ва асал 70,0 фоиз афзоиш ёфтааст.
Вусъат бахшидан ба рушди соҳаи чорводорӣ, пеш аз ҳама ба заминаи зотпарварии соҳа барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ва амалигардонии СПКСК аҳамияти калон дорад. Ин амал бахусус дар холати амалигардонии "Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012с, ки яке аз вазифаҳои он афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва таъмини ниёзи мардум бо маҳсулоти чорво аҳамияти бештар пайдо менамояд.
Дар ноҳия қариб 98,8 фоиз саршумори чорво ба бахши аҳолӣ, 1,2 фоиз ба хоҷагиҳои дехқонӣ ва парандапарварӣ 100 фоиз (бахши аҳолӣ) рост меояд. Дар ноҳияи Рашт истифодаи маводҳои зотӣ, хизматрасонии зоотехникию байторӣ маҳдуд буда, таъминот бо хӯрока ва захираи он кам шудааст.
Аз рӯи маълумоти расмии оморӣ дар ноҳия ба ҳолати 1 январи соли 2011 ҳамагӣ 165,0 ҳазор сар чорво ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи он ба бахши аҳолӣ тааллуқ дорад.
Ҷадвали № 5. Саршумори умумии чорво ва парранда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ (сар)
+--+---------------------+------+-------+-----+-------+------+-------ҷ
|№ | Нишондиҳандаҳо |соли |соли |соли |соли |соли |соли |
| | |2005 |2006 |2007 |2008 |2009 |2010 |
+--+---------------------+------+-------+-----+-------+------+-------+
|1.|Чорвои калони шохдор | 35909|35513 |37739|40744 |46435 |49739 |
+--+---------------------+------+-------+-----+-------+------+-------+
|- |Модагов |17295 |18962 |19569|20239 |22312 |23684 |
+--+---------------------+------+-------+-----+-------+------+-------+
|2.|Бузу гӯсфанд |90569 |92770 |94729|101234 |107854|115262 |
+--+---------------------+------+-------+-----+-------+------+-------+
|3.|Асп |1260 |1109 |1188 |1191 |1224 |1240 |
+--+---------------------+------+-------+-----+-------+------+-------+
|4.|Парранда |66769 |71943 |72408|74300 |77360 |84295 |
+--+---------------------+------+-------+-----+-------+------+-------+
|5.|Оилаи занбӯри асал |12184 |14986 |16870|17899 |21708 |22873 |
+--+---------------------+------+-------+-----+-------+------+-------+
Дар ноҳия Рашт барои рушди соҳаи чорводори ва ташкили заминаи хӯроки он шароити хуб мавҷуд аст, зеро 57 фоизи майдони умумии заминҳои кишоварзиро чарогоҳҳо (53,322 га чарогоҳ) ва 0,4 фоизро заминҳои алафдарав (388 га) ташкил медиҳад.
Шароити иқлимии ноҳия барои парвариши ҳайвонот ва парранда мусоид аст. Дар сурати инкишоф додани соҳаи чорводорӣ ва ба роҳ мондан коркарди он, ноҳия имконият дорад, ки дар таъмини маҳсулоти молию ширӣ мавқеи калонро дар водии Рашт ишғол намояд.
Мушкилоти асосӣ барои хоҷагиҳои чорводор дар марҳилаи аввал набудани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти ширӣ аст. Таъсис додани корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ бо назардошти истифода аз манбаи мавҷудаи ашёи маҳаллӣ яке аз самтҳои асосии Барнома дар
ояндаи наздик аст. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти чорводорӣ дар таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи нави корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия мусоидат менамояд.
Коркарди пӯст ва пашм. Рушди соҳаи коркарди ашёи чорво (пӯст ва пашм) бо дарназардошти истифода аз манбаи мавҷудаи ашёи маҳаллӣ, ҷиҳати пайдо намудани арзиши иловашудаи маҳсулоти истеҳсолӣ, аз ин ҳисоб ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ, таъмини бозори дохилӣ ва баланд бардоштани истеҳсоли содиротии ноҳия, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ки барои паст кардани сатхи камбизоатӣ мусоидат менамояд, аҳамияти иқтисодӣ дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки миқдори зиёди пӯсту пашм дар ноҳия мавҷуд буда, бинобар набудани нуқтаҳои қабул ва коркард нашудани онҳо бекор хобидаанд.
Ба ин мақсад дар сатҳи миллӣ "Барномаи коркардп пуррап ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барон давраи то соли 2015" ба тавсиб расидааст, ки дар доираи он ташкили нуқтаҳои ҷамъоварии ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) тӯли солҳои 2009-2015 дар ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" дар назар дошта шудааст. Тайи 20 соли охир дар ноҳия ҷамъоварии пӯсту пашм ба роҳ монда нашудааст, ки ин бар зарари хоҷагиҳои чорводор мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамсола дар ноҳия тақрибан 1000 то 1500 ҳазор дона ё ин, ки ба ҳисоби миёна 1065 ҳазор м2 ашёи пӯст истифода нашуда, партофта мешавад. Аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ ҳамасола дар ноҳия зиёда аз 9 тонна пашми буз ва 20 тонна пашми гӯсфанд истифода нашуда, партофта мешавад.
Дар ҳолати ташкил намудани нуқтаҳои коркарди пӯсту пашм ва ҳавасманд намудани хоҷагиҳо имконияти гирифтани даромади иловагӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротӣ аз ин ҳисоб дар ноҳия мавҷуд аст.
Байторӣ. Дар шароити имрӯза рушди соҳаи чорводорӣ ва паррандапарвариро бе пешниҳоди хизматрасонии босифати байторӣ чиҳати саривақт пешгирӣ намудани касалиҳои сирояткунанда душвор аст.
Дар ноҳияи Рашт ҳолатҳои алоҳидаи касалиҳои карасон (эмкор), зардкасал (лентоспироз), хорӣ (бешенство), вабои сумдарди ҳайвонот ва дигар касалиҳо дар байни чорвои калон ва майда, ҳамзамон вабои мурғҳои хонагӣ (псевдочума) ба мушоҳида мерасад. Маводҳои биологии пешгирии касалиҳои сирояткунанда: сӯхтанӣ 100 фоиз, вабои сумдард 18 фоиз, гули моли майда 10-15 фоиз, барои ташхиси касалии сил туберкулини ППД - 100 фоиз, ваксинаи пешгирии буғумдарди чорвои калони шохдор 100 фоиз аз ҳисоби маблағҳои ҷумхурӣ ҷудо карда мешавад.
Мушкилоти асосие, ки дар ин самт ба мушоҳида мерасад, ин пеш аз ҳама, набудани таҷҳизот ва техникаи замонавӣ, мутахассисони баландихтисос, баланд будани нархи доруворӣ, мушкил будани дастрасии доруворӣ ва ғайра мебошад.
Барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии байторӣ, роҳ надодан ба талафшавии чорво ва парранда аз ҳисоби касалиҳои гузаранда, инвазионӣ, паразитӣ ва хунӣ дар байни чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидан зарур аст. Аз ҷумла, ташкил намудани нуқтаҳои махсус барои куштани чорвои гӯштӣ, ҷиҳати нест кардани хуну дигар партовҳои нолозим ва дар ин замина нигоҳ доштани тозагии муҳити атроф.
Имрӯз мутахассисони соҳаи байторӣ ба мушкилоти ифлосшавии муҳити атрофи ноҳия рӯ ба рӯ шуда истодаанд, ки яке аз сабабҳои асосии он дар партовгоҳҳо гузоштани ҷасадҳои чорво ба ҳисоб меравад. Зеро ҷойҳои махсус барои гӯронидан ва сӯзонидани чорво вуҷуд надорад ва ҷасадҳо дар партовгоҳҳо ва сойҳо партофта мешаванд, ки муҳити атрофро ифлос менамоянд. Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилот ташкил намудани нуқтаи махсус барои гӯронидани чорвои талафёфтаи шубҳаноки дорои касалии сироятӣ зарурият дорад.
Номукаммалии маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур имконият намедиҳад, ки мушкилоти ба миён омада вобаста ба пешгирии касалиҳои сирояткунанда дар байни чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ, беҳтарсозии насли чорво, ташфиқу тарғиби таҷрибаи пешқадам ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмии соҳаи байторӣ чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Занбӯри асалпарварӣ. Занбӯри асалпарварӣ яке аз соҳаҳои камхарчу сердаромади соҳаи кишоварзӣ мебошад. Шароити иқлимии ноҳияи Рашт барои инкишофи соҳаи занбӯрпарварӣ мусоид аст. Захираҳои маҷудаи растаниҳои шаҳддиҳандаи ноҳия имкон медиҳанд, ки шумораи оилаи занбӯри асал зиёд карда шуда, истеҳсоли он дучанд карда шавад. Солҳои охир соҳаи мазкур дар ноҳия рушд ёфта, истеҳсоли он тадриҷан зиёд шудааст. Тӯли панҷ соли охир оилаи занбӯри асал 87 фоиз ва истеҳсоли он 70 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бо мақсади рушди соҳаи мазкур "Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" қабул гардидааст. Тибқи Барномаи мазкур Корхонаҳои воҳиди занбӯрпарварӣ ва филиалҳои онҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати барқарор ва рушди соҳа таъсиси сехҳои тайёр кардани қуттии занбӯри асал, чорчӯба, кӯрпача, мумварақ ва асбобу анҷоми занбӯрпарварӣ ба роҳ монда шуда, ба таҷҳизоти дахлдор таъмин карда шаванд.
Тибқи нақшаи дурнамо миқдори оилаҳои занбӯри асал дар ноҳияи Рашт то соли 2014 ба 25 ҳазор оила расонида шуда, истеҳсоли он ба 509 тонна расонида мешавад.
