ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 614; с. 2014, №11, мод. 669)
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1160, аз 18.07.2017 № 1449, аз 08.06.2022 № 1879, аз 08.06.2022 № 1880, аз 13.11.2024 № 2099)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
- муҳити зист - муҳити зисти инсон, маҷмӯи ҷузъиёти муҳити табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, инчунин объектҳои антропогенӣ;
- объекти антропогенӣ - объекте, ки инсон барои таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии худ сохтааст ва он дорои хусусиятҳои объектҳои табиӣ намебошад;
- гуногунии биологӣ - шаклҳои гуногуни организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла экосистемаҳои заминӣ ва обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо мебошанд; мафҳуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо дар бар мегирад;
- муҳити зисти мусоид - муҳити зисте, ки сифати он фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогениро таъмин менамояд;
- зарар ба муҳити зист - тағйирёбии номатлуби ҳолати муҳити зист дар натиҷаи ифлосшавии он, ки ба таназзули системаҳои экологӣ ва коҳишёбии захираҳои табиӣ сабаб мегардад ;
- парки дендрологии давлатӣ - гурӯҳи растаниҳое, ки арзиши илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, намудҳои табиии набототи боғу гулгаштҳо (паркҳо);
...