Оинномаи интизомии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 № 507

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 7 октябри соли 2011, № 507

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 7 октябри соли 2011, № 507

тасдиқ шудааст

Оинномаи интизомии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оинномаи интизомии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Оиннома) моҳияти интизомро дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, намудҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазоҳои интизомӣ, ҳуқуқҳои сардорон ҷиҳати татбиқи онҳо, инчунин тартиби шикоят карданро нисбати онҳо муайян месозад.

1. Муқаррароти умумӣ

1) Интизоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ" ва дигар қонунҳо. Низомномаи тартиби адои хизмати ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст ва Оинномаи мазкур асос меёбад.

2) Интизоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз риояи қатъӣ ва аниқи тартибу қоидаҳое, ки мақомоти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, инчунин аз риояи савганд, оинномаҳо, дастурҳо, қарордодҳо ва фармонҳои сардорони бевосита иборат мебошад.

3) Интизом дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба шуурнокии баланд, боварии қатъӣ ва дарки амиқи қарзи хизматию масъулияти ҳар як корманди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда асос меёбад, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ оид ба ислоҳи маҳкумшудагон, мусоидат дар мутобиқшавии онҳо ба ҷамъият, барқаpop шудани мақоми онҳо дар ҷомеа равона карда шудааст.

4) ӯ сули асосии муваффақ гардидан ба интизомнокии баланди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ боваркунонӣ мебошад. Вале боваркунонӣ истифодаи чораҳои маҷбурсозиро нисбат ба шахсоне, ки дар иҷрои қарзи хизматии худ муносибати бевиҷдонона доранд, истисно намекунад.

5) Интизом дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаро ӯҳдадор месозад:

- ба савганди худ вафодор бошанд, ба таври қатъӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии

ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, риоя намоянд;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 7 октября 2011 года

№507

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 7 октября 2011 года

№507

Дисциплинарный устав системы исполнения уголовного наказания Республики Таджикистан

Дисциплинарный устав системы исполнения уголовного наказания Республики Таджикистан (далее - Устав) определяет сущность дисциплины в системе исполнения уголовного наказания, виды поощрений и дисциплинарных взысканий, права начальников по их применению, а также порядок их обжалования.

1. Общие положения

1) Дисциплина рядового и начальствующего состава системы исполнения уголовного наказания основывается на Конституции Республики Таджикистан, Законе Республики Таджикистан "О системе исполнения уголовного наказания", других законах, Положении о прохождении службы рядовым и начальствующим составом системы исполнения уголовного наказания и других нормативных правовых актах Республики Таджикистан, международных правовых актах признанных Таджикистаном и настоящем Уставе.

2) Дисциплина лиц рядового и начальствующего состава системы исполнения уголовного наказания - есть строгое и точное соблюдение порядка и правил, установленных законодательством Республики Таджикистан, а также присяги, уставов, наставлений, контрактов и приказов прямых начальников.

3) Дисциплина в системе исполнения уголовного наказания основывается на высокой сознательности, убежденности и глубоком понимании каждым лицом рядового и начальствующего состава своего служебного долга, предназначенных для осуществления государственных задач по исправлению осужденных, содействия в их адаптации к обществу, достижения их социальной реабилитации.

4) Основным методом достижения у лиц рядового и начальствующего состава системы исполнения уголовного наказания высокой дисциплинированности является убеждение. Однако убеждение не исключает применения мер принуждения к тем, кто недобросовестно относится к выполнению своего служебного долга.

5) Дисциплина в системе исполнения уголовного наказания обязывает лиц рядового и начальствующего состава:

- быть верным своей присяге и строго соблюдать Конституцию Республики Таджикистан, законы и другие нормативные правовые акты Республики Таджикистан, а также международные правовые акты, признанные Таджикистаном;

...