Барои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи асалпарварӣ дастгирӣ намудани хоҷагиҳои асалпарвар ва ба онҳо додани қарзҳои камфоиз ва дарозмӯҳлат мувофиқи матлаб мебошад.
Пилла. Иқлими ноҳия барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ мусоид аст. Дар баробари дигар бахшҳо соҳаи кирмакпарварӣ барои ноҳия низ яке аз соҳаҳои муҳим буда, барои ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ
нақши муҳим мебозад. Тибқи "Барномаи соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020" дар ноҳияи Рашт то соли 2016 шинонидани 69 ҳазор бех ниҳоли тут, 105 га бунёди тутзор, парвариши 800 қуттии кирмак, бунёди комплексҳои пиллапарварӣ ба маблағи 20,0 ҳазор сомонӣ ва истеҳсоли 40 тонна пилла дар назар аст.
Мушкилотҳои соҳаи кишоварзӣ:
аз фаъолият бозмондани 5 шабакаи обёрӣ ва набудани қубури обгузар барои бунёди 40 га боғи нав дар мавзеи сафедкӯҳи хоҷагии М.Назриеви ҷамоати Навдӣ;
набудани хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи тухмипарварӣ ва аз байн рафтани хоҷагиҳои тухмипарварӣ;
зиёд шудани ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои гуногун ва дастрас набудани маводҳои дорувории заҳркимиёҳо барои тоза намудани боғҳо;
набудани нуқтаҳои фурӯши доруворӣ бар зидди ҳашаротҳо ва дигар паразитҳо;
ҷавобгӯй набудани хадамоти байторӣ ва набудани нуқтаҳои фурӯши доруворӣ барои чорво;
тӯл кашидани азхудкунии 300 га замин дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Ҳоит (Дашти беоб ва Луғёзӣ) ва 160 га Ҷамоати деҳотӣ Б. Раҳимзода (Варзигони деҳоти Қалъаи Сурх);
маҳдудияти гирифтани қарзҳои камфоиз ва дарозмӯҳлат дар соҳаи кишоварзӣ бахусус соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ;
фарсуда гаштани техникаи мавҷуда дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, набудани базаи моддию техникӣ ва техникаи ҳозиразамон;
саривақт таъмин нагардидани сӯзишворӣ, нуриҳои менералӣ ва дигар заҳрхимикатҳо.
3. Саноат
Дар ноҳия Рашт барои рушди соҳаи саноат шароити мусоид мавҷуд бошад ҳам, вале то ҳол ба истиснои коркарди ангишт ба ин соҳа камтар таваҷҷӯх зоҳир карда мешавад. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти саноатӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ метавонад ба таъмин намудани аҳолӣ ба ҷои кори доимӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия мусоидат намояд. Дар ноҳияи Рашт 3 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ тайи се соли охир 18 фоиз коҳиш ёфтааст. Сабаби коҳишёбии истихроҷи ангишт, ин нооромиҳои сиёсӣ дар ноҳия мебошад. Тибқи нишондиҳандаи дурнамо соли 2014 ҳаҷми маҳсулот дар ҶСМ "Камаров" 2 фоиз, КВД КФ "Назарайлок" 3 фоиз ва 20
Дар шароити кунунӣ воқеиашон фаъолият дар ҶДММ "Сомон-7" 4 фоиз зиёд хоҳад шуд. корхонаҳои саноатии ноҳия аз рӯи иқтидори намекунанд.
Ҷадвали № 6. Намудҳои маҳсулот ва иқтидори корхонаҳои саноатӣ
+-----------+----------+--------+--------+-------+---------+---------ҷ
|Номгуйи |Самти фаъ-|Иктидори|Иктидори|Ҳолати |Истифода-|Миқдори |
|корхонаҳо |олият ва |лоиҳавӣ |воқеӣ |техникӣ|баранда- |умумии |
| |намудҳои | | | |гони маҳ-|ҷойҳои |
| |маҳсулот | | | |сулот |корӣ |
+-----------+----------+--------+--------+-------+---------+---------+
|ҶММ "Кама- |Истихроҷи | - | - |Коршоям|Бозори |62 |
|ров" |ангишт | | | |дохилӣ | |
+-----------+----------+--------+--------+-------+---------+---------+
|КВДКФ "На |Истихроҷи |50000 |20000 |Коршоям|Бозори |45 |
|зарайлоқ" |ангишт |тонна |тонна | |дохилӣ | |
+-----------+----------+--------+--------+-------+---------+---------+
|ҶММ "Сомон |Тахтасанги|30 |8 |Корӣ |Бозори |37 |
|-7" |оҳану би- | | | |дохилӣ | |
| |тон (ҳаз. | | | | | |
| |м-1) | | | | | |
+-----------+----------+--------+--------+-------+---------+---------+
Ҷадвали № 7. Ҳаҷми истеҳсоли махсулоти саноатӣ дар солҳои 2008-2010
+---+----------+------------------------------+----------------------ҷ
|р/т|Номгӯи |Истеҳсоли навъҳои асосии маҳ- |Ҳаҷми истехсоли маҳ- |
| |корхонаҳои|сулоти саноатӣ |сулоти саноатӣ (ҳазор |
| |саноатӣ | |сомонӣ) |
| | +------+-----------------------+----------------------+
| | |Воҳиди| Солҳо | Солҳо |
| | |ченак +-------+-------+-------+------+-------+-------+
| | | |2008 |2009 |2010 |2008 |2009 |2009 |
+---+----------+------+-------+-------+-------+------+-------+-------+
| |Ҳамагӣ |тонна |20436.0|13623,0|8708,0 |1896.2|2383.9 |1558.3 |
| |истихроҷи | | | | | | | |
| |ангишт | | | | | | | |
+---+----------+------+-------+-------+-------+------+-------+-------+
| |ҶММ "Кама-|тонна |2400,0 |9600,0 |600.0 |23,0 |1844.0 |78,0 |
| |ров" | | | | | | | |
+---+----------+------+-------+-------+-------+------+-------+-------+
| |КВДКФ "На |тонна |18046.0|4023,0 |8108,0 |1826,6|486,7 |1451.5 |
| |зарайлоқ" | | | | | | | |
+---+----------+------+-------+-------+-------+------+-------+-------+
| |ҶДММ "Сом |ҳаз. |0,416 |0,475 |0,257 |46,6 |53,2 |28,8 |
| |он-7" |м. му-| | | | | | |
| | |кааб | | | | | | |
+---+----------+------+-------+-------+-------+------+-------+-------+
Дар заминаи корхонаи ҶДММ "Сомон-7" бунёди сехи истеҳсоли хишт (бо иқтидори 3,0 млн. дона хишти шартӣ дар як сол), сехи нави истеҳсоли қуму шағал (иқтидораш 5,0 ҳазор метри мукааб) ва барқарорсозии корхонаи хурди коркарди санги мармар, ки пештар тавассути ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият дошт (кони мармарӣ: Оҳангарон, Ганҷик, Талтӣ, Сангикар, Ҳоит) дар назар аст.
Ҳамчунин, дар солҳои охир бо дастгирии соҳибкорон 2 сехи дӯзандагӣ ва 3 корхонаи хурди коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ (аз ҷумла корхонаи коркарди ғалла - маҳсулоти нонӣ ва истеҳсоли орд бо иқтидори коркарди 70 тонна ғалла дар як шабонарӯз) таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 130 нафар аҳолии маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин шуданд. Дар давоми солҳои 2011-2012 барқаросозии корхонаи ҶСП "Рашт" ба нақша гирифта шудааст.
Кони Назарайлоқ ба гурӯҳи конҳои нодири ангишт медарояд, ки аҳамияти стратегӣ дорад ва аз ин ҷиҳат рушди коркарди маҷмӯии кон талаботи махсуси техникию муҳандисиро талаб менамояд. Захираҳои ангишти кони Назарайлок - 540 млн. тоннаро ташкил медиҳад.
Соли 2010 истихроҷи ангишт дар кони Назарайлоқ 9 маротиба нисбат ба соли 2008 коҳиш ёфтааст. Сабаби кам шудани истихроҷи ангишт ин нооромиҳои сиёсии ноҳия, мавсимӣ будани истихроҷ, дар холати бад қарор доштани роҳҳои мошингард, нарасидани техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва дигар омилҳо мебошанд. Талабот ба ангишти Назарайлоқ дар бозори дохилӣ ва берунӣ зиёд мебошад. Тайи ду соли охир талаботи корхонаҳои сементбарорӣ, сехҳои заводи алюминии тоҷик ва оҳангудозӣ ба антрасит зиёд гардидааст. Ҳамзамон, аз тарафи ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои содироти антрасит таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шудааст.
Дар ҳолати дастгирии давлатӣ ба маблағи 6,7 млн. сомонӣ корхона имконият дорад, ки дар муддати 3 сол истихроҷи ангиштро то ба 35-40 ҳазор тонна расонад. Маблағҳои дотатсионие, ки ҳамасола барои хароҷоти корхона ҷудо карда мешавад нокифоя аст ва талаботи корхонаро таъмин карда наметавонад (137 ҳазор сомонӣ барои панҷ сол).
Корхонаи мазкур ба харидорӣ намудани 2 адад булдозери тамғаи Катерпилар, 1 экскватор ва 10 адад автомашина ниёз дорад.
4. Соҳибкории хурду миёна
Рушди соҳибкории хурду миёна барои иқтисодиёти ноҳия аҳамияти калон дорад. Дар шароити кунунӣ соҳибкории хурду миёна (СХМ) ҳамчун соҳа ташаккул наёфтааст ва дар рушди иқтисодиёти ноҳия нақши нокифояро мебозад. Ҳоло иқдомҳои муайян барои дастгирӣ ва мусоидати рушди СХМ амалӣ шуда истодаанд.
Дар ноҳия асосан соҳибкории хурду миёна дар се соҳа фаъолият дорад: саноат, нақлиёт ва савдо. Дар ин соҳаҳо 395 нафар машғули кор мебошанд (1,0 фоиз шумораи умумии аҳолии қобили меҳнат).
