Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2011, № 598
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2011, № 598
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013
Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013 (минбаъд-Барнома) дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 апрели соли 2011, Нақшаи миллии татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 № 391 тасдиқ шудааст, Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015, ки бо қарори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 501 тасдиқ шудааст, Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011 № 277 тасдиқ шудааст ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007 № 704 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Барнома хусусияти иҷтимоӣ дошта, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои баъди бӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ нақши муҳим дорад ва амалӣ гаштани он дар дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, татбиқи босамари Барномаи мазкур барои коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар заминаи асосӣ мебошад.
Барнома чорабиниҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, амалисозии чорабиниҳои мутобиқнамоии захираҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнат, мусоидат ба худиштиғоли шаҳрвандон, таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва дастгирии шахсони бозори меҳнат осебпазирро дар бар мегирад.
Барнома бо замимаҳо дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ таҳия гардида, аз рӯи ҷамъбасти барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолии маҳаллӣ, ки аз ҷониби маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тасдиқ гардидаанд, омода карда шудааст.
1. Вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ
1) Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол аз рӯи баҳои пешакӣ дар моҳи июни соли 2011 2152,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 2098,1 ҳазор нафар (97,5 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 54,4 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ гирифтаанд, ки 2,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2010 шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол 19,7 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Шумораи аҳолии машғули кор бошад, аз 2073,0 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2010 то 2087,3 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2011 афзудааст, ки сатҳи афзоиш дар давраи баррасишаванда 0,7 фоизро ташкил медиҳад.
2) Аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар корхонаҳои ҳамаи шакли моликият дар моҳи июни соли 2011 1034,3 ҳазор нафар ё 49,3 фоизи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод. Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2011 нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 0,3 фоиз ва нисбат ба моҳи майи соли2011 0,5 фоиз зиёд шудааст.
3) Дар бахши воқеии иқтисоди кишвар шумораи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2011 нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 1,2 фоиз кам шуда, 621,8 ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ бошад, шумораи кормандони кироя дар баррасишаванда 2,8 фоиз афзуда, 412,5 ҳазор нафарро ташкил дод. Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли 2011 60,1 фоизи кироякорон дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ ва 39,9 фоиз дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ ба қайд гирифта шуданд.
...