Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 аз 30 августи соли 2011 № 425

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи соли 2011 № 425

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи соли 2011 № 425

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

Шиносномаи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016

1. Муқаррароти умумӣ

Асоси меъёрии ҳуқуқии таҳияи Барнома Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш", Консепсияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 6 Нақшаи чорабиниҳои оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 баён гардиданд, мебошад.

Ҳамоҳангсози дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошанд.

Дар асоси Барномаи рушди футбол барномаҳои минтақавии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ тартиб дода мешавад. Назорати иҷрои он ба зиммаи сохторҳои Кумита ва Федератсия дар маҳалҳо гузошта мешавад.

Ҳуҷҷатҳои ҳисоботии ба амал татбиқ намудани Барнома, ҳисоботи оморӣ ва таҳлили онҳо, ки дар мӯҳлати муайяншуда аз тарафи сохторҳои маҳаллии Кумита ва Федератсия пешниҳод карда мешавад, ба ҳисоб меравад.

2. Зарурати қабули Барнома

1) Футбол дар ҳаёти инсон омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо бозингарони футбол, балки халққову давлатхо маҳсуб меёбад.

Илова бар ин, футбол барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат мекунад. Футбол яке аз намудҳои варзиши машҳур ва шавқовари ҷаҳони муосири имрӯза мебошад, ки дар гирду атрофи худ мухлиси бисёреро ҷалб кардааст.

...

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "30" августа 2011 года,

№425

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "30" августа 2011 года,

№425

Программа развития футбола в Республике Таджикистан на 2012-2016 годы

Паспорт Программы развития футбола в Республике Таджикистан на 2012-2016 годы

1. Общие положения

Нормативной правовой основой разработки Программы является Закон Республики Таджикистан "О физической культуре и спорту". Концепция развития физической культуры и спорта в Республике Таджикистан и пункт 6 Плана мероприятий по выполнению указаний распоряжений Президента Республики Таджикистан, уважаемого Э.Рахмона, изложенных 20 декабря 2010 года на встрече со спортсменами страны.

Комитет по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан и Федерация футбола Таджикистана являются координатором реализации настоящей Программы.

На основе Программы развития футбола разрабатываются региональные программы областей, городов и районов республиканского подчинения. Контроль за их выполнением осуществляют структуры Комитета и Федерации на местах.

Отчетными формами документации по реализации Программы являются статистические отчеты и анализ, представляемые в определенный срок со стороны структуры Комитета и Федерации на местах.

2. Необходимость принятия Программы

1) Футбол в жизни человека является фактором укрепления дружбы и сотрудничества не только футболистов, но и народов и государств.

...