Ҷадвали № 8. Шумораи соҳибкорони хурду миёна аз рӯи соҳаҳо
+-----------+-------------------+-----------------+------------------ҷ
|Бахшҳо |Миқдори субъектҳои | Шуғл |Саҳми СХМ дар иҷ- |
| |бақайдгирифташудаи | |роиши буҷет (соли |
| |СХМ | |охир) |
| +---------+---------+--------+--------+---------+--------+
| |Шахсони |Шахсони |Миқдори |Ҳисса |Ҳазор со-|(фоиз) |
| |ҳуқуқӣ |воқеӣ |ҷойхои |дар шу- |монӣ |аз Ҳаҷми|
| | | |корӣ |ғли уму-| |умумии |
| | | | |мӣ | |андозҳо |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Кишоварзӣ |85 |945 |2315 |0,58 |641,0 |0,11 |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Саноат |4 |252 |365 |0,09 |140,0 |0,02 |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Сохтмон |2 |8 |78 |0,02 |211 |0,03 |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Нақлиёт ва |3 |22 |77 |0,02 |27,0 |0,001 |
|коммуникат-| | | | | | |
|сия | | | | | | |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Савдо |1 |- |73 |0,02 |81,0 |0,01 |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Хизматрасо-|- |36 |36 |0,01 |512,0 |0,001 |
|нӣ | | | | | | |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Воситаҳои |- |57 |57 |0,01 |5,7 |0,0003 |
|ғайриманқул| | | | | | |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Хизматрасо-|5 |- |139 |0,03 |112,0 |0,08 |
|ниҳои моли-| | | | | | |
|явӣ | | | | | | |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Дигар |288 |- |864 |0,22 |147,0 |0,02 |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
|Ҷамъ |388 |1320 |4004 |100,0 |1775,9 |0,27 |
+-----------+---------+---------+--------+--------+---------+--------+
5. Маориф
Сатҳи умумии маълумотнокӣ. Сатҳи умумии маълумотнокии аҳолии ноҳияи Рашт, аз ҷумла занон солҳои охир зиёд шудааст.
Ҷадвали № 9. Сатҳи маълумотнокӣ
+----------------------+---------------------------------------------ҷ
|Солҳо |2008 2011 |
+----------------------+-------+-------------+--------+--------------+
|Сатҳи маълумотнокӣ |Ҳамагӣ |аз он ҷумла |Ҳамагӣ |аз он ҷумла |
| | |занон | |занон |
+----------------------+-------+-------------+--------+--------------+
|Маълумоти олии касбӣ |413 |62 |530 |75 |
+----------------------+-------+-------------+--------+--------------+
|Маълумоти миёнаи касбӣ|631 |152 |550 |133 |
+----------------------+-------+-------------+--------+--------------+
|Маълумоти миёнаи умумӣ|240 |73 |139 |37 |
+----------------------+-------+-------------+--------+--------------+
Маълумоти томактабӣ. Мутобиқи маълумоти расмии омори дар ноҳия шумораи умумии кӯдакони томактабӣ 9,173 нафарро ташкил медиҳад, вале фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ҳамагӣ- 5 фоиз мебошад. Дар ноҳия 1 боғчаи бачагона бо фарогирии умумии 100 нафар кӯдак (дар чор гурӯҳ) ва 14 маркази рушди кӯдакони синни томактабӣ (475 нафар, аз ин 105 духтар) фаъолият мекунад. Муассисаи мазкур барои фарогирии боз 50 нафар имконият дорад.
Дар боғчаи кӯдакон системаи ташноб (аз сабаби набудани маблағ корҳои таъмирӣ гузаронида нашудаанд) ба таъмир ниёз дорад. Дар фасли зимистон аз сабаби мавҷуд набудани системаи зарурии гармидиҳии бино (бино ба воситаи таҳчизоти гармидиҳии оташӣ (буржуйка) гарм карда мешавад) душвортар мегардад, ки он ба сатҳи иштирок дар боғчаҳо дар ин мавсими сол таъсири худро мерасонад.
Маълумоти миёнаи умумӣ. Дар ҳудуди ноҳия 34 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 41 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 36 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамоянд. Дар ин муассисаҳо таҳсил асосан бо забони давлатӣ сурат мегирад.
Ҷадвали № 10. Шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълими (нафар)
+------+----------------------------+--------------------------------ҷ
|Синф | 2008-2009 | 2010-2009 |
|ҳо +------+-----+-------+-------+------+-------+-------+---------+
| |Ҳамагӣ|Писар|Духтар |фоиз |Ҳамагӣ|Писар |Духтар |фоиз |
| | | | |духтар | | | |духтар |
+------+------+-----+-------+-------+------+-------+-------+---------+
|I-IV |9488 |4911 |4577 |48.2 |9495 |4898 |4597 |48.4 |
| | | | | | | | | |
+------+------+-----+-------+-------+------+-------+-------+---------+
|V-IX |10684 |5525 |5159 |48.3 |10730 |5542 |5188 |48.3 |
+------+------+-----+-------+-------+------+-------+-------+---------+
|Х-Х1 |1928 |1232 |696 |36.1 |1875 |1214 |661 |35.2 |
+------+------+-----+-------+-------+------+-------+-------+---------+
|Ҳамагӣ|22100 |11668|10432 |47.2 |22100 |11754 |10346 |46.8 |
+------+------+-----+-------+-------+------+-------+-------+---------+
|
+--------------------------------------------------------------------+
| Давоми Ҷадвали №10.
+-------------------------------ҷ
| 2010-2011 |
+------+-----+------+-----------+
|Ҳамагӣ|Писар|Духтар|фоиз духтар|
| | | | |
+------+-----+------+-----------+
|9446 |4906 |4540 |48.6 |
+------+-----+------+-----------+
|10251 |5345 |4906 |47.8 |
+------+-----+------+-----------+
|1838 |1244 |594 |32.3 |
+------+-----+------+-----------+
|21535 |11495|10040 |46.6 |
+------+-----+------+-----------+
Маълумоти расми нишон медиҳад, ки тайи се соли охир шумораи хонандагон 3 фоиз кам шудааст. Камшавии шумораи хонандагон дар синфҳои болоӣ (9-11) бо сабабҳои ба дигар муассисаҳои таълимии касбӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан бештар ба назар мерасад. Нарасидани маблағи оилавӣ барои таъмин намудани хонандагон бо сару либос, таҷҳизоти мактабӣ ва дар масофаи дур ҷойгир шудани мактабҳо низ яке аз сабабҳои хонишро идома надодани хонандагон (бахусус духтарон) мебошад.
Ҳолати кунунии бисёр мактабҳо ва таҳҷизонидани онҳо ба ашёи мактабӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Нарасидани ҷойи нишаст қариб дар аксари мактабҳои ноҳия ба назар мерасад ва ин мушкилоти мавҷуда ба ташкили ҷараёни таълим ва сатҳи дарсҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Барои аз байн бурдани мушкилоти ҷойдошта ва бо мақсади ҷойгир намудани теъдоди афзояндаи талабагон дар солҳои охир дар ноҳия сохтмони мактабҳои нав ва синфхонаҳо идома дорад (соли 2011 дар 31 мактабҳои деҳаҳои Қазноқ, Шулмак, Кадара,Чашмаи қозӣ, Нимичак, Сафедоб, Беки сиёҳ, Белгӣ, Яшм, Амирбек, Бини Суфиён, Бедак, Ғарми боло, Баҳодуробод, Каландак, Убари сел, Шоле, Ваҳдат ва 64 синфхонаи иловагӣ) мавриди бунёдсозӣ қарор доранд. Ҳамзамон, бунёди мактаб дар деҳаҳои Баҳористон ва Яхакпаст ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи "Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015" то имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 70 синфи компютерӣ, 460 адад компютер, 101 адад принтер, 23 адад генератор мавҷуд аст, ки барои таълими хонандагон нокифоя мебошад. Барои амалӣ гаштани Барномаи компютеркунонӣ 82 адад компютер ва 10 адад принтер намерасад.
Бо мақсади бо таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагони оилаҳои камбизоат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2010, №244 "Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд" ҳар нимсола ба 15,7 фоизи онҳо ҷубронпулӣ ба миқдори 20 сомонӣ пардохт карда мешавад.
Мушкилоти асосии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ва паст шудани сифати таълиму тарбия, ин ночиз будани музди меҳнати
омӯзгорон, нарасидани омӯзгорони соҳибихтисос (198 нафар), махсусан муаллимони забонҳои русӣ ва англисӣ, математика, физика, химия, кӯҳна шудани методикаи таълим ва маводи таълимӣ, фарсудашавӣ ва кифоя набудани ҷои нишаст дар биноҳои таълимӣ, корношоям будани системаҳои гармидиҳӣ, набудани оби тозаи нӯшокӣ, ҳоҷатхонаҳои алоҳида барои писарон ва духтарон, нарасидани маводи таълимӣ ва адабиёт, ҷалб нашудани падару модарон ва аҳли ноҳия, инчунин қувваи барқ мебошад.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия афзоиши теъдоди омӯзгорони дорои маълумот (ба истиснои маълумоти олӣ) ба назар мерасад (Ҷадвали 11).
Ҷадвали № 11. Шумораи умумии омӯзгорон (нафар)
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------ҷ
|Нишондиҳандаҳо | 2007-2008 | 2008-2009 | 2009-2010 | 2010-2011 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|Шумораи умумии ом |1232 |1204 |1290 |1280 |
|ӯзгорон | | | | |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|аз он ҷумла, занон |269 |278 |268 |262 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|Олӣ |419 |419 |508 |530 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|аз ҷумла, занон |51 |54 |78 |78 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|Олии нопурра |15 |7 |101 |55 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|аз ҷумла, занон |4 |- |18 |11 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|Миёнаи касбӣ |557 |567 |558 |566 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|аз ҷумла, занон |139 |166 |143 |170 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|Миёнаи ибтидоӣ |236 |211 |123 |139 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
|аз ҷумла, занон |74 |55 |19 |37 |
+-------------------+------------+-----------+-----------+-----------+
Муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба 198 омӯзгори фанҳои физика, математика, технологияи информатсионӣ, химия, забонҳои русиву англисӣ, таъриху ҳуқуқ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ва таълими меҳнат ниёз доранд.
