Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 аз 3 декабри соли 2011 № 599

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" декабри соли 2011 № 599

тасдиқ карда шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" декабри соли 2011 № 599

тасдиқ карда шудааст

Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020

ПЕШГУФТОР

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

"Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридот ивазкунанда равона гардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад.

Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода гардидани захираҳои бойи табиии он ва вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад.

Ин раванд ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ва сиёсати танзимкунониро тақозо дорад, зеро имрӯз қонунгузории амалкунандаи мамлакат дар ин самт ба талаботи муосир пурра ҷавобгӯ намебошад ва бояд бо дарназардошти таҷрибаи пешрафта ва ҳимояи манфиатҳои кишвар дар соҳаи истифодабарии қаъри замин такмил дода шавад.

Ислоҳоти мазкур бояд барои ташаккули низоми нави идоракунии соҳа, ки дар он салоҳият ва вазифаҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор муайян гардидаанд, шаффофу устувор сурат гирифтани муносибати байни давлат ва истифодабарандагони қаъри замин, инчунин соддагардонии дастрасӣ ба захираҳои табиӣ заминаи мустаҳкам гузорад.

Ҳамзамон бо ин, ҷалби боз ҳам бештари сармоягузорӣ тавассути ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, воридоти техника ва технологияҳои муосир ва зина ба зина афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, алалхусус, дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, инчунин ҷиҳати тараққӣ додани соҳаҳои саноати металлургияи ранга, химия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ зарур мебошад.

Аз ин рӯ, ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат дар заминаи истифодаи захираҳои маъдани маҳаллӣ ба Саридораи геология супориш дода мешавад, ки барномаи нави давлатиро оид ба корҳои ҷустуҷӯиву иктишофи сарватҳои зеризаминӣ таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд".

Дар асоси супориши мазкур Саридораи геология таҳлил ва арзёбии ҳолати заминаи ашёи минералии ҷумҳурӣ ва вазъи имрӯзаи соҳаро бо дарназардошти рафти иҷрои "Барномаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон дар солҳои 2007-2015", "Барномаи рушди соҳаи заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015" ва "Барномаи иктишофи геологӣ, истихроҷ ва коркарди уран дар солҳои 2009-2020" гузаронида, Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2012-2020 таҳия намудааст.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2011 года,

№ 599

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 декабря 2011 года,

№ 599

Государственная программа развития геологической отрасли Республики Таджикистан на 2012-2020 годы

Введение

В Послании Президента Республики Таджикистан - уважаемого Эмомали Рахмон в Маджлиси Оли "Об основных направлениях внутренней и внешней политики Республики Таджикистан" приводится:

"Структурное преобразование промышленности должно основываться на основе связи науки с производством, применения неэнергоемких технологий, организации производства, направленной на замену импорта на экспорт. Для осуществления этого должно быть поставлено наиболее полное использование богатых ресурсов местного сырья.

Дальнейшее развитие экономики Таджикистана в большей степени зависит от эффективного использования богатых природных ресурсов и развития промышленного производства.

Этот процесс требует серьезного преобразования законодательства и политики регулирования, поскольку сегодня действующее законодательство страны в этом направлении не в полной мере отвечает требованиям нынешнего времени и должно усовершенствоваться с учетом передового опыта и защиты интересов страны в области использования недр.

Данные преобразования необходимы для создания нового порядка управления отраслью, в котором компетенция и задачи всех заинтересованных сторон определены прозрачному и устойчивому отношению между государством и пользователями недр, а так же поставить устойчивую основу упрощению доступа к природным ресурсам.

Одновременно с этим необходимо привлечение всё больших инвестиций посредством отечественных и иностранных компаний, импорт новой техники и технологии и постепенное увеличение производства конечной продукции, особенно на основе переработки сельскохозяйственной продукции, драгоценных камней и металлов, а так же развития промышленности цветной металлургии, химии и производства строительных материалов.

Поэтому, для развития отраслей промышленности на основе использования местных минеральных ресурсов, Главному управлению геологии поручается разработать и представить Правительству новую государственную программу поисков и разведки полезных ископаемых".

...