Низомномаи Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ аз 4 октябри соли 2011, № 487

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2011, № 487

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2011, № 487

тасдиқ шудааст

Низомномаи Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 № 504)

1. Муқаррароти умумӣ

1) Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ (минбаъд Фонд) тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" ва бо мақсади самаранок гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, ҷуброни зарар дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот, ки барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок мебошанд, таъсис дода шудааст.

2) Фонд дар назди Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амал мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 № 504).

3) Фонди мазкур аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатӣ барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ пешбинигардида, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, сарчашмаҳои худӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, ташаккул меёбад.

4) Назорати истифодаи мақсадноки Фонд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҳангоми зарурат ва бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои ниҳоят хавфнок, ки барои ҳайвонот ва одам умумӣ мебошанд, бояд пешниҳоду дастурҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 № 504).

5) Ташхис ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои пешгирикунанда, ки ба гурӯҳи номгӯи бемориҳои дар замимаи Низомномаи мазкур нишондодашуда дохил намешаванд, аз тарафи сохторҳои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон музднок анҷом дода шуда, маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада ба суратҳисоби маркази хазинадорӣ таҳвил дода мешаванд ва истифодаи минбаъдаи онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2025 № 504).

6) Банди 5 Низомномаи мазкур бо дарназардошти сатҳи даромаднокии ҳар як хоҷагӣ, новобаста аз шакли моликияташ ва сатҳи

зиндагии шаҳрвандон амалӣ гардида, дараҷаи камбизоатии мардум ба асос гирифта мешавад.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 октября 2011 года,

№487

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 октября 2011 года,

№487

Положение о Фонде противоэпизоотических мероприятий

(в редакции Пост. Правительства РТ от 27.09.2025 №504)

1. Общие положения

1) Фонд противоэпизоотических мероприятий (далее - Фонд) создан согласно статьи 3 Закона Республики Таджикистан "О ветеринарии" и с целью плодотворного проведения противоэпизоотических мероприятий, компенсации ущерба в результате изъятия и уничтожения животных и продукции животных, которые являются опасными для здоровья животных и человека.

2) Фонд организован при Комитете продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан и осуществляется согласно законодательству Республики Таджикистан и настоящим Положением (в редакции Пост. Правительства РТ от 27.09.2025 №504).

3) Настоящий Фонд образуется за счёт средств, предусмотренных в Государственном бюджете для противоэпизоотических мероприятий, привлечения грантов международных организаций, собственных источников и других источников финансирования, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан.

4) Контроль за целевым использованием Фонда согласно законодательству Республики Таджикистан осуществляется Комитетом продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан. При необходимости и с целью предотвращения возникновения и распространения особо опасных общих для животных и человека болезней, необходимо учитывать предложения и рекомендации Службы государственного санитарно-эпидемиологического надзора Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан (в редакции Пост. Правительства РТ от 27.09.2025 №504).

5) Диагностика и проведение всяких профилактических мероприятий, которые не относятся к группе перечня заболеваний, указанных в приложении к настоящему Положению, осуществляются структурами Комитету продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан на платной основе и полученные денежные средства поступают в расчётный счёт центрального казначейства и в дальнейшем используются в порядке, определенном законодательством Республики Таджикистан (в редакции Пост. Правительства РТ от 27.09.2025 №504).

6) Пункт 5 настоящего Положения осуществляется с учётом уровня дохода каждого хозяйства, независимо от форм собственности и состояния жизни граждан, а за основу берётся уровень бедности населения.

...