Аз рӯи маълумоти расмӣ дар давоми солҳои 2007-2011 зиёда аз 4 фоизи омӯзгорон мактабро тарк намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё ба дигар корҳои ғайриомӯзгорӣ рафтаанд.
Дар назди шӯъбаи маориф 1 маркази таҳсилоти иловагӣ мавҷуд буда, дар он 12 маҳфил, аз қабили: маҳфилҳои рассомӣ, суратгирӣ, дӯзандагӣ, ҷуроббофӣ, гулпарварӣ, варзишӣ, техникони ҷавон ва эҷодӣ фаъолият доранд.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ. Дар ноҳия филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, омӯзишгоҳи тиббӣ, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №61 фаъолият доранд, ки ҳамасола дар омода намудани кадрҳои баландихтисос барои водии Рашт нақши калон мебозанд.
Барқарорсозии инфраструктураи мактабӣ. Аз рӯи маълумоти расмӣ дар ноҳия 11 мактаб аз ҷумла, мактаби №3-и деҳаи Қазноқ, №11-и деҳаи
Баҳористон, интернати ҷумҳуриявии шаҳраки Навобод, мактаби №29-и деҳаи Бедак, мактаби №22-и дехаи Ҳоит, мактаби №58-и деҳаи Яхакпаст, мактаби №2б-и деҳаи Ялдамич, мактаби №32-и деҳаи Сари пул, мактаби №24-и деҳаи Ҷафр, бинои боғчаи №2-и шаҳраки Навобод толорҳои варзишии мактабҳои №12 ва №60 ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Ҳамчунин системан гармидиҳии буғии мактабҳои №1. №29. №26, №52, №12, №60 корношоям гардида, таъмирталаб мебошанд.
6. Фарҳанг ва фароғат
Дар ҳудуди ноҳия 1 театр халқӣ, 2 боғи фароғатӣ, 12 клуб, 40 китобхона, 8 хонаи маданият, 1 мактаби варзишӣ, 12 толори варзишӣ ва 8 майдончаи варзишӣ фаъолият доранд.
Мушкилоти ташкилдиҳии чорабиниҳои фарҳангӣ ва истироҳатӣ. Мушкилоти асосии муассисаҳои фарҳангию истироҳатӣ - ин маҳдудияти таъмини барк, мавҷуд набудани системаи гармидиҳӣ дар фасли зимистон, корношоямии системаи таъмини об, ташноб, норасоии маводи омузишӣ, маводи ташкилӣ, таҳҷизот, аз кор рафтанн мутахассисон ва паст будани маош мебошанд.
Дар ноҳия имкониятҳои зиёд намудани ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ва ташвиқоту тарғиботи истироҳати фаъол ва тарзи ҳаёти солим мавҷуд аст.
7. Соҳаи тандурустӣ
Ҳолати умумӣ. Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст.
Дар фасли мазкур самтҳои афзалиятноки сиёсатро дар бахши тандурустӣ ва талаботи молиявие, ки барои ба эътидол омадани асосҳои системан ёрии тиббию беҳдоштии аввалия ногузиранд, равшан сохта, чунин зерсохторҳоро фаро мегирад: миқдори дармонгоҳхо, марказҳои саломатӣ, ҳолати саломатии аҳолӣ ва дастрасии тандурустӣ, проблемаҳои системаи тандурустӣ, ҳадафҳо ва ғайра.
Дар бахши тандурусти равандҳои асосии дастёбӣ ба ҳалли масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аз инҳо иборат аст:
сохтану барқарор кардани бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ дар деҳот:
бо таҷҳизоти тиббӣ ва доруҳои асосии шифобахш таъмин намудани муассисаҳои тандурустии ноҳия; ба васоити пешгирикунандаи ҳамл таъмин намудани ҳамаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ; зиёдкунии мунтаносиби ДОТС;
дар сатҳи ноҳия пурқувват намудани чораҳои мубориза бо бемориҳои сирояткунанда;
барпо кардани чорабиниҳои самарабахш дар заминаи пешгирӣ ва мубориза ба ВНМБ дар байни аҳоли бахусус ҷавонон;
ба роҳ мондани маъракаи мубориза бо бекиҷагардонӣ (гелминтозҳо) дар байни кӯдакони то 14-сола;
таъмин намудани муассисаҳои тандурустии ноҳия (хусусан дар сатҳи деҳот) бо мутахассисони маълумоти олидор ва миёна.
Давомнокии миёнаи умр. Давомнокии миёнаи умри мардон 58 то-75 сол ва байни занон 63 то 78 солро ташкил медиҳад.
Бемориҳои паҳншуда. Маълумотҳои расмӣ нишон медиҳад, ки бемориҳои аз ҳама бештар паҳншуда байни аҳолии ноҳия ин фишорбаландӣ, бемориҳои дил, диабети қанд, сил, зардпарвин, буғумдард, кирми рӯда (гелминтоз байни кӯдакон ва наврасони то 14сола), чоғар, дарунравии шадид дар байни кӯдакон, гестозҳо, апендитсит, сангҳои талха ва гурда, бемории меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, латхурӣ (травма), аворизҳои баъди таваллуд, дар байни навзодон камвазнӣ (гипотрофия, рахит) мебошад. Сабаби паҳн шудани чунин бемориҳо саривақт аз ташхис нагузаштан, сатҳи пасти иттилоотнокӣ, таъмин набудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, камбизоатӣ ва ғайра мебошанд.
Саломатии модар ва кӯдак. Беҳдошти саломатии аҳолӣ самти муҳими соҳаи иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, масъалаҳои вазъи солимии аҳолӣ, дастрасӣ ва пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолии табақаи осебпазири он. аз ҷумла занон ва кӯдаконро дар бар мегирад. Занони кобили таваллуд 26 фоизи аҳолии умумии ноҳияро ташкил медиҳад. Таносуби таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ва хона ба 40-60 фоиз баробар буда, қариб 85 фоиз таваллудҳои хонагӣ бо иштироки момодояҳо гузаронида мешавад (Ҷадвали №12).
Ҷадвали № 12: Таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ ва хона, сатҳи фавти модар
+---------------------------+-------------+---------------+----------ҷ
|Нишондод |2008 |2009 |2010 |
+---------------------------+-------------+---------------+----------+
|Шумораи умумии таваллуд |2433 |2464 |3064 |
+---------------------------+-------------+---------------+----------+
|Таваллуд дар муассисаҳои |952 |984 |1037 |
|тиббӣ | | | |
+---------------------------+-------------+---------------+----------+
|Бо фоиз |39,1 |39,9 |33,8 |
+---------------------------+-------------+---------------+----------+
|Таваллуд дар хона: |1481 |1480 |1999 |
+---------------------------+-------------+---------------+----------+
|Бо фоиз |60,9 |60,1 |65,2 |
+---------------------------+-------------+---------------+----------+
|Фавти модар (шумора/ |41.1(1) |36.5(1) |97,8 (3) |
|шумора ба 100 хаз. з/т) | | | |
+---------------------------+-------------+---------------+----------+
|Занҳои синни қобили тавал- |24564 |27469 |27464 |
|луд (аз 15 то 49 сола) | | | |
+---------------------------+-------------+---------------+----------+
Дар ноҳия солҳои охир бақайдгирии фавти модар аз бемориҳои хунравии акушерӣ, эклампсия (гестоз) ба назар мерасад. Коэффисиенти фавти модарон тайи панҷ соли охир афзоиш ёфтааст. Фоизи баланди таваллуд дар шароити хона ва набудани дастрасӣ ба хизматрасонии репродуктивӣ ва перинаталӣ қабл аз таваллуд боиси фавти модарон гардидааст.

Падидаҳои манфии саломатии занони синни қобили таваллуд дар ноҳия асосан бо риоя накардани фосилаи байни таваллуд (25-30 фоиз аз шумораи умумии занҳои навтаваллудкарда), ки ба норасоии дастрасии занон ба маводҳои пешгирикунандаи ҳамл, сатҳи пасти иттилоотнокии занон ва дар сатҳи деҳот нарасидани момодояҳо, масоили солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила алоқаманд мебошад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки фоизи бемории камхунӣ (47-50фоиз) дар байни занҳои таваллудкунандаи ноҳия дар муқоиса бо нишондоди ҷумҳуриявӣ зиёд мебошад (нишондиҳандаи миёнаи умумиҷумҳуриявӣ 40 фоизро ташкил медиҳад), вале тайи солҳои охир ба ҳисоби миёна 4,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Сабаби ин асосан бо зуд-зуд таваллуд кардани занон, таъминоти нокифоя бо ғизо, аз сабаби камбизоатии аҳолӣ ва сатҳи пасти иттилоотнокӣ оид ба масъалаҳои пешгирии беморӣ алоқаманд мебошад.
Мушкилоти дигар алоқаманд ба солимии модар - нарасидани йод, паст будани сифати маҳсулоти ғизоӣ (йодкунии маҳсулоти ғизоӣ) ва сатҳи пасти иттилоотнокии занон оид ба пешгирии беморӣ мебошад (Ҷадвали№13).
