Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2011, № 550
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2011, № 550
тасдиқ шудааст
Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015
1. Муқаддима
1) Яке аз ҳадафҳои асосии Консепсияи сиёсати давлатии иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию компютерӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад. Истифодаи усулҳои пешқадами идоракунӣ, махсусан технологияҳои иттилоотию компютерӣ барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ робитаи дуҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ ва хизматрасонии ҳуҷҷатию иттилоотӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯй мусоидат мекунад.
2) Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии хокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015 (минбаъд Барнома) мақсад ва вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ татбиқ менамояд.
3) Барнома барои тақвият додани заминаи моддию техникӣ ва иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мутобиқсозии фаъолияти онҳо ба талаботи замони муосир мусоидат мекунад.
2. Таҳлили заминаи иттилоотию компютерии мақомоти давлатӣ ва малакаи компютерии хизматчиёни давлатӣ
4) Тоҷикистон дар даҳсолаи охир дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Аммо бо вуҷуди ин барои иттилоотонии идоракунии давлатӣ ва бартараф намудани нобаробарии иттилоотӣ дар Тоҷикистон корҳои муайянеро анҷом додан зарур аст.
5) Яке аз самтҳое, ки мукаммалсозии ҳатмиро талаб менамояд, ба хуҷҷатгузории электронӣ ва мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо гузаштани мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои расидан ба ин мақсад заминаи имрӯзаи компютерию иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мукаммал нест.
6) Айни замон таъминоти воқеии хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ бо компютерҳо 55,1 фоиз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 42,3 фоиз, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот - 18,6 фоиз мебошад. Дар мақомоти давлатӣ як принтер мутаносибан ба 1,3; 1,2 ва 1,1 компютер рост меояд. Ба ҳисоби миёна як компютер ба 2 хизматчии давлатии мақомоти марказӣ, 3 хизматчии давлатии мақомоти маҳаллӣ ва 8 хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот рост меояд.
7) Дар баробари ин шумораи муайяни компютерҳое, ки зиёда аз 10 сол дар мақомоти давлатӣ мавриди истифода мебошанд, кӯҳна шуда, барномаҳои дар онҳо васлшуда имрӯз истифода намешаванд ва барои васли барномаҳои компютерии ҳозиразамон мувофиқ намебошанд. Дар мақомоти марказӣ аз шумораи умумии компютерҳо 14,7 фоиз, дар мақомоти маҳаллӣ 12,8 фоиз, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 19,6 фоиз компютерҳо корношоям мебошанд.
...