Ҷадвали № 13. Камхунӣ ва норасоии йод дар организми занҳое, ки аз ҳомилагӣ баромадаанд
+---------------------------+----------+--------+----------+---------ҷ
|Нишондиҳанда | 2007 | 2008 | 2009 | 2010 |
+---------------------------+----------+--------+----------+---------+
|Шумораи занҳои ҳомила ва аз|6634 |6829 | 7253 |7981 |
|ҳомилагӣ баромада | | | | |
+---------------------------+----------+--------+----------+---------+
|Камхунии алоқаманд бо но- |289 |283 |352 |374 |
|расоии оҳан | | | | |
+---------------------------+----------+--------+----------+---------+
|Бо фоиз (фоиз) |4,3 |4,1 |4,8 |4,7 |
+---------------------------+----------+--------+----------+---------+
|Ҳолатҳои норасоии йод |6213 |5372 |5590 |5987 |
+---------------------------+----------+--------+----------+---------+
|Бо фоиз (фоиз) |93,6 |78,7 |77,1 |75,0 |
+---------------------------+----------+--------+----------+---------+
Дар ноҳия кудакон бештар гирифтори шаклҳои мухталифи бемории шадиди роҳи нафас, бемориҳои дарунрав, варами шуш (пневмония) ва дигар бемориҳо мешаванд, ки дар бисёр маврид боиси фавти онҳо мегардад. Ҳамчунин нигоҳ надоштани фосилаи таваллуд низ яке аз сабаби фавти кӯдакон дар ноҳия аст.

Тайи панҷ соли охир шумораи фавти кӯдакони то 1-сола 42 фоиз (новобаста аз он, ки нақшаи эмкунонии кӯдакон хуб ба роҳ монда шудааст) афзоиш ёфтаааст. Нишондиҳандаи фавти кӯдакони хурдсоли то 1-сола ва фавти умумии кӯдакон ба 1000 нафар зиндатаваллудшуда мунтаносибан 14 ва 19 нафар ва шумораи фавти умумӣ 65 нафарро ташкил медиҳад, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар байни ноҳияҳои водии Рашт мебошад. Ба саломатии кӯдакон асосан чунин хавфу хатар таҳдид мекунад: дастнорас ва пастсифат будани хадамоти вобаста ба солимии репродуктивӣ, оризаҳои баъдитаваллудии кӯдакони навзод, бемориҳои паҳншудаи бархоста аз оби бадсифат, таҳдиди сар задани бемориҳои сирояткунанда (бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, диарея, зардпарвин, домана, кабудсулфа ва ғ.).
Масъалаҳои асосӣ вобаста ба коҳиш додани сатҳи фавти тифлону кӯдакон дар ноҳия аз инҳо иборат аст: - паст будани сатҳи расонидани ёрии перинаталӣ, неонаталӣ (барвақтияш 0-6 рӯз, дерияш 7-24 рӯз) ва постнеонаталӣ (28 рӯз- 12 моҳ); - баланд будани фоизи таваллуди хонагӣ; - афзоиши бемориҳои сирояткунанда (варамии шуш, дифтерия, сурхча);сатҳи пасти таъминот бо оби босифати нӯшокӣ; - нарасидани таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ (мизи эҳёгарӣ, халтаҳои амбу) барои нигоҳубини кӯдакони навзод ва норасид; - таъминот бо ғизоҳои иловагии биологӣ.
Барои беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак тавассути ташкилоти ЮНИСЕФ дар соли 2011 ду лоиҳа ба маблағи 60,0 ҳазор сомонӣ "Лоиҳа оиди беҳбудии саломатии модар ва кӯдак" ва "Лоиҳа оид ба синамаконӣ" мавриди амал қарор гирифтааст.
Бемориҳои сироятӣ ва дигар бемориҳо. Мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст. Таҳлил нишон медиҳад, ки новобаста аз пешгирӣ ва дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ сол то сол афзоиши бемориҳои сирояткунанда байни аҳолии ноҳия ба назар мерасад. Аз бемориҳои сирояткунанда аҳолӣ бештар гирифтори бемории зардпарвини намуди "А", бруселлёз, исхоли хунин, дарунравии шадид, ва бемории сил новобаста аз он, ки барномаи БОТЗ ва дигар барномаҳои соҳавӣ фаъолият доранд (дар доираи он ашхосе, ки бо ташхиси касалии сил бақайд гирифта шудаанд муолиҷаи комплексии бепул пешниҳод мегардад), мебошанд.
Ҷадвали № 14. Бемориҳои сироятӣ таи солҳои 2006-2010 дар ноҳия
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------ҷ
|Намуди бемориҳо |2006 |2007 |2008 |2009 |2010 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Сил |20 |61 |72 |72 |85 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|(ба 100.000 нафар) |21,3 |64,1 |74,1 |69,8 |81,1 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Зардпарвин |14 |41 |8 |51 |151 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|(ба 100.000 нафар) |14,9 |43,1 |8,2 |49,5 |144,0 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Буғумдард |11 |13 |19 |20 |6 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|(ба 100.000 нафар) |11,7 |13,7 |19,6 |19,4 |5,7 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Домана |0 |0 |1 |0 |4 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|(ба 100.000 нафар) |- |- |- |- |3,8 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Исхоли хунин |20 |17 |8 |7 |7 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|(ба 100.000 нафар) |19,1 |16,2 |7,6 |6,7 |6,7 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Бемориҳои фалаҷмонанд |0 |0 |0 |0 |6 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|(ба 100.000 нафар) | | | | |5,7 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Хорӣ (Бешенство) |0 |1 |1 |0 |0 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Шумораи бақайдгирифта- |- |- |- |- |2 |
|шудаи ҳодисаҳои бемории | | | | | |
|ВМНО/БНММ | | | | | |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Дарунравии шадид |1324 |1521 |1452 |1792 |2091 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
|Гелминтоз |4419 |3743 |3393 |5402 |7972 |
+-------------------------+--------+--------+-------+-------+--------+
Мушкилоти дигар барои ноҳия ба бемориҳои паразити (гелминтозҳои рӯда) гирифтор шудани кӯдакон аст. Гурӯҳи асосии осебпазири аҳолӣ кӯдакони синни то 14-сола мебошанд, ки 85 фоизи кӯдакони аз 6 то 11-сола бо як ё зиёда аз он паразитҳои рӯда гирифтор мебошанд. 91 фоизи тамоми кӯдакони муоинашуда аз шакли мӯътадил ва вазнини уфунати паразитие, ки сабабгораш энтеробиоз, аскаридоз ва эхинококкоз мебошанд, ранҷ мебаранд.
Ҷадвали № 15. Дарачаи гирифторшавии ба беморихои гелминтозӣ дар ноҳия
+----------+------+-------+--------+---------+---------+-------------ҷ
|Ном |Энте- |Аскари-|Гимено- |Трихотсе-|Эхинокок-|Трихинеллез |
| |робиоз|доз |лепидоз |фалез |коз | |
+----------+------+-------+--------+---------+---------+-------------+
|Ҳамагӣ |402 |109 |47 |6 |98 |65 |
+----------+------+-------+--------+---------+---------+-------------+
|то 14-сола|385 |98 |23 |5 |79 |25 |
+----------+------+-------+--------+---------+---------+-------------+
Бемориҳои гелминтози махсусан барои кудакони то 14-сола хавфнок мебошанд. Дар роҳи мубориза бо бемориҳои мазкур чунин масъалаҳои асосӣ тавассути Барнома муайян карда шудаанд:
маҳдуд будани имкониятҳо ҷиҳати саривақт ташхис намудани аҳолӣ; нарасидани дорувориҳои зиддигелминтӣ барои муолиҷаи кӯдакони синнашон то 14-сола ва муоинаи пешгиркунандаи аҳолӣ; маълумоти кофӣ надоштани аҳолӣ дар бораи гелминтозҳо; нокифоя будани хаҷми маблағгузориҳо ҷиҳати доир намудани маҷмӯи тадбирҳои зиддигелминтӣ.
набудани озмоишгоҳхо барои муайян намудани гиҷҷаи рӯда. Тайи солҳои охир дар ҳудуди ноҳия 3 ҳодисаи сироятии гирифтори бемории ВНМБ бештар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби сатҳи баланди мухоҷират дар ноҳия омилҳои берунаи таҳдидкунанда ба монанди хатари даровардани бемориҳои сироятӣ аз қабили сил ва бемориҳои венерикӣ вуҷуд дорад.
Дигар бемориҳо. Дар байни аҳолии ноҳия гирифтори бемориҳои ишимиявии дилу рагҳои хунгард ва саратон низ хеле паҳн шудааст. Солҳои охир бештар дар байни ҷавонон ва миёнсолон ба назар мерасад.
Аз рӯи таҳлили коршиносон сабаби асосии ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба омилҳои зерин вобастагӣ дорад: - набудани таҷхизоти флюрографӣ ва саривақт аз ташхис нагузаронидани аҳолӣ, бахусус аҳолие, ки хизматрасонии тиббӣ ба онҳо дастнорас аст; - сатҳи пасти иттилоотнокӣ ва маълумотнокии аҳолӣ оид ба беҳдошти саломатиашон;таъмин набудани аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ; - сатҳи пасти зиндагии аҳолӣ;
Инфрасохтори соҳаи тандурустӣ. Ба аҳолии ноҳияи Рашт муассисаҳон зерин хизмати васеи тиббӣ мерасонанд.
Ҷадвали № 16. Системаи пойгоҳи/аввалияи тандурустӣ
+--+----------------+------+-----------------------------------------ҷ
|№ |Номи муассисаҳо |Шумора| Аз ҷумла, ҳолати корӣ |
| | | +-----+-----------+-----------------------+
| | | |кӯҳна| нав |дар соли 2016 |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|1 |Беморхонаи мар- |1 |1 (с.|12-шӯъба |Таъмирталаб (8 шӯъба) |
| |казӣ (аз 16 шӯъ-| |1929)|таъмир | |
| |ба ва хаммом, | | |шудааст | |
| |ошхона, анбор, | | | | |
| |идораи маъмури- | | | | |
| |ят) | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|2 |Беморхонаҳои |5 | | |5-адад таъмирталаб |
| |минтақавӣ | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|3 |Беморхонаи бай- |1 | |2010-Таъмир| |
| |ниноҳиявии бе- | | |шудааст | |
| |мориҳои рӯҳӣ | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|4 |Марказҳои сало- |19 | |11 |3- таъмирталаб, 2-сада-|
| |матии деҳотӣ | | | |мавӣ, 3- сохтмон |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|5 |Бунгоҳҳои сало- |40 | |25-таъмир |2- садамавӣ,13 таъмир |
| |матӣ | | |шудааст |ва 6 сохтмони нав |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|6 |Хадамоти назора-|1 | | |Таъмирталаб |
| |ти давлатии са- | | | | |
| |нитарӣ-эпидеми- | | | | |
| |ологӣ | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|8 |Филиали маркази |1 | | |Таъмирталаб |
| |ҷумҳуриявии эм- | | | | |
| |таъминкунӣ | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|9 |Маркази эмтаъ- |1 | | |Таъмирталаб |
| |минкунии назди | | | | |
| |БМН | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|10|Маркази тарзи |1 | |Таъмир шу- | |
| |хаёти солим | | |дааст 2008 | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|11|Маркази СПИД |1 | |Таъмир шу- | |
| | | | |дааст 2008 | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|12|Маркази мубориза|1 | |Таъмир шу- | |
| |бар зидди бемо- | | |дааст 2009 | |
| |риҳои тропикӣ | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|13|Маркази мубориза|1 | |Таъмир шу- | |
| |бар зидди бемо- | | |дааст 2008 | |
| |риҳои сил | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|14|Маркази байни- |1 | |Таъмир шу- | |
| |ноҳиявии таълимӣ| | |дааст 2008 | |
| |-клиникии тибби | | | | |
| |оилавӣ | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|15|Лабораторияи |1 | | |Таъмирталаб |
| |бактериологӣ | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|16|Лабораторияи |1 | | |Таъмирталаб |
| |клиникӣ-биохими | | | | |
| |кӣ | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|17|Лабораторияи |1 | |Таъмир шу- | |
| |ташхиси балғам | | |дааст 2008 | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|18|Маркази солимии |1 | |Таъмир шу- | |
| |репродуктивӣ | | |дааст 2005 | |
| | | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|19|Маркази ҳамбас |1 | |Таъмир шу- | |
| |тагии бемориҳои | | |дааст 2009 | |
| |кӯдакона | | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
|20|Омӯзишгоҳӣ тиббӣ|1 | |Таъмир шу- | |
| | | | |дааст 2007 | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
| |Ҳамагӣ: |80 | | | |
+--+----------------+------+-----+-----------+-----------------------+
Аз соли 2003 инҷониб шӯъбаҳои бемориҳои сил ва бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ дар ҳолати корношоям қарор доранд, ҳол он, ки шумораи гирифтори бемориҳои сил ва дигар бемориҳои сирояткунанда сол то сол дар ноҳия афзоиш ёфта истодааст. Ҳамзамон, шӯъбаҳои ҷарроҳии умумӣ, ҷашм, бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобгузар ва маркази байниноҳиявии бемориҳои дил ба дастрасии таҷҳизоти лозимӣ ниёз доранд. Умуман, бештари беморхонаҳои минтақавӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ (ба тамоми ноҳияҳои водии Рашт хизмат мерасонад) ба таъмир ва дастрасии таҷҳизоти муосир эҳтиёҷ доранд. Системаи гармидиҳии беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ корношоям гардида, ба таъмири асосӣ ниёз доранд.
Дар ноҳия 3 маркази саломатии деҳотӣ (Куло, Ярхич, Оби Меҳнат) ва 13 бунгоҳи саломатӣ (Хуфак, Миртоб, Баҳористон, Қазноқ, Чашмаи Қозӣ, Булқос, Поче, Мулло Барот, Нимичак, Деҳи Хуҷаалӣ, Шоле, Порвог ва Зарифӣ) мувақатан дар биноҳои дигар муассисаҳо, хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ҷойгиранд.
Новобаста аз он, ки 23 фоизи буҷети маҳаллӣ барои соҳаи тандурустӣ равон мешавад, сатҳи маблағгузорӣ барои ҳалли масъалаҳои инфрасохтор алоқаманд ба таъмири асосии муассисаҳои тандурустӣ, таъмини маводи доруворӣ, таҷҳизоти замонавии тиббӣ ва маводи сӯзишворию молиданӣ нокифоя мебошад.
Вазифаи асосии соҳаи тандурустӣ беҳтар намудани шароити дастрасӣ ба системаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), беҳдошт ва сифати он мебошад. Коэффисиенти таъминот бо духтурони дорои маълумоти олӣ дар муассисаҳои КАТС 6,7 ва бо ҳамшираҳои тиббӣ 21,6 (ба 10000 аҳолӣ) рост меояд. Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия дар таъмин намудани ҳамшираҳои тиббӣ барои муассисаҳои водии Рашт мавқеи калон дорад.
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия соли 1992 ташкил шуда, дар бинои якошёнаи собиқ идораи Шӯъбаи маориф ҷойгир аст ва дорои 15 синфхона мебошад. Дар омӯзишгоҳ 24 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, аз онҳо 22 нафарашон дорои маълумоти олӣ ва 2 нафар маълумоти миёнаи махсус мебошанд. Дар соли хониши 2010-2011 ҳамагӣ 503 нафар донишҷуён аз тамоми ноҳияҳои водии Рашт ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин 164 нафар (32,7 фоиз) духтарон мебошанд. Мушкилоти асосии омӯзишгоҳи мазкур ин нарасидани мизу курсӣ, китобу воситаҳои таълимӣ, сифхонаҳои махсус барои таҷрибаомӯзӣ, дастрасӣ ба интернет ва хобгох барои донишҷӯён аст.
Ҷадвали № 17. Гурӯҳбандии кормандони муассисаҳои табобатию тадбирҳои пешгирии (профилактикӣ) ноҳияи Рашт
+-------------------+---------------+---------+---------+------------ҷ
|Муасисаҳои табобатӣ|Ҳамаи кормандон|Маълумоти|Маълумоти| Дигар кор- |
|профилактикӣ (МТП) | |олидор |миёнаи | мандон |
| | | |махсус | |
+-------------------+---------------+---------+---------+------------+
|1. Муассисаҳои КАТС|389 |72 |232 |85 |
+-------------------+---------------+---------+---------+------------+
|Бо ҳисоби фоиз |100 |18,5 |60,0 |22 |
|(фоиз) | | | | |
+-------------------+---------------+---------+---------+------------+
|2. Бахши госпиталӣ |237 |59 |87 |91 |
+-------------------+---------------+---------+---------+------------+
|Бо ҳисоби фоиз |100 |24,9 |36,7 |38,4 |
|(фоиз) | | | | |
+-------------------+---------------+---------+---------+------------+
+--+-----------------------------+-----------------------------------ҷ
|№ |Номгӯи мушкилот | Мавзеъ |
| | | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Набудани бинои маъмурии мар- |Куло, Ярхич, Оби Мехнат, Хуфак, |
| |казҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои |Миртоб, Баҳористон, Қазнок. Чашмаи |
| |саломатӣ |Қозӣ, Булкос, Поче, Мулло Барот. |
| | |Нимичак, Шоле. Хуҷаалӣ, Кулоба, |
| | |Амирбек, Порвог, Зарифӣ, Ярхаби |
| | |чукурак ва Ниширён |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Набудани хобгоҳ барои дониш- |Маркази ноҳия |
| |ҷӯёни омӯзишгоҳи тиббии мин- | |
| |тақавии ноҳия | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Таъмирталаб будани 11 шӯъбаи |Маркази ноҳия |
| |беморхонаи марказӣ, бахусус | |
| |шӯъбаҳои бемориҳои сил ва бе-| |
| |мориҳои сирояткунанда | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Афзоиши шумораи гирифторони |Дар ҳудуди ноҳия |
| |бемориҳои сирояткунда | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Нарасидани доруворнҳои ройгон|Дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ |
| |барои шахсони имтиёздошта | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Нарасидани доруҳои зиддигел- |Дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ |
| |ментӣ | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Маълумоти кофӣ надоштани аҳо-|Аҳолии ноҳия |
| |лӣ дар бораи гелминтозҳо | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Фарсуда гардидани таҷҳизоти |Беморхонаи марказӣ, марказҳои сало-|
| |мавҷуда ва набудани таҷҳизоти|матӣ, бунгоҳҳои саломатӣ |
| |муоинаи тиббӣ: рентгени РУМ- | |
| |120М, флюорограф, сабти бар | |
| |қии дил, ултрасадо ва дигар | |
| |таҷҳизоти муосир, | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Набудани нақлиёти тиббӣ-сани-|Беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои |
| |тарӣ ва махсусгардонидашудаи |минтақавӣ |
| |кардиологию хизматрасонии мо-| |
| |дару кӯдак дар беморхонаҳои | |
| |минтақавӣ ва марказҳои сало | |
| |матӣ | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Номутаносибии маблағҳои ир- |Соҳаи тандурустӣ |
| |солшуда барои зинаи аввал ва | |
| |дуввуми хадамоти тиббӣ | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Нарасидани духтурон ва ҳам- |Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои |
| |шираҳои тиббии оилавӣ, акушер|тиббӣ |
| |-гинекологҳо ва момодояҳо дар| |
| |сатҳи муассисаҳои КАТС | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Набудани беморхонаҳои замона-|Дар маркази моҳия, шаҳракҳои Наво- |
| |вӣ |бод ва Ҳоит |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Зиёд будани зоиши хонагӣ |Дар сатҳи ноҳия |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Камхунӣ ва наросоии йод байни|Байни занҳои ҳомила ва аз ҳомилагӣ |
| |занҳо |баромада |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
| |Набудани гурӯҳ барои тайёр |Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия |
| |намудани момодояҳо | |
+--+-----------------------------+-----------------------------------+
8. Ҳифзи иҷтимоӣ
Самтҳои асосии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ - ин таъминоти нафақа, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират. расонидани кумаки суроғавию нишонавӣ ба табакаҳои осебпазир ва камбизот аст.
Бекорӣ. Воқеан яке аз масъалаҳои рӯзмара, ки имрӯз диққати тамоми ноҳияро ба худ ҷалб кардааст, ба ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва аз байн бурдани бекорӣ аст.
Ҷадвали № 19. Сатҳи бекорӣ
+--------------------------+-----------------------------------------ҷ
|Нишондиҳандаҳо | Солҳо |
| +--------------+-------------+------------+
| | 2008 | 2009 | 2010 |
+--------------------------+--------------+-------------+------------+
|Аҳолии қобили меҳнат |54694 |55155 |55300 |
+--------------------------+--------------+-------------+------------+
|аз ҷумла, занон |27073 |27302 |27373 |
+--------------------------+--------------+-------------+------------+
|Аҳолии қобили меҳнати бе- |28188 |27228 |27129 |
|шуғл | | | |
+--------------------------+--------------+-------------+------------+
|Ба ҳисоби фоиз (фоиз) |513 |49,4 |49,1 |
+--------------------------+--------------+-------------+------------+
|Бекорон (расман бақайдги- |1040 |912 |840 |
|рифташуда) | | | |
+--------------------------+--------------+-------------+------------+
|Ба ҳисоби фоиз (фоиз) |3.7 |3,3 |3,1 |
+--------------------------+--------------+-------------+------------+
Шумораи аҳолии бешуғл 49,1 фоизи аҳолии қобили меҳнатро ташкил медиҳад. Ҳадафи асосӣ дар доираи Барнома тайи паҷ соли оянда бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолии бешуғл аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар асл сатхи бекорӣ аз рақамҳои нишондодашуда зиёд аст.
Дар ноҳия аҳолии аз чиҳати иқтисодӣ фаъол 72,0 фоизи захираҳои меҳнатиро (55300 нафар) ташкил медиҳад, ки аз ин 11,9 фоиз (6607 нафар) ба кор машғул ва 88,1 фоиз бешуғл мебошад. Аз аҳолии ба кор машғулбуда 29 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ, 36 фоиз ба соҳаи маориф, 13 фоиз ба соҳаи тандурустӣ, илм, фарҳангу варзиш ва 28 фоиз ба дигар соҳаҳо рост меояд. Дар ноҳия барои ба кор таъмин намудани аҳолӣ баъзан ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида мешавад, вале аз сабаби кам будани маош ва набудани дигар шароитҳои иҷтимоӣ қисми зиёди бо кор таъминшудагон ҷойҳои корро тарк намуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё дигар корҳои музднок мераванд.
Музди меҳнат. Гарчанде тайи солҳои 2008-2010 болоравии музди меҳнат дар бисёр соҳаҳо 46,6 фоиз ( аз 139,5 то"204,5 сомони), аз ҷумла, тандурустӣ (219 сомонӣ), маориф (192 сомонӣ), кишоварзӣ (160 сомонӣ) ва нақлиёт (162 сомонӣ) ба назар расад ҳам, вале раванди гузаштани кормандони буҷетӣ ба соҳибкорӣ ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ бештар шудааст.
Муҳоҷирати меҳнатӣ. Маълумоти расмӣ нишон медихад, ки зиёда аз 7374 нафар аҳолии ноҳия (ё 18 фоизи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, аз он ҷумла 7 фоиз занон) дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Муҳоҷират сарчашмаи асосии даромади оилаҳо шудааст.
Ҷадвали № 20. Муҳоҷирати аҳолии қобили меҳнат
+-----+--------------------+------------------+----------------------ҷ
|Сол |Аҳолии ҷобили меҳнат|Муҳоҷирони меҳнати|фоиз мухоҷирон аз |
| | | |аҳолии қобилияти |
| | | |корӣ дошта |
+-----+--------------------+------------------+----------------------+
|2008 |54694 (27073 зан) |5885 (40 зан.) |(6 фоиз зан) |
+-----+--------------------+------------------+----------------------+
|2009 |55155 (27302 зан) |6864 (52 зан) |(7 фоиз зан) |
+-----+--------------------+------------------+----------------------+
|2010 |55300 (27373 зан) |7374 (60 зан) |(8 фоиз зан) |
+-----+--------------------+------------------+----------------------+
Теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қиргизистон асосан барои корҳои сохтмонӣ ва хоҷагии қишлоқ мераванд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари тарафҳои мусбат (баланд шудани дараҷаи малакаи корӣ, васеъ шудани ҷаҳонбинӣ, беҳтар шудани шароити иҷтимоӣ ва ғ.) оқибатҳои манфӣ низ дорад, аз ҷумла. кам шудани аҳолии қобили мехнат, аз кор рафтани мутахассисони баландихтисос, аз тарбия дур мондани кӯдакони оилаашон дар муҳоҷиратбуда, бад шудани саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ (бисёр вақт дар муҳоҷират дар шароитҳои мушкил зиндагонӣ мекунанд), вайроншавии оилаҳо ва ғайра.
Табақаи осебпазири аҳолӣ. Нафақахӯрон ва маъюбон категорияи аз ҳама осебпазиртарини аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Соли 2010 шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 7400 нафар (52,0 фоиз зан), шумораи пиронсолони бесаробонмонда 768 нафар, маъюбон 1890 нафар ва маъюбони модарзод 550 нафарро ташкил дод. Аз шумораи умумии нафақахӯрон 6,5 фоиз (ё 483 нафар) ба кор машғул мебошанд (ба ҳисоби миёна ҳачми нафақапулӣ 122,3 сомонӣ аст).
9. Инфрасохтор
9.1. Оби тозаи нӯшокӣ ва хадамоти рифоҳӣ. Таъмин намудани ахолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, яке аз масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа буда, беҳсозии дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ҳафтумин Ҳадафи Рушди Ҳазорсола аст. Дастрасӣ ба оби нӯшокӣ бо дарназардошти он афзалиятҳои ҷиддие, ки дар заминаи рушди иҷтимоӣ барои ноҳияи Рашт мавҷуд аст, аз ҷумлаи муқаддамтарин аввалиятҳо ба ҳисоб меравад. Зеро дар ноҳияи Рашт аз шумораи умумии аҳолӣ ҳамагӣ 77,9 фоиз ба оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Асосан, қисми зиёди аҳолӣ оби нӯшокиро аз чашмаю ҷӯйҳо истифода мебарад.
Ҷадвали № 21. Таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ
+--+-----------------+-----------------+-----------------------------ҷ
|№ |Номгӯи ҷамоатҳо | Шумораи аҳолӣ |Таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ|
| | | +-------------+---------------+
| | | |Нафар |бо фоиз |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |Ҷамоати шаҳраки |7325 |5860 |80 |
| |Ғарм | | | |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |Ҷ/ш. Навобод |10680 |9185 |86 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Боқи Раҳим- |11901 |9759 |82 |
| |зода | | | |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д.Тагоба |4308 |2154 |50 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Н.Махсум |5316 |4200 |79 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Оби меҳнат |2090 |1892 |90,5 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Қалъаи Сурх |14041 |10952 |78 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Хичборак |4714 |4007 |85 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Аскалон |3587 |3192 |89 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Навдӣ |13758 |10594 |77 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Қалъанак |8974 |7448 |83 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Чафр |6306 |4824 |76,5 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Ҳоит |6463 |5235 |81 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |ҷ/д. Ясман |2570 |2390 |93 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
| |Ҳамагӣ |104866 |81692 |77,9 |
+--+-----------------+-----------------+-------------+---------------+
Дар ҳудуди ноҳияи Рашт хизматрасонии рифоҳи танҳо дар шахракҳои Ғарм ва Навобод расонида мешавад. Муассисаи хоҷагии коммуналӣ асосан ба кабудизоркунӣ, чароғонкунӣ ва тозагии санитарии кӯчаҳо, ороиши маркази ноҳия ва баровардани партовҳои сахти маишӣ ва моеъ машғул мебошанд, ки он тавассути маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва қисман аз ҳисоби пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ба муштариён амалӣ мегардад.
Дар тавозуни муассисаи мазкур барои ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ 2 адад автомашинаи партовкаши тамғаи ГАЗ-53 хизмат мерасонанд, ки барои фаъолияти самараноки корхона ғайриимкон мебошад. Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба муассиса 2 адад автомашинаи тамғаи ГАЗ-53 барои кашонидани партовҳо, 2 адад атомашина барои кашидани ахлот, 100 адад қуттиҳои партовҷамкунӣ, 1 адад автомашинаи обпошӣ ва 1 адад трактори барфрӯбӣ дар фасли зимистон лозим мебошад.
Бо мақсади рушди соҳаи обтаъминкунӣ ва санитария қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010, №321 "Оид ба Консепсияи рушди соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025" қабул гардидааст, ки дар доираи он барои барқарорсозӣ ва рушди системаҳои обтаъминкунии 12 ҷамоати деҳот ва 2 шаҳраки ноҳияи Рашт 154,3 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумхуриявӣ ва сармояи хоричӣ ба нақша гирифта шудааст.
9.2. Барқтаъминкунӣ. Дар шабакаҳои барқии ноҳияи Рашт 2 адад истгоҳи фаръии 110/35/10 кВ бо насби 2 трансформатори 110 кВт (тавоноии умумиаш 32 МВт), 1 адад истгоҳи фаръии 110/10 кВ (бо тавоноии 6,3 МВт) фаъолият дорад.
Аз сабаби набудани хатти интиқоли гази табиӣ, аҳолии ноҳия аз қувваи барқ зиёд истифода мебаранд, ки боиси дар фасли зимистон тезтез аз кор баромадани трансформаторҳо, хаттҳои барқӣ ва шабакаҳои тақсимотӣ мегардад. Таъмини барқ мушкилоти аввалиндараҷа ва самти афзалиятнок барои ноҳия мебошад.
Захираи обии ноҳия имконият медиҳад, ки дар ҳудуди он нерӯгоҳҳои барқии обӣ бо иқтидори 100 то 500 КВт барои таъмини аҳолии ноҳия қисман бо қувваи барқ бунёд карда шавад (20-25фоиз).
Дар иртибот ба иҷрои Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 дар ҳудуди ноҳия 23 адад нерӯгоҳҳои хурд ба нақша гирифта шудааст.
9.3. Нақлиёт ва хоҷагии роҳ. Дар ноҳия муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рашт ва минтакаи Ҳоит фаъолият доранд, ки дар тавозуни ин муассисаҳо 33 адад техника ва таҷҳизоти роҳдорӣ мавҷуд буда, аз онҳо 26 адад коршоям мебошанд. Дар тавозуни муассисаҳо 303,8 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум қарор доранд, ки аз он 158,1 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Роҳи ҷумҳуриявии Сари пул-Навобод дар ҳолати ногувор қарор дошта, солҳои тӯлонӣ дар он таъмири асосӣ гузаронида нашудааст. Аз сабаби солҳои тулонӣ истифода ва таъмир нашудан, роҳҳои маҳаллӣ дар ҳолати бад қарор доранд ва барои таъмиру барқарорсозӣ онҳо маблағи зиёд лозим аст.

Дар ноҳия 86,3 км роҳҳои автомобилгард (Сари пул-Ҳиҷборак 23 км, Бини Сӯфиён-Камароб 16 км, Навобод-Хилмонӣ 11 км, деҳаи Амирбек 0,7 км, Шулонак 1 км, Ниёзбегиён 2,5 км, ш. Ғарм-Бедак 2 км, Шаҳринав 2,5 км, Нимич 2 км, Чафр 1 км, Чашмаи Кизӣ 1 км, Машконак 1,1 км, Казнок-Вардуч 2 км, Кулло 1,5 км) ва 8 пул (Сӯфиён-Камароб, Сари пул-Ҳиҷборак, Навобод-Дуоба) дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Барои таъмири асосӣ ва барқарорсозии роҳу пулҳо тақрибан 3,5 миллион сомонӣ лозим аст.
Барои нигоҳдорӣ ва дар ҳолати техникии муносиб нигоҳ доштани роҳҳои ноҳия ба дарназардошти тавварум тӯли солҳои 2011-2015 тақрибан 13,9 млн. сомонӣ маблағ зарур аст. Мушкилиҳои соҳа:
корношоям гардидани қубурҳои обгузар ва пулҳои Камароб, Руноб, Ҳиҷборак, Дуоба, Ялдамич, Хилмонӣ;
фарсуда шудани болопӯши роҳҳои маҳаллии нохия ба масофаи зиёда аз 80 км;
барқарорсозии аломатҳо ва сутунҳои аломатҳои роҳ ба миқдори 120 адад;
фарсуда будани механизмҳои роҳдории Муассисаи давлатин нигоҳдории роҳҳои автомобилгард.
Алоқа. Дар ноҳия 3 адад истгоҳҳои телефонии марказӣ, 6 адад истгоҳҳои телефонии деҳотӣ ва 1 нуқтаи радио фаъолият карда истодаанд. Дар шаҳраки Ғарм аз ҷониби ҶСК "Тоҷиктелеком" истгоҳи рақамии ширкати Порстели Ҷумҳурии Эрон бунёд гардидааст, ки ғунҷоиши он 1504 адад, аз ҷумла ғунҷоиши истифодашудааш 872 адад муштариро дар бар мегирад.
Дар ҳудуди ноҳия алоқаҳои мобилии ширкатҳои "Тсе11". "ВавилонМ", "ТК-мобаил" ва "МЛТ" фаъолият доранд.
Тамоми барномаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ (шабакаи якум, телевизиони Сафина, телевизиони Баҳористон ва телевизиони Ҷахоннамо) дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия фарогир аст.
10. Низоми мониторинг ва арзёбӣ
Яке аз унсурҳои муҳими системаи идоракунии татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Рашт низоми мониторинг ва арзёбӣ (минбаъд-НМваА) мебошад. Он барои мушоҳидаи ҷараёни корҳо ва таҳлили натиҷаҳои бадастомадаи Барнома, ошкор намудани таҷрибаи мусбии андӯхта ва проблемаҳои мавҷуда дар татбиқи он истифода бурда мешавад. НМваА имкон медиҳад, ки робитаи мутақобила ва доимӣ дар сиёсати қабулнамуда ва натиҷаҳои татбиқи амалии он таъмин карда шавад.
Гурӯҳи МваА бо қарори раиси ноҳия таъсис дода мешавад, ки аз 5-7 аъзо иборат аст (мутахассисони соҳавӣ, кормандони маъмурият). Гурӯҳи МваА-ро яке аз муовинони раис сарварӣ менамояд.
Бо қарори мазкур, масъул барои гузаронидани МваА-и Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия Шӯъбаи (раёсат, бахш) иқтисоди ноҳия дар шахси сардори он таъйин карда мешавад.
Раиси ноҳия фармоиши махсус мебарорад, ки нусхаи ҳисоботи семоҳаи ҳамаи лоиҳаҳои дар Барнома дохилшуда барои ҳисобот ба Шӯъбаи рушди иқтисоди ноҳия пешниҳод мешаванд.
10.1. Сохтори НМваА
Барои гузаронидани мониторингӣ Барномаи рушди ноҳия мушоҳидаи омилҳои зерин зарур аст:
то кадом андоза ба ҳадафҳои Барнома мувофиқ мешавем (замимаи 1);
лоиҳахо дар доираи Барнома чӣ гуна мавриди амал қарор доранд.
Ба ифодаи дигар, бояд мониторинги натиҷаҳои нақша (дар ин ҷо сухан дар бораи натиҷаҳои Барнома дар маҷмӯъ меравад, на ин ки натиҷаҳои лоиҳаҳои ҷудогонаи он) ва мониторинги ҷараёни лоиҳаҳо гузаронида шавад. Мутаносибан низоми мониторинг бояд ду унсурро дар бар гирад:
Мониторинги натиҷаҳои Барнома ба воситаи ченкунии аҳамияти индикаторҳои анҷом дода мешавад. Мутаносибан муваффақшавии ҳадафҳои Барномаро бо ҳамон мулоҳиза кардан мумкин аст, ки дар кадом андоза мақсадҳои нишондиҳандаҳо ба даст омадаанд. Ҳамаи нишондодҳои пешниҳодгардида дар хазинаи маълумотҳои Раёсати омори ноҳия мавҷуданд. Мониторинги натиҷаҳо ҳар сол гузаронида мешавад.
Мониторинги иҷрои лоиҳаҳо дар доираи Барнома тариқи назорати ҷойгоҳи лоиҳа ва мувофиқат намудани он бо нақша гузаронида мешавад. Ин ҷо ҷадвали электронӣ дар формати Ехсеll таҳия мешавад, ки бояд ҳар семоҳа тасҳеҳ карда шавад - ба таври синхронӣ ва бо ҳисоботнокии лоиҳаҳо.
Азбаски сатҳи татбиқи лоиҳаҳои дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия шомилбуда гуногун аст, он дар таҳияи низоми мониторинг ба назар гирифта шудааст. Лоиҳаҳои Барнома аз рӯи 5 ҷой муаррифӣ карда мешаванд. Аввалан лоиҳақое, ки дар марҳилаи тарҳрезӣ қарор доранд ва ба Нақшаи чорабиниҳои Барнома дохил карда шудаанд. Дуввум лоиҳаҳое, ки пурра таҳия шуда, вале аз дарёфт нашудани маблағ ё дигар сабабҳо оғоз нагардидаанд. Ҳамзамон лоиҳаҳое, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд ва лоиҳаҳое, ки аллакай иҷро шудаанд. Шахсе, ки ҷадвали мониторингро пур мекунад, бояд рақамҳои 1 то 5-ро вобаста ба ҷойгоҳи воқеии лоиҳа гузорад.
Мониторинги иҷрои лоиҳаҳо асосан лоиҳаҳоро ба чор гурӯҳ чудо мекунад: "ҳамааш хуб", "номувофиқатӣ дорад", "номувофиқатии ҷиддӣ дорад", "лоиҳа амалӣ нашудааст".
Тартиби пур кардани ҷадвали мониторинги лоиҳаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт
Ҷадвали №1
+------------------------------+-------------------------------------ҷ
|Ҷойгоҳи лоиҳа |Иҷрои лоиҳа |
|(рақам аз 1 то 5) |нишонгузории ҳарфӣ-рангӣ: |
| |а-сабз, б-кабуд, в-сурх, |
| |г-хокистарранг |
+------------------------------+-------------------------------------+
| 1. Таҳия нашудааст |(а) Ба нақша мувофиқ аст ё тамоюли |
| 2. Дар таҳия |назарнорас ба нақша |
| 3. Таҳия шудааст |(б) Тамоюли назаррас ба нақша |
| 4. Мавриди амал қарор |(в) Тамоюли қатъй ба нақша |
| дорад |(г) Лоиҳа амалӣ нашудааст |
| 5. Амалӣ шудааст | |
+------------------------------+-------------------------------------+
Дар охири ҳар сол, ҳангоми зарурият, арзёбии чораҳои андешидашуда ва лоиҳаҳо дар яке аз соҳаҳои Барнома бо дарназардошти захираҳои мавҷуда ва талаботи иттилоотӣ гузаронида мешавад. Арзёбии таъсиррасонӣ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ва мустақил (экспертҳо), ки ҳолати бахши мазкурро хуб медонанд, гузаронида мешавад.
Ниг.ба Замима